Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
28 Sep 2023
Submitted by Admin
382

Имрӯз бахшида ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно ва озмуни ҷумҳуриявии "Маснавихонӣ" дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ чорабинии бошукуҳ бо иштироки адабиётшиносон ва мавлавипажуҳон оғоз гардид. Субҳ меҳмонон дар пояи муҷассамаи Мавлоно гул гузошта, аз осорхона ва намоишномаи гуруҳи ҳунармандон ва хонандагон дидан намуданд.

Сипас бо ибтикори Раёсати АМИТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзуи «Мавлоно ва фарҳанги ҷаҳон» баргузор гардид.

Конференсияро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, д.и.ф. Шарифзода Ф. Х. оғоз намуда, мувофиқи барнома суханронии ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, д. и. ф. – Низомӣ Муҳриддин дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Аттори Нишопурӣ”, маърузаи Алӣ Муҳаммадӣ мудири шуъбаи матншиносии Маркази мероси осори хаттӣ – “Шуҳрати ҷаҳонии “Маснавии маънавӣ” ва ашъори Нуралӣ Нурзод- устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд шунида шуд.

Дар бахши дувуми чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва таълими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ иштирокчиён ва ҳакамони озмуни "Маснавихонӣ"-ро бо тартиби баргузории озмун шинос карданд. Озмун дар 4 зина ва ду рӯз давом намуда, рӯзи 29-ум ба ғолибони озмун бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО