22 May 2025
Submitted by Admin
58

Дар Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ҷашни 93-солагии шоир бо иштироки раиси ноҳия Умедҷон Носирзода, муовини раис, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони идораву муассисаҳои маркази ноҳия дар сатҳи баланди фарҳангӣ мутантан ҷашн гирифта шуд. Пазироии хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,4,8,40,17 ва 45 аз иштирокдорон, қироати фасеҳи онон аз ашъори устод сухан ва гулафшониашон дар пояи муҷассама боиси таҳсин ва шукӯҳи ҷашн гардид. Ороиши зинапояҳо, роҳравҳо ва даҳлези осорхона бо ҳузури ҷавондухтарони либоси миллӣ дар тан ва гулдастаҳои рангоранг дар бар ба маҳфил ҳусни тоза зам намуда буд.Тамошои нигораҳои дохили бино шарҳи таърихи пайдоиш ва бозёфти ҳар яки он аз ҷониби яке аз бастагони шоир Ҳайдаршоҳи Акбар тавҷҷуҳи ҳозиринро бештар ҷалб намуд. Дар пояи муҷассама бо либоси миллии дарвозӣ ҳангоми гулгузорӣ дар қадами устоди шодравон истодани симои Модар-Нигинаи Раҳматуллозода аз арҷ гузоштани шоир ба Модар ва дар баробари ин ба Замин рамзе гардид боиси таҳсину офарин ва ҷилва додани нақши Модар дар саросари асарҳои шоир буд. Ин лаҳза, намойши чунин саҳна ҳамагонро сахт мутаассир намуд.Бо ин тарз сањнаофаринии хеле зебо, шинам қисмати аввали барнома ҳусни анҷом пазируфт.Қисмати дувуми барнома, ки бахши фарњангӣ буд, дар толори бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо паёми шодбошии раиси ноҳия ва суханронии пурмуҳтавои ӯ аз ҳаёту фаъолияти адабии шоир ҳусни ифтитоҳ ёфт. Сипас Ҳайдаршоҳи Акбар аз ҳикмати шоир дар эҷоди «мавҷ» дар достони «Мавҷҳои Днепр» суҳбати дилчасп доир намуд.Сурудхонии шогирди дабистони рақами 8 Ҷамшеди Муборак қироати «Мавҷҳои бародарӣ» аз Шарофати Шораҳмат –хонандаи муассисаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 17 ва пораи намоишномае аз достони «Ситораи Исмат», ки Каримҷони Саъдонзод иҷро намуд, дер боз аз хотири иштирокдорон зудуда нахоҳанд шуд.Қисмати савуми таҷлили ҷашни 93- солагии устоди зиндаёд Муъмин Қаноат сари як пиёла чой дар меҳмонии раиси ноҳия дар халқаи шефтагону алоқамандони каломи устод идома ёфт.Ҷараёни баргузории истиқболи ҷашни 93-солагии Лауреати Мукофоти давлатии ҷамоҳири шуравӣ дар соҳаи адабиёт Муъмин Қаноат тавассути сайти «Дарвоз» пурра дар торнамо аз ҷониби Рашид Қосимӣ пахш карда шуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО