13 Jun 2024
Submitted by Admin
254

Имрӯз дар толори Шурои олимони Институт нишасти илмӣ дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид. Маҷлисро директори Институт Шарифзода Фарангис оғоз карда, сипас мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот д. и.ф., узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Назарзода, мудири шуъбаи фолклор н.и.ф. Абдуламин Маҷнунов, докторанти доктор PhD Бозорова Нурафшон дар бораи масоили гуногуни илму маорифи кишвар, роҳи ҳалли мушкилоти ин соҳа сухан карданд. Тасмим гирифта шуд, ҳафтае як бор мизи мудаввар ва нишастҳои илмӣ дар атрофи мулоқоти Сарвари давлат, мушкилот дар соҳаи илми кишвар ва роҳи ҳалли онҳо баргузор шавад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО