09 Sep 2025
Submitted by Admin
28

“Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз,

Истиқлол чун неъмати бебаҳо ва пурарзиш мояи ифтихору сарбаландии мо буду ҳаст. Маҳз Истиқлол имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ карда, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё намуда, барои худ зиндагии озоду осоишта эҷод намоянд.

Дар давоми 34 соли Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик таҳкурсии давлати соҳибихтиёри худро гузошта, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудааст. Бигзор Истиқлоли давлатӣ ба кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил ба армуғон оварад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ бо самимияти хоса ва эҳтироми бепоён Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни муқаддасу фархундаи тамоми тоҷикону тоҷикистониён, маҳзари ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони озодихоҳамон барои расидан ба бузургтарин саодат-давлатдории миллӣ таҳният гуфта, бароятон нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ, тансиҳативу хонаободӣ ва саодату сарбаландиро таманно дорем.

Ҷашни Истиқлол муборак бод!

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Фарангис Шарифзода

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО