08 Oct 2024
Submitted by Admin
193

Имрӯз (08.10.2024) дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ мулоқоти гурӯҳе аз донишмандони эронӣ бо муҳаққиқони тоҷик баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур масъалаи густариши равобити илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид. Дар ин дидор донишмандони эронӣ Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ-раиси анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, профессор Жола Омӯзгор-муҳаққиқи забонҳои бостон, Алиашрафи Содиқӣ- забоншинос, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ, Акбари Эронӣ-раиси пажуҳишгоҳи мероси мактуб, Сайидҷалоли Бадахшӣ-фарҳангшинос, Муҳаммади Хаммак-таърихшинос, пажуҳишгари таърихи Сиистон, муҳаққиқ Баҳроми Гиромӣ-доктори гиёҳшинос, Раҳимӣ-коршиноси бунёди “Саъдӣ” ва Алиризо Ризоӣ-мусиқишинос ширкат намуда, фикру андешаҳои худро дар масъалаи густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ баён карданд.

Дар ибтидо бону Жолаи Омӯзгор бо ишора ба муштаракоти фарҳангию таърихӣ ва решаҳои ягонаи забонӣ бар зарурати густариши ҳамкориҳои илмию пажуҳишӣ миёни донишмандони тоҷику эронӣ таъкид кард. Ӯ гуфт: “ба унвони муҳаққиқи забонҳои бостон афсӯс мехӯрам, ки хеле дер ба Тоҷикистон омадам”.

Баҳроми Гиромӣ, мутахассиси гиёҳшиносӣ ва сокини Амрико бо ишора ба сафарҳои пешинаи худ ба Тоҷикистон дар то солҳои 2010-ум афзуд: “Душанбеи кунунӣ аз Душанбеи он солҳо аз замин то осмон фарқ мекунад ва ин тағйироти босуръат маро ҳайратзада кардааст.

Доктор Сайидҷалоли Бадахшӣ бо ишора ба хидматҳои мондагори Пешвои миллати тоҷик афзуд: “Ҷаноби олӣ шахсиятест, ки мехоҳад ин мамлакатро аз нав бисозад ва шумо тоҷикҳо дар масири дурусте қарор доред. Сайидҷалоли Бадахшӣ таъкид кард, ки тоҷикҳо бо таваҷҷуҳ ба ошноияшон бо тамаддуни Руми қадим, Русия ва Чин таҷрибаи хубе ба даст оварда, мардуми мутаммадине ҳастанд.

Дар поёни маҳфил доктор Фарангис Шарифзода-директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо ибрози хурсандӣ аз ҳузури донишмандони ҳамзабон дар Академияи илмҳо бо ишора ба фазои боз ва шароиту имконоте, ки Пешвои миллат дар даврони истиқлол барои фаъолиятҳои илмӣ фароҳам кардааст, омодагии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ эълон кард.

Дар ниҳоят, донишмандони ду кишвар китобҳои тозанашри худро барои якдигар туҳфа намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО