04 Mar 2025
Submitted by Admin
49

Ҳастии ман, тору пудам аз ту аст,

Қиссаи буду набудам аз ту аст,

Пайку пайғому дурудам аз ту аст,

Авҷи парвози сурудам аз ту аст.

Модари заҳматқаринам, зинда бош,

Давлатам, тоҷу нигинам, зинда бош!

Қудрату азми матинам додаӣ,

Чашми сери покбинам додаӣ,

Давлати дунёву динам додаӣ,

Лафзи ноби шаккаринам додаӣ.

Модари ширинбаёнам, зинда бош,

Беҳтар аз ҷону ҷаҳонам, зинда бош!

Меҳри ту созу навои зиндагӣ,

Дасти ту дасти дуои зиндагӣ,

Ҳарфи хубат раҳнамои зиндагӣ,

Панди ту мушкилкушои зиндагӣ.

Модари заҳматписандам, зинда бош,

Олами андарзу пандам, зинда бош!

Бо дуоят қад кашад омоли мо,

Офтоби бахти мо, иқболи мо,

Файз орад, файз борад то абад

Ҳар шабу ҳар рӯзи Истиқлоли мо.

Модари ваҳдатшиорам, зинда бош,

Файзбахши рӯзгорам, зинда бош!

ЧАРОҒОНИ БАЧЧАГӢ

Баччагиям аз он чароғон буд,

Ки дили модарам ба ман месӯхт,

Бар сари чашмаҳои деҳаи мо

Модари ман чароғ меафрӯхт.

Модари ман чароғ меафрӯхт,

То ки ман чун чароғ афрӯзам,

Ризқ бошад маро чу оби равон,

Нурборон бувад раҳу рӯзам.

Баччагӣ рафт, рафт бебаргашт,

Рафт гӯйӣ суроғи модари ман.

Бар машомам зи баччагиҳо монд

Бӯйи дуди чароғи модари ман.

Ҳасани СУЛТОН

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО