13 Dec 2024
Submitted by Admin
45

13 октябри соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати омодагиҳо барои аз аккредитатсияи байналимлалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти академия ҷиҳати дар сатҳи баланд қабули меҳмонон ва омодагиҳо барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ноибону, директорони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зикр гардид, ки воқеан ҳам дар шароити имрӯз рушди илму техника ва табодули таҷриба миёни олимону муҳаққиқон натанҳо дар дохил балки дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегирад, ки ин боиси пешрафт ва муваффақ гардидани худи олимон дар соҳаи илму фановарӣ аст.

Имрӯз равобиту ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои хориҷ дар ҳоли рушду пешрафт аст. Вобаста ба ин роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим дорад, ки бо истифода аз мавҷудияти фароҳам овардани заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронад.

Дар ин замина мутахассисон барои санҷиш ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 18-19 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО