03 Nov 2025
Submitted by Admin
21

Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон ганҷинаи мероси адабии Институт, баъди солҳо муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти наву муосир, мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки “Ганҷинаи мероси адабӣ” 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар Ганҷинаи мазкур 52 фонд аз адибону донишмандони барҷастаи муосири тоҷик гирд оварда шудааст. Аҳаммияти Ганҷина аз он иборат аст, ки дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик, ба монанди устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам меорад ва барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.

Дар маросим таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО