15 Oct 2026
Submitted by Admin
44

ДУШАНБЕ. 15 октябр. Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ваҳдати миллӣ, ҳамдиливу ҳамгироии миллатҳо ва муколамаи фарҳангҳо дар осори Аҳмади Дониш» баргузор гардид.

Ба кори конфронс раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов оғоз бахшида, доир ба аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ, нақши мероси маънавию маърифатии мутафаккирони тоҷик дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди худшиносии миллӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона миёни халқу миллатҳо андешаронӣ намуд.

Зикр гардид, ки Аҳмади Дониш ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва афкори иҷтимоиву фалсафии халқи тоҷик дар осори худ масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла маърифату донишандӯзӣ, адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои созандаи инсонҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст. Андешаҳои ин мутафаккири равшангар имрӯз низ дар самти тарбияи маънавии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангҳо дорои аҳаммияти илмӣ ва маърифатӣ мебошанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар таърихи бедории фикрӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди афкори иҷтимоиву фарҳангии тоҷикон нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX ҳамчун давраи бисёр муҳим ва сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад. Дар ин марҳала ҷомеаи тоҷик дар шароити мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошт. Низоми суннатии идоракунӣ, маҳдудияти донишҳои илмӣ, ақибмондагии маориф, таъсири таассуб ва костагии шуури иҷтимоӣ ба рушди ҷомеа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд. Дар чунин муҳити таърихӣ шахсиятҳое зуҳур карданд, ки бо андешаи созанда, қалами бедоркунанда ва рӯҳи ислоҳотхоҳонаи худ роҳи нави тафаккурро ба ҷомеа нишон доданд. Дар миёни онҳо Аҳмади Дониш мақоми хосса дорад.

Таъкид гардид, ки Аҳмади Дониш на танҳо адиб, донишманд, мутафаккир, балки яке аз аввалин поягузорони афкори маорифпарварии тоҷик ба шумор меравад. Мероси илмӣ, адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар таърихи андешаи миллӣ ҳамчун падидаи нодир арзишманд аст. Ӯ дар замоне зиндагӣ мекард, ки ҷомеа ба дониш, маърифат ва ислоҳоти куллии фикрӣ ниёз дошт. Аҳмади Дониш ин ниёзро ба таври амиқ дарк намуда, бо осори худ бар зидди ҷаҳолат, хурофот, бесаводӣ, зулм ва низоми кӯҳнаи тафаккур мубориза бурд. Аз ин рӯ, омӯзиши осори ӯ танҳо омӯзиши таърихи адабиёт ё таърихи афкори иҷтимоӣ нест, балки таҳлили яке аз марҳалаҳои муҳими ташаккули мафҳуми маърифати миллӣ мебошад.

Қайд гардид, ки мафҳуми «маърифати миллӣ» дар андешаи Аҳмади Дониш маънои васеъ дорад. Он танҳо саводнокӣ ё аз бар кардани донишҳои китобӣ нест. Барои ӯ маърифат пеш аз ҳама бедории ақл, рушди тафаккур, дарки воқеият, шинохти сабабҳои ақибмондагӣ ва талош барои ислоҳи ҷомеа буд. Ин андеша имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст, зеро ҳар ҷомеае, ки мехоҳад ба пешрафт ноил гардад, пеш аз ҳама бояд ба неруи дониш, маориф ва тарбияи инсон такя намояд.

Иброз гардид, ки Аҳмади Дониш дар муҳити фарҳангии Бухоро ба камол расид. Бухоро дар он давра яке аз марказҳои бузурги илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт, аммо дар баробари ин, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маориф мушкилоти зиёде вуҷуд дошт. Системаи таълим бештар ба усулҳои анъанавӣ такя мекард ва дар бисёр ҳолатҳо донишҳои табиӣ, илмҳои дақиқ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи зарурӣ надоштанд. Аҳмади Дониш маҳз ҳамин зиддиятро дарк кард, ки аз як тараф, мероси бузурги илмӣ ва фарҳангии гузашта вуҷуд дошт, аз ҷониби дигар, ҷомеа аз дастовардҳои нави илму техника ва таҷрибаи давлатдории муосир дур монда буд.

Гуфта шуд, ки тафаккури Аҳмади Дониш дар чунин шароит ба шакл омад ва тадриҷан аз доираи андешаҳои маҳдуди замони худ берун рафт. Ӯ дарк намуд, ки сабаби асосии ақибмондагии ҷомеа танҳо дар мушкилоти иқтисодӣ ё сиёсӣ нест, балки дар сатҳи шуури инсон, тарзи таълим ва муносибат ба дониш низ мебошад. Аз ин рӯ, ӯ ба маориф ҳамчун неруи асосии тағйирдиҳандаи ҷомеа назар мекард. Ба андешаи ӯ, инсон бояд на танҳо маълумот гирад, балки андешиданро омӯзад, воқеиятро таҳлил кунад ва масъулияти худро дар назди ҷомеа дарк намояд.

Дар идомаи конфронс академик Кароматулло Олимов, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Давлаталӣ Давлатзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ ва сарходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Ҳасани Султон бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар маърузаҳо масъалаҳои муҳими ваҳдати миллӣ, ҳамдиливу ҳамгироии миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, муколамаи фарҳангҳо ва ҷойгоҳи ин арзишҳо дар осори Аҳмади Дониш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба нақши таърихии Аҳмади Дониш дар рушди афкори иҷтимоиву сиёсӣ, фалсафӣ ва маърифатии халқи тоҷик, аҳаммияти андешаҳои ислоҳотхоҳонаи ӯ дар пешрафти ҷомеа, густариши маърифату худшиносии миллӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаву созанда миёни халқу миллатҳо ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси илмӣ ва адабии ин мутафаккири барҷаста барои шинохти амиқтари таърихи афкори иҷтимоии тоҷикон, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди муколамаи тамаддунҳо аҳаммияти муҳим дорад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО