16 Oct 2026
Submitted by Admin
41

Дар Анҷумани сеюми забоншиносон забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, иштирок доранд.

Анҷуман аз шаш бахш иборат буда, бахшҳои он мавзуъҳои «Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он», «Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ», «Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол», «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон»-ро фаро мегиранд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҷумлаи муқаддасоти миллӣ дохил шудааст.

Дар моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд.

Изҳор гардид, ки имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама далели тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ мебошад

Забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.

Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Он пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани сеюми забоншиносон то 18 октябр идома ёфта, дар доираи он саёҳати меҳмонон-иштирокдорон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО