05 May 2026
Submitted by Admin
1

Идомаи конференсияи ҷумхуриявии илмию амалии таҳти унвони «Мирзо Турсунзода шоири миллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ» дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ бо иштироки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гардид. Чорабинӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти устод, инчунин ба баррасии нақши ӯ дар рушди адабиёт ва ҷомеаи тоҷик бахшида шуда буд.

Ҳамоиши мазкурро мудири шуъбаи адабиёти муосир н.и.ф. Беҳрӯз Забеҳулло ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ оид ба мақому манзалати устод Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёт ва сиёсати кишвар андешаҳои ҷолиб баён кард. Ӯ таъкид намуд, ки шахсияти Турсунзода ҳамчун рамзи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва инсонпарварӣ дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хоса дорад. Ба гуфтаи ӯ, тарғибу ташвиқи мероси адабии устод барои тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан насли ҷавон, аҳаммияти калидӣ дорад.

Дар идомаи кори конфронс, гузоришгари аввал н.и.п., ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи «Шинохти шахсияти Мирзо Турсунзода ва инъикоси ғояҳои ваҳдат дар ашъори ӯ» баромад намуда, ба мазмуну муҳтавои шеърҳои устод таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ қайд намуд, ки ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми инсон дар осори Турсунзода мақоми марказӣ доранд.

Сипас, шоири халқӣ, д.и.ф., сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ Аскар Ҳаким дар бораи таъсиргузории ашъори устод дар замони муосир сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз шеърҳои устод дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 60 ҳазор писанд ба даст овардааст, ки далели зинда будани мероси адабии ӯ дар фазои иттилоотии имрӯз мебошад.

Дар идома, бо истинод ба андешаҳои Афлотун, масъалаи мақоми шоир дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки шоири ҳақиқӣ дорои масъулияти баланд аст ва эҷодиёти устод Турсунзода низ ин масъулиятро равшан инъикос мекунад. Ҳамчунин, дар бораи аввалин шеърҳо, хусусиятҳои лирикӣ ва ғиноии осори устод андешаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.

Раҷабалӣ П., намояндаи Донишгоҳи давлатии Бохтар, дар мавзуи «Шеър ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода» сухаронӣ намуда, ӯро намояндаи насли дуюми шоирони тоҷик арзёбӣ кард. Ӯ махсусан таъкид дошт, ки устод дар эҷодиёти худ аз 11 баҳри арӯз истифода бурда, дар такомули шаклу мазмуни шеър саҳми арзанда гузоштааст.

Гузориши навбатиро Мавҷуда И., намояндаи Вазорати тандурустӣ, ироа намуда, дар мавзӯи «Консепсияи инсонпарварӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода» суханронӣ кард. Ӯ ба арзишҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ ва ғояҳои умумибашарии осори устод таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ходими пешбари шуъбаи адабиёти муосири адабиёти муосир, д.и.ф. Ҳошимова Х. доир ба китоби «Байроқи зафар» маълумоти муфассал пешниҳод намуда, нуктаҳои муҳими мазмунӣ ва таърихии онро шарҳ дод ва ҳамзамон намоиши китобро ташкил кард.

Дар идома, сарходми илмӣӣ Институт, н.и.ф. Сайфиддин Мирзоев дар мавриди истилоҳоти кишоварзӣ дар осори устод, аз ҷумла вожаи «нонреза», суханронӣ намуда, ба маъно ва заминаи истифодаи он равшанӣ андохт.

Ҳамчунин, н.и.ф. Маликзода Анзурат дар мавзӯи муносибатҳои адабӣ ва шахсии миёни Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода баромад намуда, порчае аз номаҳои онҳоро қироат кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин номаҳо бозгӯи эҳтироми амиқ ва робитаи самимии ду шахсияти бузурги адабиёти тоҷик мебошанд. Қайд гардид, ки устод Айнӣ дар охирин номаҳои худ низ ба Турсунзода муроҷиат мекарданд.

Дар қисмати адабии чорабинӣ, н.и.ф. Бурҳониддин Т. шеъри эҷодкардаи худро дар васфи устод Турсунзода қироат намуда, ба барномаи семинар ҳусни тоза бахшид.

Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ-амалӣ, мудири шуъбаи адабиёти муосир н.и.ф. Беҳрӯз Забеҳулло сухани ҷамъбастӣ намуда, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури адабӣ таъкид кард. Ӯ ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонон барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, барояшон дар корҳои илмӣ ва эҷодӣ комёбиҳои нав таманно кард.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО