09 Apr 2026
Submitted by Admin
34

Дар робита ба даҳаи илм имрӯз дар шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат-шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” (солҳои 2025-2034), эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027конфронси илмӣ баргузор шуд, ки аз тарафи ходимони илмии шуъба ва магистрони он 12 гузориши илмӣ иро гардид, ки ҳама аз нигоҳи мавзуъ нав ва баррасиву таҳлилҳои ҷиддӣ доштанд. Дар конфронс гузоришҳои зер ироа шуданд:

1. Юсуфов Умриддин Абдукофиевич-н.и.ф., мудири шуъбаи таърихи адабиёт: Мавзуъ: «Ҳунари шоирии Фирдавсӣ»

2. Муҳаммадиев Шамсиддин – н.и.ф., ходими пешбари илмӣ: Мавзуъ: «Нахустин қасидаи комили форсии тоҷикӣ»

3. Муҳаммадӣ Музаффар Мунавварзод – н.и.ф., ходими пешбари илмӣ: Мавзуъ: «Ҷаҳоншиносии Фирдавсӣ»

4. Анзурати Маликзод – н.и.ф., ходими пешбари илмӣ: Мавзуъ: «Назари Устод Айнӣ ба " Ёддоштҳо" (дар асоси мактубҳо)»

5. Гулбаҳор Усмонова – ходими илмӣ: Мавзуъ: «Санъати ташбеҳ дар ғазалиёти Кироми Бухороӣ»

6. Давлатова Холида Муллошоевна– н.и.ф., ходими калони илмӣ: Мавзуъ: «Макнуна-дурре макнун дар баҳри адабиёти тоҷику форс»

7. Иззатзода Зулайхо – н.и.ф., ходими калони илмӣ: Мавзуъ: «Вижагиҳои сохторӣ ва муҳтавоии васиятно-маҳои шоҳони Сосонӣ дар «Шоҳнома»»

8. Шокирзода Шодӣ: – н.и.ф., ходими илмӣ: Мавзуъ: «Пешвои миллат-қадршиносӣ чеҳраҳои илмиву адабӣ»

9. Акбарзод Мубашир – ходими калони илмӣ: «Иҳом дар шеъри Ҳофиз»

10 . Нуралиева Бибинисо – док.Phd Институт: Мавзуъ: «Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Соиби Табрезӣ»

11. Ҳошимӣ Фарзона– док.Phd: Мавзуъ: «Зиндагинома ва мероси адабии Бадеъ»

12. Сулаймонова Ҷавоҳира– док.Phd: Мавзуъ: «Унсурҳои ғиноӣ дар достонҳои «Шоҳнома».

Пас аз гузоришҳо ба гузоришгарон саволҳо дода шуд ва посухҳои муносиб шунида шуд.

Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки:

1) Мақолаҳои имрӯза вобаста ба Рӯзи илм дар шакли китоб ба чоп тавсия карда шаванд;

2) Рӯзи 15 апрел Солонаи Айнӣ баргузор карда шавад ва ҳар сол пайваста дар бораи хадамоти устод Айнӣ дар ин рӯз бо ҷалби ҳамаи мутахассисони адабиёт, хусусан айнишиносон ҳамоишҳои илмӣ баргузор карда шаванд.

3) Азбаски ҳоло мутахассисони ҷавон дар навиштани мақолаҳои илмӣ душворӣ мекашанд, китоби Маҳмуд Футӯҳии Рӯдмаъҷанӣ “Оини нигориши мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ”-ро, ки Умриддин Юсуфӣ баргардон намуда, соли 2016 чоп карда буд, барои бознашр пешниҳод карда шавад, зеро дар он равишҳои муосир, хусусан равиши таълифоти мақолаҳо аз рӯи меъёри скопс мавҷуд аст.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО