19 Nov 2024
Submitted by Admin
85

19 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ба муносибати 100-солагии мунаққиду адабиётшинос, узви вобастаи АМИТ Соҳиб Табаров Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мақоми Соҳиб Табаров дар нақд ва адабиётшиносии тоҷик” бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - доктори илми филология, профессор Масрур Абдуллозода ва дигар олимону муҳақиқон баргузор гардид.

Ба кори конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ абармарди миллату арсаи меҳнат мебошанд, талошу заҳматҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни илму ададби кишвар қадрдонию пуштибонӣ мегардад.

Зикр гардид, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №-470 дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100- солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад.

Сипас мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва муовини раиси Иттифоқии нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ҷомеаи илмии кишварро ба муносибати бузургдошти адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров табрику шодбош намуда, хидматҳои ӯро барои рушди илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири тоҷик мондагор арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни кори конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ профессор Фарангис Шарифзода суханронӣ карда, ҳамчунин ҷилди 6-уми китоби “Ҳаёт, адабиёт, реализм”-и устод С. Табаровро, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёт таҳия ва ба нашр расидааст, рӯнамоӣ кард. Шарифзода Фарангис таъкид кард, ки чопи китоби мазкур орзуи деринаи Соҳиб Табаров буд, ки пас аз 35 сол акнун ҷомаи амал пӯшида, туҳфаи арзишманд ба муносибати гиромидошти 100-умин солгарди мунаққиди шуҳратёр аст.

Дар идомаи конференсия Маҳмадаминов А.С.- профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ дар мавзуи “Таассуроти ақлу дил” ва арзиши он”, Беҳрӯзи Забеҳулло-мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар мавзуи “Мунаққиди масъулиятшинос ва дақиқназар”, Қаландаров Наврӯз-дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ дар мавзуи “Соҳиб Табаров ва адабиёти маорифпарварии тоҷик” суханронӣ намуда, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмию эҷодии Соҳиб Табаров ва хусусиятҳои хоси мактаби наққодии ӯро таҳлилу баррасӣ карданд.

Дар поёни кори конференсия Абдулқодири Раҳим-шоиру рӯзноманигор ва Олимҷон Табаров-мудири осорхонаи адабии Соҳиб Табаров дар ноҳияи Муъминобод ба минбар баромада, хотироти хешро аз ҳаёту рӯзгори ин донишманди пуркор баён карданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО