18 Jan 2024
Submitted by Admin
74

Имрӯз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон дар толори Шӯрои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо ҳайати Гурӯҳи кории АМИТ барои таҳия ва нашри мукаммали “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ҷаласаи корӣ баргузор кард.

Дар ҷаласаи мазкур Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон бо раванди таҳияи матни мукаммали “Шоҳнома”-и Фирдвасӣ ошно шуда, дар заминаи таҳияву такмили босифати матни “Шоҳнома” тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас дод.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омодагии Раёсати Академияро ҷиҳати фароҳам сохтани шароиту имконоти лозим дар раванди таҳияи матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва мусоидат барои суръат бахшидан барои таҳияи ин шоҳасари миллӣ барои Гурӯҳи корӣ эълон намуд.

Дар ҷаласаи мазкур профессор Шарифзода Фарангис-директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Амит ба намояндагӣ аз Гурӯҳи корӣ дар масъалаи ҷараёни таҳияи матни мукаммали “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ гузориши мухтасар ироа намуд.

Дар поён тасмим гирифта шуд, ки Гурӯҳи корӣ бо диққати комил ва муқоисаи чаҳор нусхаи маъруфи “Шоҳнома” матни муътабари ин шоҳкори адабӣ ва ҳамосиро ба нашр омода кунанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО