06 Feb 2026
Submitted by Admin
23

Имрӯз (06.02.2026) дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ семинари илмӣ бо иштироки ходимони илмии Институт баргузор гардид. Дар семинар маърузаи ходими калони илмии шуъбаи таърихи забон ва забоншиносии муқоисавӣ Б. Бобохонов зери унвони "Таҳлили лингвофилологии матни манзум" шунида шуд. Забоншинос - Б.Бобоназар чанде аз вожаҳои ашъори Рӯдакиро, аз ҷумлаи "бофдум", "бишнав", "бӯй", "фаришта" ва пешванди "-бӣ" шарҳу тафсир карданд. Ҳамчунин дар семинари мазкур номвожаҳои "Рустам" ва "Бундаҳишн" низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар бахши музокира сарходими шуъбаи адабиёти муосир д.и.ф. Ш.Раҳмонов, ходими пешбари шуъбаи таърихи адабиёти н.и.ф. М. Муҳаммадӣ, ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёт М.Акбарзод ва адабиётшиноси афғонистонӣ Яъқуби Ясно андешаву мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО