Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
16 May 2024
Submitted by Admin
172

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории таҳияи матни «Шоҳнома» баргузор гардид. Ҷаласаро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ифтитоҳ карда, оид ба интихоби қаринаи ниҳоии миниатюраҳо ва ороиши муқоваи китоби «Шоҳнома» гузориш дод. Дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи корӣ Шарифзода Фарангис д.и.ф., Ҳасан Султон Баротзода- д.и.ф., Юсуфов У. д.и.ф., Муҳаммадиев Ш. н.и.ф., Беҳрӯзи З. н.и.ф., Каримова Ҳ. н.и.ф, Давалатова Х. н. и.ф., Мубашшир А., Латифӣ С., Исматова З. ва мутахассисони соҳа д.и.ф. Низомов Аслиддин, рассом Камолзода О. ва корманди нашрияи «ЭКО-Принт» Собиров Ф. иштирок карданд. Ҳайати гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа миниатюраҳоро аз рӯйи матни достонҳои «Шоҳнома» интихоб карда, сабаби гузиниши онҳоро бо шарҳи мухтасар асоснок намуданд. Аз ҷумла, барои муқоваи китоб 8 миниатюра ва бо истифода аз шерозаҳои миллӣ интихоб шуда, барои чоп пешниҳод гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО