22 Jan 2025
Submitted by Admin
97

Имрӯз дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ ҷаласаи ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ”-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Қурбонова Ширин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ иштирок доштанд. Ҷаласаро раиси ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ”, директори Институт, д.и.ф., профессор Шарифзода Ф.Х. ҳусни оғоз бахшид. Шарифзода Ф.Х. дар мавзуи “Ҳар имрӯзи ту аз фардо паём аст” суханронӣ намуда қайд карданд, ки ҳамаи масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гаштанд, сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Сипас, докторанти соли сеюми PhD Товуси Давлатбекзода бардоштҳои худро аз Паёми Президенти кишвар дар маърузааш таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илми тоҷик” пешкаши аҳли нишаст намуд.

Аз рӯйи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ” Қодирова Салтанат оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ворисони Рӯдакӣ” дар соли 2024 шунида шуд. Мудири шуъбаи адабиёти муосири Институт Беҳрӯзи Забеҳулло шеърҳои нави худро дар васфи Ватану занони озоди кишвар барои аҳли маҷлис қироат намуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ Қурбонова Ширин суханронӣ ва ҷаласаро ҷамъбаст намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО