26 Jul 2026
Submitted by Admin
25

Шӯрои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои занони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ курси омӯзишии «Зан сарвар»-ро баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ директори институт, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифзода Фарангис, сарходими илмӣ Анзурат Маликзода, раиси Шӯрои занон Маҳмадҷонова Муҳиба ва ҷонишини раиси ҳизби «Хирадмандон» Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, нақши таърихии Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму пойдории он мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ворид шудан ба арсаи сиёсат ба мардум сулҳу оромиро ваъда намуда, ба ин аҳди худ содиқ монданд ва то имрӯз барои таҳким ва густариши фазои сулҳу ваҳдат пайваста талош менамоянд.

Зикр шуд, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва пазируфта шудааст, бозгӯи саҳми арзандаи Тоҷикистон дар пешбурди фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки ваҳдату осудагии кишвар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат аст. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи эшон сулҳу оштии миллӣ барқарор гардида, барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, ҷонибҳои даргирро ба созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват карданд.

Ба ҷавонон муроҷиат карда шуд, ки қадри ин неъмати бебаҳо – сулҳу субот ва амну осоиштагиро донанд ва дар ҳифзу таҳкими он саҳмгузор бошанд, то наслҳои оянда низ дар фазои оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ зиндагӣ намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ, инчунин баргузории аксияи ҳизби «Хирадмандон» ба маҳфил шукуҳу шаҳомати бештар бахшид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО