23 Jan 2025
Submitted by Admin
71

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ вохӯрии роҳбарияти Институт ва мудирони шуъбаҳои Институт, мутахассиси Раёсати равобити байналмилалии АМИТ Ф. Сафаров бо раиси навтаъини Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар шаҳри Душанбе доктор Ҳусайналии Раҳимӣ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат сухан аз боби ҳамкориҳои тарафайн дар таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, осори адабиёти гузаштаву муосир ва фолклор, таҳқиқоту пажуҳиш дар самти илмҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва фолклоршиносӣ, табодули давраҳои коромӯзӣ дар бахши таърихи забон, вожагузинӣ ва истилоҳот, инчунин таъсиси як маҷаллаи муштарак барои нашри таҳқиқоти илмӣ ва дастовардҳои илмию адабии ҳар ду кишвар ва форсизабонони кишварҳои дигар рафт.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО