20 Aug 2026
Submitted by Admin
16

Имрӯз, 20 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шоирон ва ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили адабию эҷодӣ таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки барои ҳар як миллату давлат муқаддас буда, заминаи асосии пешрафт ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик имкони таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди илму маорифу фарҳангро пайдо намуд.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илми тоҷик, ҳифзи забони давлатӣ, омӯзиш ва таҳқиқи мероси адабию фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии кишвар дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Истиқлол ба аҳли илму адаб имконият фароҳам овард, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Қайд гардид, ки маҳз натиҷаи ин ҳама сулҳу субот самараи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат дар кишвар фазои сулҳу суботи сиёсӣ таъмин гардида, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг ва адабиёт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, аҳли илму адаб вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада дар таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳифзи забону фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар идомаи маҳфил директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Шарифзода Фарангис, шоирону кормандони Институт суханронӣ намуда, ҳамзамон дар васфи Истиқлоли давлатӣ, Ватани соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол шеърҳои тозаэҷоди хешро қироат карданд.

Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ имконият фароҳам овард, ки арзишҳои миллӣ, забону адабиёт, фарҳанг ва мероси пурғановати ниёгон ба таври шоиста ҳифз ва эҳё гардида, ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шаванд. Дар ин давра адабиёти тоҷик бо мазмуну муҳтавои тоза ғанӣ гардида, мавзӯъҳои Ватан, истиқлол, худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдат ва созандагӣ дар эҷодиёти шоирону адибон ҷойгоҳи хос пайдо намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО