29 May 2025
Submitted by Admin
41

Либоси миллӣ рукни асосии миллат ва муаррифи он мебошад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва тарғибу ташвиқи либоси зебои тоҷикӣ бо ташаббуси Шурои занони АМИТ аз 19 то 29 май даҳаи аксияи «Тоҷикона мепӯшем» эълон карда шудааст.

Кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ ин иқдомро дастгирӣ карда, тамоми бонувон дар ҷои кор бо либоси миллӣ ҳозир шуданд.

Магистрону аспирантон ва бонувони ҷавони Институт дар ин рӯз либоси миллӣ ба бар карда, аз осорхонаи Мирзо Турсунзода дидан намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО