12 Jun 2026
Submitted by Admin
15

Нимаи дуюми рӯз кори Конференсия дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ идома ёфт. Дар ин бахш 16 гузориши илмии донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ перомуни рӯзгор, осор ва ҷойгоҳи адабии Робиаи Балхӣ ироа гардид. Суханронон аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва мероси гаронбаҳои ин шоираи номвар ёдовар шуда, нақши ӯро дар ташаккули адабиёти форсии тоҷикӣ баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Эъломияи иштирокдорони Конференсия қироат гардид, ки дар он як қатор пешниҳодҳо ва тавсияҳо ҷиҳати густариши таҳқиқоти робиашиносӣ ва муаррифии ҳарчи бештари мероси Робиаи Балхӣ баён шудаанд.

Конференсия бори дигар собит сохт, ки аҳди Сомониён воқеан аз дурахшонтарин саҳифаҳои таъриху тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Робиаи Балхӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи он даврон то имрӯз дар фазои фарҳангиву адабии мо боқӣ монда, номи ӯ ҳамчунон рамзи истеъдод, озодандешӣ ва ҷасорати сухан аст.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО