14 Nov 2025
Submitted by Admin
20

Имрӯз, 14 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими мақоми занон дар ҷомеа» баргузор гардид.

Дар конфронс бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, ҷанбаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани мақоми занонро мавриди таҳлил қарор доданд. Конференсия бо ҳадафи баррасии таҷрибаҳои миллӣ, таҳлили қонунгузорӣ ва таҳкими нақши занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа доир гардид.

Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид, ки сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди потенсиали занон, дастгирии бонувон дар фаъолияти илмӣ ва таъмини баробарии гендерӣ нақши муҳим дорад. Иштирокчиён оид ба таҷрибаи татбиқи баробарии гендерӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм ва фарҳанг табодули назар намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни конференсия пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас оид ба таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳия ва пешниҳод гардиданд. Конференсия саҳми Пешвои миллатро дар таъмини рушди ҷомеаи демократӣ ва пешбурди сиёсати иҷтимоии кишвар равшан нишон медиҳад.

Дар фарҷоми чорабинӣ, бахшида ба ин санаҳои муҳим, аксияи тарғиботӣ доир гардид, ки ҳадафаш бедор кардани ҳувияти миллӣ, тарғиби саҳми Пешвои миллат ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба нақши занон дар рушди кишвар буд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО