22 May 2026
Submitted by Admin
11

Имрӯз, 22 май дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҳамоиши илмию фарҳангӣ дар мавзӯи «Нақши илми муосир дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши илмию фарҳангӣ раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, Фарангис Шарифзода-д.и.ф, профессор- директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ, Ширин Қурбонова-д.и.т- раиси ташкилоти ибтидоии «Илмпешагон»-и ҲХДТ дар АМИТ, Беҳрӯзи Забеҳулло-н.и.ф- мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон зимни ифтитоҳи кори ҳамоиши илмию фарҳангӣ меҳмонро ба ноҳия хайру мақдам гуфта, қайд намуданд, ки имсол барои кулли мардуми саодатманди миллати тоҷик ҷашни таърихию хотирмон боқӣ хоҳад монд, чун дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ин давра кишвар зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон ҳамаҷониба рушду тавсиа пайдо намудааст.

Дар идомаи ҳамоиши илмию фарҳангӣ Фарангис Шарифзода-д.и.ф, профессор- директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, Ширин Қурбонов-д.и.т, раиси ташкилоти ибтидоии «Илмпешагон»-и ҲХДТ дар АМИТ ва Беҳрӯзи Забеҳулло-н.и.ф, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар доираи мавзуъҳои ҳамоиш баромад намуданд.

Дар фарҷом бори дигар раиси ноҳия барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани ҳамоиши илмию фарҳангӣ ҷиҳати баён намудани фикру мулоҳизахои судманд ба баромадкунандагон ва иштирокчиён изҳори сипос намуданд.

Дар идомаи маҳфил ҳунарманди бахши фарҳанги ноҳия, ҷиҳати болидахотирии иштирокчиён суруду таронаҳои навро пешкаши тамошобинон гардониданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО