19 Dec 2023
Submitted by Admin
372

Танида рӯҳи Ватан бар танат чу Фирдавсӣ,

Вазида боди хуш аз равзанат чу Фирдавсӣ.

Дамида руҳи ниёгон ба ҷон зи Шаҳнома,

Набуду нест ба ҷуз Меҳанат чу Фирдавсӣ.

Ҳазор сол касе ёди "Шоҳнома" накард,

Ҳадиси Рустами мардафганат чу Фирдавсӣ.

Ҳазор сол ба ёди касе набуд Ватан,

Накард ёд чунон гулшанат чу Фирдавсӣ.

Ҳазор сол касеро набуд шукӯҳи ниё,

Сухан нагуфт зи мову манат чу Фирдавсӣ.

Ҳазор сол касе инчунин накард баён,

Ҳадиси дӯст ва ё душманат чу Фирдавсӣ.

Дубора марди бузурге ба ҷилва омадааст,

Алайҳи душмани Оҳарманат чу Фирдавсӣ.

Дубора зинда кунад шоҳкори шоҳонро,

Ниҳад китобу қалам доманат чу Фирдавсӣ.

Касе дубора ба ёди ману ту меёрад,

Зи чоҳи бехабарон Бежанат чу Фирдавсӣ.

Ки асли хеш шиносию шавкати падарон,

Зи ёди хеш мабар маъманат чу Фирдавсӣ.

Дубора бар сари худ неҳ кулоҳи Кайковус,

Мабод доғ ба пероҳанат чу Фирдавсӣ.

Биё, барои Ватан ҷони худ дареғ мадор,

Фидои моми Ватан гарданат чу Фирдавсӣ.

Беҳрӯзи Забеҳулло - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО