26 Dec 2023
Submitted by Admin
280

Имрӯз бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар толори Шурои олимони Институт конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами истилоҳоти соҳавӣ ва таҳияи фарҳангҳои истилоҳӣ” баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ д.и.ф. Шарифзода Фарангис оғоз гардид. Сипас Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ф. Муҳаммадҷонзода О. иштирокчиёни конфронсро бо оғози кори конфронс табрик намуд.

Дар кори конфронс олимону донишмандон аз муассисаҳои таълимии олии кишвар ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ д.и.ф. Шарифзода Ф. дар мавзуи “Ҳамгунсозии истилоҳоти забоншиносӣ”, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Назарзода С. дар мавзуи “Аз таърихи таҳияи фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ”, сарходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Ҳасан Султон Баротзода дар мавзуи “Берунӣ-донишманди забоншинос ва истилоҳнигор”, мудири шуъбаи забони ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ, н.и.ф. Мирзоев С. дар мавзуи “ Фитоними “гул” ва нақши он дар сохтани калимаҳои мураккаб: дар заминаи маводи маснавии “Юсуф ва Зулайхо”-и А.Ҷомӣ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шодиев Р. дар мавзуи “Ҷойгоҳи вожаҳои гӯйишӣ дар ғаномандии истилоҳоти забони тоҷикӣ”, Муовини раиси КЗИНҲҶТ, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Раҳматуллозода С. дар мавзуи “Баррасии истилоҳоти либос дар “Ёддоштҳо”-и Айнӣ”, сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти КЗИНҲҶТ Фарҳодова С. дар мавзуи “Истилоҳоти чорводорӣ дар гӯйиши тоҷикони Ғорон” ва ходими калони илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ Каримов С. дар мавзуи “Оид ба принсипҳои таҳияи луғатномаи фарҳангҳои соҳавӣ” суханронӣ намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО