16 Oct 2026
Submitted by Admin
38

ДУШАНБЕ, 16 октябр. Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони Тоҷикистон таҳти унвони “Забони мо – ҷаҳони мо” баргузор гардид. Ба кори анҷуман Раиси Кумитаи забони ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ҳусни оғоз бахшид.

Дар идома ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти таърихию фарҳангии забони тоҷикӣ, ҳифзи асолати он, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва нақши муассири он дар рушди ҷомеаи муосир ибрози андеша намуд.

Президенти Академияи миллли илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш қайд намуд, ки забони тоҷикӣ дар дарозои таърих ҳамин асолатро ҳифз карда, яке аз забонҳои бостонии тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Ин забони нобу пурфазилат роҳи пуршебу фарозро тай намуда, ҳамчун забони илму адаб, фарҳангу маърифат ва давлату давлатдорӣ мақоми шоиста касб кардааст.

Таъкид гардид, ки мероси гаронбаҳои халқи тоҷик аз давраи бостон то ба имрӯз бо ин забон таълиф шуда, ганҷинаи тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардонидааст. Бо саъйу кӯшиши бузургони илму адаб, аз ҷумла устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Садриддин Айнӣ ва дигарон забони поку холиси тоҷикӣ шуҳрати оламгир пайдо кардааст.

Қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ табдил ёфта, дар заминаи мероси бузурги гузашта рушд ва инкишоф меёбад. Бо талошҳои пайвастаи ин фарзонафарди миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, ба яке аз рамзҳои давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи забони тоҷикӣ, бо ибтикори Сарвари хирадманд нишонаи арҷгузори ба забони ноби тоҷикӣ буда, дар доираи он чорабиниҳои зиёди илмиву фарҳангӣ доир мешаванд, ки ҳар кадом аз шукӯҳу ҷалол ёфтани ин унсури ҳувиятсоз дарак медиҳад.

Дар заминаи чунин сиёсати созанда заминаҳои ҳуқуқию илмии забони давлатӣ таҳия шуда, таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ- форсӣ- дарӣ омӯзиши масъалаҳои мубрами забони адабии ҳозираи тоҷик ва дигар паҳлуҳои илмии забоншиносӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

Зикр гардид, ки ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа тағйир меёбад ва дигаргун мешавад. Рушди технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонӣ, ҳуши маснуӣ, густариши воситаҳои нави иртиботӣ ва ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ дар назди забоншиносон вазифаҳои нави илмӣ ва амалиро ба миён мегузоранд.

Дар ин марҳалаи таҳаввулоти илмӣ мо бояд ба рушди забони тоҷикӣ аҳамияти хос диҳем, пайкараи забони тоҷикиро бунёд созем, захираҳои электронии онро тақвият бахшем ва барои ворид намудани забони тоҷикӣ ба муҳити технологияҳои нав тадбирҳои илмиро амалӣ намоем.

Гуфта шуд, ки таҳияи пайкараи муосири забони тоҷикӣ, фарҳангномаҳои электронии илмӣ ва тафсирӣ, пойгоҳҳои истилоҳот, захираҳои рақамии матнӣ, барномаҳои коркарди худкори забон ва истифодаи имкониятҳои ҳуши маснуӣ дар пешрафти забоншиносии муосир нақши арзишманд мебозад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО