20 May 2024
Submitted by Admin
166

Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд!
Имрӯз (20.05.2024) дар ноҳияи Дарвоз дар Осорхонаи адабӣ-ёдгории Муъмин Қаноат ҷашни 92-солагии устоди каломи бадеъ, Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат бо иштироки ходимони илмии осорхона, раиси ноҳия, кормандони дастгоҳ, сардорони идораву муассисаҳо ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тантана таҷлил карда шуд.
Дар ин маросим омӯзгорону хонандагон аз ашъори шоир порчаҳо қироат намуда, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро бо иҷрои таронаҳои дилошӯб аз ашъори Муъмин Қаноат шод карданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО