06 Mar 2023
Submitted by Admin
335

ҶОЙГОҲИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР ГУСТУРАИ ТАЪРИХ

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия сурат мегирад: аз назари ҷинсият (gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут миёни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) - қудрат/иқтидор бартарии иҷтимоӣ, табиӣ дар ҷомеа аст.

Зан зеботарин вожаи офариниш, муассиртарин омили солимии ҷисмиву равонии фарзанд, ҳамсар ва ҷомеа аст. Вожаи зан аз ҷании [jani]-и эронии бостон ва guenī-и ҳиндуаврупоӣ маншаъ гирифта, имрӯз дар бархе аз забонҳои эронӣ ба гунаҳои ҷан (балуҷӣ), жин (курдӣ), жан (гуронӣ) роиҷ аст.

Тахминан даҳ ҳазор сол пеш аз мелод занон нигаҳбони оташ буданд. Дар ҳазораҳои VIII-VII пеш аз мелод дар умури зиндагӣ вазоифи гуногунро иҷро намуда ба мақоми илоҳӣ расида, ҳамчун намод парастиш мешуданд. Дар ҳазораи панҷуми пеш аз мелод занон корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ ва кишоварзиро анҷом медоданд. Дар ҳазораи дувуми п.м. мевачинӣ, домпарварӣ аз вазоифи хонадории занон маҳсуб мешуд.

Зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд, зеро дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ расонида буданд, ки мавҷудияти эзадбону Аноҳито гувоҳи ин гуфтаҳост. Аноҳиторо эзадбонуи обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ мешумурданд ва дар Яшти панҷуми Авесто - Ардвисур Аноҳито яшт (обон яшт) парастиш шудааст....

126.Намоён ситод' аст [ин дам]

‐ Ардвии сурҳан Аноҳита

духтаре нозанин, зебо,

рехтаву бо баланд боло,

таҳам, камар баста баланд,

тандуруст, озода, ройманд,

ҷомаи бад гирон бар тан

зарнигор бо ҳизор озин.

127. Бад-он барсуми дар дар даст-ш,

ба гушвори зар, чортарка,

баростӣ шигарфу зебосту

бонуи бас фарҳехта[`ст] Адвисура Аноҳита.

Аммо “оғози асри хирад поёни нақши устураӣ ва сутурги занро рақам мезанад” (Асғар Аскарӣ). Дар даврони Ҳахоманишиён вазоифи занон маҳдудтар шуд, аммо мақоми онҳо дар умури сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамчунон боқӣ монд. Ёдгориҳои лавҳаҳои гилини девонии Тахти Ҷамшед аз нақши пуррангу муассири занони хонадони салтанатӣ ба мисли маликаҳо Ртастана, Апокиш, Отусо духтари Куруши Кабир – ҳамсари Дориюш, амлоку коргоҳҳои бузургро идора кардани онҳо ёдовар мешаванд. Тибқи нигораҳои ин лавҳаҳо дӯхти либос, яъне дӯзандагӣ ба зиммаи занон вогузор шуда буд. дастмузди занону мардон баробар буда, зан метавонист барои таваллуди кӯдак мураххасӣ гирад. Лавҳаҳои гилини Тахти Ҷамшед аз мақоми зан дар замони ҳукмронии Дориюши бузург ва назир надоштани он дар миёни дигар мардумони ҷаҳони бостон гувоҳӣ медиҳанд.

Дар даврони Ашкониён дар хонадони салтанатӣ бисёрзанӣ роиҷ буд, аммо танҳо як зан нигаҳдори конуни хонаводагӣ буд ва дар сурати норозӣ будан аз ҳамсар метавонист талоқ бигирад. Дар миёни авом доштани як зан маъмул буд, зеро мард наметавонист ба осонӣ ҳамсари худро талоқ диҳад. Дар ин давра занон дар сари қудрат ва умури ҳукуматдорӣ ширкат доштаанд ва дар таърих исми шаҳбону Музо ба унвони подшоҳ боқӣ мондааст.

Дар ҷомеаи мардсолори Сосониён сарварии хонавода ба зиммаи мард буд, аммо тасмимот дар мувофиқа бо зан гирифта мешуд. Дар китоби фиқҳи зардуштӣ “Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон”, ки иборат аз 148 пурсишу посух аст, дар мавриди солории мард дар хонавода омадааст:

“1. Пурсиш: Марде, ки ӯро духтаре ҳаст ва вайро ду мард ба занӣ мехоҳанд ва падар ба марде диҳад, духтар бо он мард мувофиқ набошад ва майлаш ба марди дигар бошад, (оё) ихтиёр бо падар аст ё бо духтар? Ва агар падар ба майли духтар рафтор накунад, оё духтар ихтиёри солор гирифтан ва шавҳар кардан дорад? Ва агар бигирад, (оё он) духтар подшоҳзан аст ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, падар ихтиёри солорӣ додан дорад (ва) то вақте зинда аст, ҳар гоҳ лозим бошад, ихтиёри бозистодани солориро (ҳам) дорад, аммо бо мувофиқати зан ва солор ғайр аз он нест, то падар зинда аст, шавҳар фақат бо мувофиқати падар аст ва пас аз падар фақат бо мувофиқати солор ҷуз он натавон кард”.

Ва бо ризояти падар ихтиёр – солорӣ ба духтар дода мешавад:

“19.Пурсиш:

Марде, ки духтари хешро гӯяд, ки туро ба тани хеш солор ва подшоҳ кардам, (дар сурате ки) духтар болиғ ё ноболиғ (бошад), он гоҳ солориаш бо кист?

Посух:

Чунон ки ман медонам, агар духтар болиғ бошад ва (падараш) гӯяд, ки туро ба тани хеш солор ва подшоҳ кардам, солорӣ ба ин духтар мерасад, (аммо) агар духтар ноболиғ бошад, он гуфтаро набояд ба чизе дошт (эътибор надорад)”.

Дар ин даврон ҳуқуқи занон дар хонавода низ кам набуд, зеро ӯ ҳаққи моликият дошт ва аз бадрафтории шавҳар ба додгоҳ метавонист шикоят барад ва талоқ танҳо бо ризояти тарафайн сурат мегирифт.

Паймонномаҳои издивоҷ дар миёни ақвоми эронӣ роиҷ буда, намунаи чанде аз онҳо ба забонҳои форсии миёна, суғдиву бохтарӣ то замони мо боқӣ монда, ин суннат аз даврони Ҳахоманишиҳо омадааст. Ногуфта намонад, ин гуна паймонномаҳо (брачный контракт/ marriage contract) дар ҷаҳони муосири мутамаддини Ғарб дар авохири қарни ХХ пайдо шудаанд. Ҳадаф аз ин паймонномаҳо ҳифзи ҳуқуқи тарафайн буд. Паймонномаҳои шаҳрвандон маъмулан дар шакли хаттӣ ва ақди динӣ шифоҳӣ анҷом мешуд. Дар ин паймонномаҳо масъалаи вазоифи мард, ҳаққи мерос, ҳуқуқи тарафайн ва шартҳои талоқ сабт шудааст. Дар паймонномаи суғдӣ зан ҳаққи талоқ талаб карданро аз шавҳар дошта, молики амволи шавҳар буда, ҳангоми ҷудо шудан ба ними амволи шавҳар ҳақ дорад. Ҳамчунин дар ин паймонномаҳо аз мамнуъ будани бисёрзанӣ сухан меравад. Дар санади дигари суғдӣ, ки исми санад ё ваколатномаи арус (vuδkarnē ət nāmē- “bride’s document”)-ро дорад, домод вазоифи худро ба зимма гирифта, ба сарвари хонаводаи арус онро месупорад (R.Asha “Marriage Contracts”).

Шавоҳиде низ аз рӯзгори сахти занҳо дар хонавода бар ҷой мондааст. Инҳо ёдгориҳое аз забони суғдианд, ки рӯзгори талхи зани суғдӣ ва ҳаёти номуваффақи ӯ пас аз издивоҷ ва кашидани заҷру ранҷ дар муҳоҷиратро бозгӯйӣ мекунад. Ду номаи зани суғдӣ – Меванӣ ба модар ва шавҳараш аз Чин ба Суғд, ки дар авҷи фақру ноумедӣ қарор дошт, хеле ғамангез аст:

“Ба бағ (соҳиб, ҷаноб)-и ман Нанҳидоти баландмартаба, барои адои эҳтиром бар зону афтодан, ҳамон гуна ки бар арбобони илоҳӣ тақдим мешавад! Барои касе ки мумкин аст Шуморо солим, шод, орӣ аз беморӣ ва бо ҳама бубинад, рӯзи хубе хоҳад буд ва вақте хабари саломатии шуморо мешунавам ҷаноб, худамро дерина (дарозумр) медонам. Аммо бубин, ман ба унвони як овора, фақир, нохуб, бадбахт зиндагӣ мекунам. Ва худамро мурда медонам. Борҳо ва борҳо барои Шумо нома мефиристам, аммо номае аз Шумо дарёфт намекунам. Пас ман аз Шумо ноумед шудам. Бадбахтии ман ин аст, ки ман ба хотири аълоҳазрат се сол дар Дунҳвонг сокин ҳастам. Сафаре ба хориҷ аз бори аввал, дувум то панҷум буд. Аммо Шумо аз берун овардани ман худдорӣ кардед. Сипас, аз раҳбарони хонавода дархост кардам, ки аз ҳимояти ман ба Фарнхунд расонанд ва ӯ чунин мегӯяд: Ман на хидматгори Нанесат ҳастам ва на сармояи ӯро дорам”.

Ман низ чунин дархост кардам: “Агар ӯ аз бурдани ман ба шавҳарам дасткашӣ кард, пас барои муроқибат аз ман ба чунин ҳимояте ниёз дорам, то ӯ маро назди модарам бубарад”...

Шахси наҷибе Оберғдӣ ризоияти чиниҳоро гирифта, ба ман либос дода, маро солим нигаҳ медорад. Ва Шумо дар посух дар бораи ман ҳама дастури худро бинависед, то ман мунтазири Шумо бошам. Ва ман бояд бидонам чӣ гуна фикр кунам ва агар мунтазири Шумо набошам, пас Шумо бароям бинависед, то бидонам бояд ба чиниҳо хидмат кунам. Дар хонаи обо ва аҷдодиям он чунон ки дар канори Шумо ҳастам (маҳҷур, муҳим) набудам. Фармони Шуморо бар сарам пазируфтам (итоат кардам) ва ба Дунҳвонг омадам ва ба гуфтори модару бародаронам гӯш надодам. Арбобони илоҳӣ аз рӯзе, ки ман дастури Шуморо анҷом додам бо ман хашмгин шуданд! Ман тарҷеҳ медодам, зани саг ё хук бошам то зани ту! Ва ман ... шинохтам. Фиристодаи бандааш Меванӣ...” (“ Sogdian Ancient Letters).

Замони салтанати Сосониён иқтидори сиёсиву иҷтимоӣ бар дӯши мардон буд, ки шукуҳу шаҳомату эътибори мардони ин сулоларо метавон дар осори гузашта ба монанди “Таърихи Табарӣ” дид, аммо дар радифи мардони қудратманд занон ҳам ба сари қудрату салтанат омадаанд ва аз худ номи нек бар ҷой мондаанд. Аз ҷумла маликаи сосонӣ Пурондухт – духтари Хусрави Парвиз нахустин шаҳбонуи зан аз соли 630 то соли 632 мелодӣ ва пас аз ӯ хоҳараш Озармидухт дар Эрон ҳукумат кардаанд ва дар умури роҳбариву давлатдорӣ муваффақ буданд. Бино бар қавли шаҳбону “нияти хайр дорам ва бар адолат фармон медиҳам”. Дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ адолатхоҳии Бурондухт чунин тавсиф шудааст:

Чунин гуфт пас духти Пурон, ки ман

Нахоҳам парокандани анҷуман.

Касеро, ки дарвеш бошад зи ганҷ,

Тавонгар кунам, то намонад ба ранҷ.

Мабодо зи гетӣ касе мустаманд

Ки аз дарди ӯ бар ман ояд газанд.

Зи кишвар кунам дур бадхоҳро,

Бар ойини шоҳон кунам гоҳро.

Фирдавсӣ фармонравоии Озармидухтро низ ситоиш мекунад:

Ҳама кор бар доду ойин кунед,

Аз ин пас ҳама хишт болин кунед...

Аммо дар адабиёти мо баъзан абёти занситезонае, он ҳам аз номи шоирони номдор, ворид гардидааст, ки мусалламан маншаи он фарҳанги миллӣ нест, ба монанди

Занонро ҳамин бас бувад як ҳунар,

Нишинанду зоянд шерони нар.

Дар фарҳанги асрҳои миёна мақоми зан, ҳуқуқи хонаводагии зану мард фалсафаи хосе дорад ва он бар пояи аҳкоми шариат бунёд ёфтааст. Намунаи боризи мақому манзалати занро дар шарқи асримиёнагӣ метавон дар китоби “Симои ду зан”-и адабиётшинос Саидии Сирҷонӣ дид, ки ба шарҳи образҳои Лайлӣ ва Ширини достонҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Хусрав ва Ширин”-и Ганҷавӣ бахшида шудааст: “Дар диёри Лайлӣ ҳукумати мутлақ бо хушунат аст ва мардонагӣ ба қабзаи шамшер бастааст. Ҳатто ба маросими латифе чун хостгорӣ ҳам бо табли ҷанг ва тири хаданг мераванд. Лайлӣ парвардаи ҷомеаест, ки дилбастагӣ ва тааллуқи хотирро муқаддимаи инҳироф мепиндорад, ки натиҷааш суқуте ҳатмист. Дар муҳите чунин як лабханди кӯдакона мумкин аст ба доғе нанг шавад бар ҷабини афроди хонавода ва ҳатто қабила.

Аммо дар диёри Ширин ҳатто бар мусоҳибату муоширати марду зан монеае нест. Писарону духтарон бо ҳам менишинанд ва бо ҳам ба гардишу шикор мераванд ва бо ҳам дар ҷашнҳо, меҳмониҳо ширкат мекунанд. Духтарҳо, модарон ва пирони хонаводаро мушовирони некандеши хештан медонанд. Духтаре саршинос яккаву танҳо пушти асп менишинад ва бе ҳеч мулозим ва посдоре аз нофи Арманистон то қалби Тисфун метозад” (Саидии Сирҷонӣ. “Симои ду зан”). Ин ҷо муҳити зист ва ҳуқуқу озодии духтарони ориёӣ дар муқобили Лайлии аз қабилае аз аъроб бармалост.

Дар Инглистони асрҳои XVII-XVIII андешаҳое дар мавриди ҳуқуқи башар баён шуда, дар соли 1688 ҳуқуқи иҷтимоӣ ва сиёсии одамон дар эъломияе зикр гардид. Сад сол баъд (1776) дар конгресси Филоделфияи Амрико эъломияе дар бораи истиқлоли умумӣ мунташир шуд. Дар асри ХХ Ғарб, ки гаҳвораи демократия аст, аввалин бор ба ҳуқуқи зан таваҷҷуҳ намуда, онро бо ҳуқуқи мард баробар эътироф кард. Ахиран дар соли 1948 эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва мунташир шуд, ки дар муқаддимаи он омадааст: “Аз он ҷо мардуми милали муттаҳид бовари худро ба ҳуқуқи башар ва мақому арзиши фарди инсонӣ ва тасовии ҳуқуқи марду зан дар маншур эълон кардаанд...”

Рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, инқилоби октябр ва бунёди ҳукумати шуравӣ буд. Ҳанӯз як моҳ пас аз инқилоби соли 1917 ҳукумати шуроҳо тамоми қонунҳои Империяи Русияро бекор карда, қонун дар бораи ҳуқуқу озодии занон ва раҳоии онҳо аз зери зулму истибдодро қабул кард ва дар соли 1918 дар моддаи 64 Конститутсияи шуравӣ “баробарҳуқуқии мардону занон дар интихобот” дарҷ гардида, минбаъд дар тӯли 70 сол дар тамоми асноди қонунгузорӣ иловаҳое дар масоили занон ворид мешуд. Ба занҳо ҳаққи интихоби касбу кор ва таҳсил дода шуд. Дар кишварҳои Осиёи Миёна кӯшиши шикастани қолабҳои суннатии зисту зиндагонии мардум ва дур кардани мардум аз қонуну қоидаҳои шариат анҷом шуд. Акнун дар ҷомеаи сотсиалистӣ се вазифаи муҳимми иҷтимоӣ бар дӯши занҳо вогузор шуд: шаҳрвандӣ, меҳнаткашӣ (труженица), рисолати модарӣ.

Тамоми масоили марбут ба занон дар сатҳи давлатӣ ва дар мадди назари давлат қарор дошт, зеро ин масоил тавъам бо масоили рушди ҷомеа – индустрикунонии мамлакат, коллективонидани хоҷагии қишлоқ, барҳам додани бекорӣ, барҳам додани бесаводӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ баъд аз Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 буд. Аммо қонуни баробарии зану мард ҳалли мушкилоти хонаводагии занонро осон намекард, зеро зан рисолати модариро низ дар баробари вазоифи ҷамъиятӣ иҷро мекард, аз ин рӯ, баробарии воқеии зану мард ҳангоми ба зан додани имтиёзҳо мебоист амалӣ мешуд. Мувофиқи моддаи 35-и Конститутсияи ИҶШС (соли 1977) на танҳо имкониятҳои баробар дар таълиму тарбия дода шуд, инчунин дар додани музди меҳнати баробар, инчунин муроқибат аз саломатии занон, муҳофизати ҳуқуқӣ, таъминоти моддию маънавии модару кӯдак, аз ҷумла додани рухсатиҳои пулакӣ ва дигар имтиёзҳо ба занони ҳомила ва модарон, тадриҷан кутоҳ кардани вақти кории занони кӯдакдор пешбинӣ шуд.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта теъдоди занони коргару хизматчӣ дар миқёси шуравӣ 51% ва дар Тоҷикистон 39% -ро ташкил додааст. Дар натиҷаи фаро гирифтани занон ба таҳсил теъдоди омӯзгорон аз ҳисоби занон ба 71% расид, ҳамчунин аз ҳар се муҳандис якеаш зан ва аз шумори 4 табиб се нафарашон зан буд.

Занҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар низ нақши намоён доштанд. Дар интихоботи соли 1980 зиёда аз як миллион нафар занон - коргарон, колхозчиён, табибон, муаллимон, муҳандисон, коркунони соҳаи маданият ва санъат, роҳбарони муассисаю корхонаҳо, ба вакилии Шуроҳои маҳаллӣ, Шуроҳои олии Ҷумҳурӣ ва ИҶШС интихоб гардиданд, ки 50%-ро аз шумораи умумии вакилон ташкил карданд [“Вестник статистики”», 1982, № 1, с. 68]. Рисолати модарӣ дар замони шуравӣ ҳамчун вазифаи иҷтимоии зан дониста мешуд, аз ин рӯ барои модарони серфарзанд унвони махсуси фахрии «Қаҳрамонмодар» ва ордени «Шарафи модарӣ» ва «Медали модарӣ» муқаррар карда шуд. Дар ҳамин давра зиёда аз 4 миллион нафар занон бо ордени «Шарафи модарӣ» ва зиёда аз 10 миллион нафар модарон бо медали «Нишони модарӣ» мукофотонида шуданд [«Вестник статистики», 1982, № 1, с. 75.]

Имрӯз феминистон иддао доранд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба занон тамоми ҳуқуқҳоро додааст ва замоне озодиҳои занони шӯравӣ барои феминистҳои ғарбӣ намунаи ибрат гардида буд. Аммо, ба андешаи ҷомеашиносон, баробарии гендерӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нашуд. Чунонки гуфтем, зан дар замони шуравӣ се вазифаи муҳимро бар дӯш дошт: шаҳрвандӣ, меҳнаткашӣ, модарӣ.

Натиҷа ин шуд, ки аксари кори вазнин аз қабили фаррошӣ, ҳамшираҳои шафқат, коргарони фабрикаву анборҳо, кори колхозу совхозҳо ба зиммаи занон афтид. Он чизе, ки бояд занро озод мекард, бо номи индустриализатсия ба маҷбурият табдил ёфт. Дигар ин ки, ба истеҳсолот кашидани зан ва иҷтимоӣ кардани ӯ бо ҷомеаи суннатии падарсолорӣ (патриархат) носозгор буд. Аз ин ҷост, ки дар колхозу совхозҳо, ки аксари заҳматкашонаш занҳо буданд, бригадиру раис ҳатман мард буд.

Дар соли 1988 дар як мубоҳисаи оммавӣ Михаил Горбачёв гуфт, ки "ба зан сарнавишти воқеии занонаи ӯро комилан баргардонидан лозим аст". Ин паёми инсондӯстонаи М. Горбачев амалинашуданӣ буд, зеро оилаи миёнаи шуравӣ бо як маоши сарвари хона рӯзгорро пеш бурдан наметавонист.

Ҳукумати шуравӣ сарчашмаи нобаробариро дар хонаводаҳои патриархалӣ- мардсолорӣ медид, ки акнун вазифаи солорро давлат ба уҳда дошт ва дар шахси комитетҳои партиявӣ, иттифоқҳои касаба ва коркунони милитсия занон пуштибони худро медиданд ва метавонистанд аз болои шавҳари худ шикоят баранд. Мардон нақши саробон ва муҳофизи худро бо тамоми имтиёзҳо дубора барқарор карда натавонистанд ва дар буҳрони амиқи муносибатҳои хонаводагӣ қарор гирифтанд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шуравӣ шароит ба маротиб душвортар шуд, зеро таҳаввулоти иҷтимоӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ пеш аз ҳама ба занон зарбаи сахт зад. Онҳое, ки имкони кор накарданро доштанд, хонашин шуданд. Бархе аз занҳо аз рӯйи ҳоҷат ва таъминоти маишии хонавода ба соҳибкории хурд – тиҷорат ва кашидани борхалтаҳои молу колои хурд аз хориҷ ба кишвар машғул шуданд. Қисми боқимондаи бонувони коргар ба муасиссаҳои буҷавии кишвар рӯй оварданд. Мардҳо худро ба сектори соҳибкории хурду бузург заданд. Муҳаққиқон замони бозсозиро замони эҳёи падарсолорӣ (патриархатный ренессанс) номиданд. Иддае фикр мекарданд, ки ин як стратегияи наҷоти муваққатӣ дар шароити номуайянӣ аст. Ба ин ё он роҳ ба «мақсади ҳақиқӣ» баргаштани зан ба амал омад. Дар давоми қариб сад сол «масоили занон» аз даъватҳо барои озод кардани занон аз «ғуломии ошхона» ва ҷалби онҳо ба сохтмони ҷомеаи нав ба поён расид.

Дар шароити кунунӣ мо дар давлати демократӣ вожаҳои “гендер”, “баробарии гендерӣ”-ро омӯхтем. Пажӯҳишҳои гендерӣ оғоз шуданд, дар муассисаву марказҳо ба омӯзиши ҳуқуқҳои гендерӣ машғул ҳастанд – ин ҳам як қисми сиёсати давлатист.

Бо ба даст овардани Истиқлол таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат ба қадру манзалати занон дар ҷомеаи мустақили миллӣ ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардид ва пайҳам қонунҳои мутааддиде ба тасвиб расиданд.

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;

– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);

– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст.

Албатта, Президенти муҳтарам ва институтҳои давлатӣ, чуноне ки мебинем, дар ин росто чораҳои зиёде андешидаанд, аммо ҷомеа бо гузаштани сӣ сол аз бунёди давлати соҳибистиқлол ба мақому манзалати зан назари ҳамгун надоранд: бахше аз афроди ҷомеаи мо ба самти сохтори мардсолорона (бар пояи суннатҳои гузашта), бахше ба самти назарияи феминистии шуравӣ ва бахше ба самти баробаргароёна (гендерӣ) ва инсонгароёна ҳаракат мекунанд. Дар тӯли солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ мақоми зан то ҳол дар маърази таҳаввулот қарор дорад ва шояд як сабаби носозгории ҷавононе, ки оилаи нав бунёд мекунанд аз бархурди ҳамин дидгоҳҳои мухталиф дар ҷомеа нисбати ҷойгоҳи зан маншаъ мегирад. Умед аст, ҳар чӣ зудтар ин дидгоҳҳо бо гузашти замон, хираду заковати афроди ҷомеа ва таҷрибаи андӯхтаи рӯзгор суфтаву рехта шуда, шакли устувору меъёрии ба ҷомеи тоҷик муносибро касб кунанд.

Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохӯриҳояшон аз фидокории занони тоҷик, меҳнату заҳмати содиқонаи онҳо таърифу тавсиф мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми имсола қайд карданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо афроде ҳастанд, ки ба зан ҳамчун ҷинси дувум назар мекунанд ва бояд ҷомеа ба самте равад, ки ин нигоҳро тағйир диҳад. Албатта занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро кардаанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ширкат карда, нақши пурранг дошта бошанд. Зан бояд дониш, истиқлоли фикриву иқтисодӣ дошта бошад, то эътимод ба худаш боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа ибтикору иқтидори бештаре дошта бошад, зеро зани босавод натанҳо як хонавода, балки як ҷомеаро бомаърифат мекунад. Занон сангинтарин масъулият – тарбияти хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд.

Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад. Сарвари давлат ҳам борҳо инро таъкид кардаанд, ки “мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022).

Масъулияти хонаводагии зан бояд аз ҳама муқаддамтар бошад ва агар ҳузури зан дар ҷомеа боиси аз ҳам пошидани хонаводае гардад, пас ин омил боиси пасравӣ ва заволи ҷомеа мегардад. Зан метавонад масъулияти иҷтимоии муассире дар ҷомеа дошта бошад ва ҷомеа наметавонад аз неруи кори занон бениёз бошад.

Қолаби суннатии хонавода дар ҷомеаи мо, ки дар он падар коргар асту модар хонадор тағйир накардааст, аммо ин қолаби хонавода ниёз ба мушорикат ва баробарӣ дорад. Зани асри ХХI мутаваҷҷеҳ мешавад, ки барои хушбахтии худ ва хонаводааш бахшҳои аслии зиндагии худ – хонавода ва кори иҷтимоиро бо ҳам таркиб кунад.

Шеъри шоири равоншод Фурӯғи Фаррухзод паёми возеҳу рӯшан баҳри пешрафту шукуфоии занон дар хонаводаву ҷомеа аст.

Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш эй зан,

Бинмой зи иффату шараф ҷома бар тан.

Аз илму ҳунар вуҷуди худ зинат кун,

То марди наку бипарварӣ дар доман.

Фарангис Шарифзода

директори Институти забон ва

адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ,

доктори илми филология, профессор

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО