Error message

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
17 Apr 2025
Submitted by Admin
10

Бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16.04.2025 дар толори Институт бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизи муддавар таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҷавонӣ ва маскани тоҷикони ҷаҳон!» баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Шурои олимони ҷавони Институт Каримова Ҳ.Қ. Рӯзи пойтахтро ба ҳозирин шодбош гуфта, қайд амуданд, ки: «Душанбе воқеан шаҳри ҷавонӣ аст, лаҳзаҳои беҳтарини зиндагиро дар ин макони ободу хуррам паси сар намудан барои ҳар як ҷавони соҳибмаърифат боиси ифтихор аст».

Дар идома докторанти PhD-и соли сеюми Институт Бозорова Нурафшон дар мавзуи «Душанбе – Қалби Тоҷикистон, макони сабзшаҳр ва орзуву ормони миллати тоҷик» суханронӣ намуд. Сипас, докторанти соли дуюм Шералиев Шералӣ маърузаи хешро таҳти унвони «Аз таърихи оғози таҷлили Рӯзи пойтахт дар Тоҷикистон» пешкаши аҳли нишаст гардонид.

Ходими илмии шуъбаи адабиёти муосир Ваҳҳобзода Сулаймон Аҳтам бо қироати шеър табъи аҳли нишастро болида намуд. Дар охир аъзоёни Шурои олимони ҷавони Институт Товуси Давлатбекзода, Саидхоҷа Илоҳа Беҳрӯз ва Маҳмудова Соҷида дар ситоиши Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шеърҳо аз ашъори шоирон қироат намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО