21 Aug 2024
Submitted by Admin
144

Имрӯз (21.08.2024) дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҳузури олимону шоирон ва аҳли фарҳанг маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Абай - асосгузори адабиёти навини қазоқ баргузор гардид. Маросимро Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифтитоҳ карда, сипас Аида Балаева - вазири фарҳанги Қазоқистон ва Матлубахон Сатторӣ - вазири фарҳанги Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон изҳори хушнудӣ карданд.

Иброҳим Кунанбойлӣ (1845-1904) маъруф ба “Абай”, шоир адиб, файласуф ва равшанфикрӣ муосири қазоқ буда, панду андарзҳои шеъргунаи вай роҳнамои пиру ҷавон ва рамзи ҳувияти миллии мардуми қазоқ мебошад. Абай бо осори шоирони бузурги форсу тоҷик, ҳамчун Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Низомӣ ва дигарон ошноии комил дошт ва ҳамин омил майли ӯро ба сурудани шеър бештар кардааст.

Абай ҳамеша аз фақирон ҳимоят мекард ва хоҳони баробарии ҳуқуқи зан дар ҷомеа буд. Асари маъруфи ӯ “Китоби алфоз” ном дорад. Абай дар маҷмуъ 170 қитъа шеър суруда ва 56 асари адабиро аз забонҳои дигар ба забони қазоқӣ тарҷума ва ба мерос гузоштааст.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО