Error message

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
18 Apr 2025
Submitted by Admin
15

Кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Рӯзи пойтахтро ботантана қайд карданд. Таҳти сарварии директори Институт Шарифзода Ф.Х. ва ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён М.Қ. кормандони Институт, докторантон ва магистрон Рӯзи пойтахтро аз боздиди осорхонаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ оғоз намуданд. Дар осорхона докторантон ва магистрон ба шарҳи ҳол, осор ва зиндагии М.Раҳимӣ ошно шуданд. Пас аз дидани осорхонаи М.Раҳимӣ ба хона-музейи А.Лоҳутӣ рафта, бо он аз наздик шинос шуданд, ки барои докторантон ва магистрантон хеле ҷолиб буд, зеро дар хона-музей осори шоир, асбобҳои рӯзгори истифоданамудаи ӯ, сару либосҳояш, ҷоизаҳои давлатӣ дар шакли бунёдӣ нигоҳ дошта шудаанд ва ин барои муҳаққиқони ҷавон бисёр писанд омад. Онҳо пеш аз ҳама дар хонае, ки шоир дар он ҷо умр ба сар бурда, осори худро дар ин манзил офаридааст, бевосита ошно шуданд. Барои докторантон ва магистрантон, ки корҳои илмӣ мекунанд, чунин боздидҳо ёрии амалӣ мерасонанд.

Рӯзи пойтахт барои кормандони Институт, махсусан докторантон ва магисрантон рӯзи хуб ва пурбор буд, зеро чунин диду боздид худшиносӣ ва худогоҳии миллии онҳоро баланд мебардорад. Чунин боздидҳои дастаҷамъӣ аз ҷойҳои таърихӣ, илмиву фарҳангӣ ба тарбияи ахлоқӣ ва эстетикии мо, махсусан ҷавонон таъсири хуб мерасонад.

Рӯзи пойтахтро барои мардуми ботамаддуни тоҷик шодбош мегӯем.

Гузоришҳои тасвирӣ ва видеоиро аз таҷлили Рӯзи пойтахт пешкаши шумо мегардонем.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО