08 Oct 2024
Submitted by Admin
156

08 октябри соли равон дар толори Маркази меросии хатии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Эрон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин мизи мудаввар донишмандони эронӣ Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ-раиси анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, профессор Жола Омӯзгор-муҳаққиқи забонҳои бостон, Алиашрафи Содиқӣ- забоншинос, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ, Акбари Эронӣ-раиси пажуҳишгоҳи мероси мактуб, Сайидҷалоли Бадахшӣ-фарҳангшинос, Муҳаммади Хаммак-таърихшинос, пажуҳишгари таърихи Сиистон, муҳаққиқ Баҳроми Гиромӣ-доктори гиёҳшинос, Раҳимӣ-коршиноси бунёди “Саъдӣ” ва Алиризо Ризоӣ-мусиқишинос ва аз академия олимону меросшиносон иштирок намуданд.

Дар оғоз ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки ҳамкорҳои илмии Тоҷикистону Эрон дар марҳилаи рушду густариши ҳамаҷониба қарор дошта, маҳз олимону донишмандони ду кишвар пайваста ҳамкориҳои худро ба роҳ мемонанд.

Мақсад аз баргузории мизи мудаввар бо иштироки олимону муҳақиқони Тоҷикистон ва Эрон ин пеш аз ҳама, ҳифзу эҳёи мероси шоирону мутафаккирони форсу тоҷик ба шумор меравад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО