20 May 2024
Submitted by Admin
937

Омӯзиши матн бо равишҳои гуногун аз нимаи дуюми асри XX вусъат пайдо карда, ҳанӯз дар солҳои 50-уми садаи ХХ дар забоншиносии шуравӣ аз тарафи забоншиноси маъруф А. М. Пешковский яке аз воҳидҳои ҳамгуни матн бо унвони «банди синтаксисӣ», ки маҷмуи якчанд ҷумлаҳои алоқамандро мефаҳмонд, пешниҳод шуд. Шуруъ аз солҳои 80-уми садаи ХХ матн ба яке аз мавзуъҳои муҳими таҳқиқоти забоншиносӣ табдил ёфт. Дар солҳои охир корҳои зиёди арзишманд доир ба таҳқиқи забоншиносии матн рӯйи кор омаданд, ки навиштаҳои Р. Барт, И. Р. Гальперин, З. Я. Тураева, Хомский ва дигаронро номбар кардан мумкин аст. Аз забоншиносони тоҷик Ф.Қ.Зикриёев, М.Зикриёева, Б.Камолиддинов, С.Каримова, З.Мухторов, ба масъалаи матн ҳамчун воҳиди наҳв даст задаанд.

Матн ва сохтори онро ҳамчун ҷузъи наҳв забоншинос Б.Камолиддинов баррасӣ намуда, чунин таъриф намудааст: “Матн нисбат ба ҷумлаҳои мураккаб ва ҳатто ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеи сертаркиб ва омехта аз лиҳози дар бар гирифтани воҳидҳои иртиботии наҳв бузаргтарин буда, аз ҷиҳати сохтори маъноию грамматикӣ ва воситаҳои алоқаи ҷуъҳо ба куллӣ фарқ мекунад”(6,250).

Аввалин пажуҳиши густарда дар масъалаи матн аз ҷониби муҳаққиқ З.Мухторов анҷом шудааст. Дар монографияи З.Мухторов – “Сохтор ва маънои матн (Структура и семантика текста)” назарияи матн ва шинохти он, принсипҳои матн ва категорияҳои он, вижагиҳои сохторӣ ва навъҳои алоқа дар матн бар асоси назарияҳои муосири забоншиносони ғарбӣ зикр шуда, бо овардани далелу шавоҳиди зиёд таҳлил шудаанд. Ба андешаи ин муҳаққиқ то ҳол “барои баррасии матн ҳамчун воҳиди мураккаби забонӣ, методологияи асоснокшуда сохта нашудааст” (8, 219).

Матн (текст) воҳиди бузургтарини наҳв буда, як порчаи яклухт аст, ки аз ҷумлаҳои сода ва мураккаби гуногун ташкил мешавад. Дар дохили матн ҷумлаҳо бо њам бо чандин воситаҳои грамматикӣ алоқаманд шуда, як матни яклухтро ба вуҷуд меоваранд. Алоқаи мантиқӣ аз ҳисоби ташкили дурусти қисмҳои матн, пайдарҳамии фикр ва алоқамандии ҷумлаҳо байни якдигар ба даст оварда мешавад. Дар матн занҷираи пайвасти фикр, ки як ҷумла бар замми ҷумлаи дигар омадааст, равон хонда мешавад.

Матн аз рӯйи ҳаҷм, мавзӯъ ва сохтор ҳар хел мешавад. Муҳаққиқон матнҳоро аз рӯйи усули баёни мазмуни матн ба тасвирӣ, ҳикоягӣ ва муҳокимавӣ ҷудо намудаанд. Ин се навъи матн дар услубҳои гуногун корбурд доранд, аммо вобаста ба таъийноташон дар услубҳое бештар корбаст шуда, дар дигар услубҳо камтар ба назар мерасанд. Масалан матни муҳокимавӣ бештар хоси услуби илмӣ аст ё матни тасвирӣ дар услуби бадеӣ бештар корбаст мешавад.

Мақсади матни тасвирӣ (ё тавсифӣ - дар забоншиносии Эрон) нишон додани предмет ё сифати дохилӣ ва берунии мавсуф ё тасвирёбанда аст ва он бештар дар услуби илмӣ ва бадеӣ меояд. Услуби илмӣ тавсифи дақиқи объективиро талаб мекунад, услуби бадеӣ бошад ҷанбаҳои отифӣ ва айниро ҳангоми тавсиф талаб мекунад. Матни тасвирӣ монанди наққошӣ ё акс собит аст, зеро ҳам наққош ва ҳам нависанда қасди тасовире хосро мунтақил кардан доранд, то бинанда ё хонанда тасаввури дақиқ дар бораи он чи мебинад ё мехонад, дошта бошад. Чунончи, ба матни зерин саволҳо гузоштан мумкин аст: предмет ё шахси тавсифшаванда чӣ гуна аст? чӣ хел аст? чӣ нишонаву хосият дорад?

Ӯ ҷавоне буд баландболо, фарохкитф, худованди неру рустамона ва салобати хусравона. Танҳо меҳри аз ҳад зиёди сайёди ҷавонро ба шикор, мардум кӯтаҳии ӯ медонистанд (“Сайёд”-и Баҳманёр).

Дар шеъри “Ёд” Муъмин Қаноат, ки барои бародараш Анвар бахшидааст, симо ва қадди болои бародарашро чунин тасвир кардааст:

Бахти баланд – сурати қадди баланди ту,
Фарёди бахт – шиҳаи аспи саманди ту.
Дар остона хам шудӣ, кошона паст буд,
Баҳри саодате, ки туро сарпараст буд.
Захме ба тоҷгоҳи ту дидам чу моҳи нав,
Бар номаи сиёҳи ту дидам гувоҳи нав.
Дар ҷабҳаат нишонаи қоши дугона буд,
Дар синаат ситорае аз нордона буд. (Ойинаи беғубори ман,27)

Матнҳои тасвирӣ метавонанд тасвири табиат, муҳит, шахс, предмет, ҳолнома, тасвири факти илмӣ бошанд, ки бо услубҳои гуногун навишта шудаанд. Масалан, матни тасвирии бо услуби бадеӣ навишташуда аз С.Айнӣ:

Дар як гӯшаи шарқии он тал ба болои тахтасанги мармаре, ки бар сари қабре ниҳода шудааст, нишаста, ба рӯйи замин назар меандохтед, алафзорҳои юнучқа, ки то миёни одам қад кашида ҳанӯз гул накардаанд, ба назаратон ҷилвагар мешуданд. Дар он юнучқазорҳо барраҳои ширмаст, ки барои озодона чариданашон соҳибонашон сар додаанд, монанди мурғобиҳои ба даруни оби зулол шино мекардагӣ сайр менамуданд... (С.Айнӣ).

Дар шеъри “Зилзила” ҳодисаи табии, ки маъмулан дар услуби илмӣ шарҳу таъриф мешавад, бо диди олимонаву шоирона тасвир ёфтааст:

Замин аз реша то сарнавдаҳои себ меҷунбад,
Замин аз зер то рӯяш чӣ пуросеб меҷунбад,
Яку якбора аз шохи дарахтон барф мерезад,
Баногаҳ рехт аз фарқи сарам сармо.
Ва урён мешавад шохи ниҳоли себи хубонӣ,
Ва гирён мешавад дар кӯҳсорон абри боронӣ,
Ва аз най мебарояд нолаҳои зори чӯпонӣ,
Зи мағзи устухонам мебарояд нолаю фарёд.
(Ойинаи беғубори ман,39)

Матни тасвирӣ аз се қисм иборат аст: дар аввал бардошти куллӣ аз шайъ ё падидаи тавсифшударо муаллиф мунтақил мекунад, баъзан танҳо онро ном мебарад ё ба он ишора менамояд; дар қисми дувум ҷузъиётро батафсил меоранд, хусусиятҳои мавсуфро тавсиф мекунанд; қисми сеюм натиҷагирӣ аз тавсифи мавсуф ва баёни муносибати нигоранданда ба он мебошад. Дар шеъри “Зилзила” дар қисми аввали матн – мисраи аввал танҳо ишора ба зилзила ба воситаи исми замин ва феъли ҷунбидан, яъне Замин аз реша то сарнавдаҳои себ меҷунбад шуда, дар қисми дувуми матн – мисраъҳои дуву се ҳодисаҳое, ки дар пайи зилзила рух медиҳанд, тасвир шуда, дар қисми сеюм – мисраи чаҳорум натиҷагирӣ ва бардошти худро шоир аз зилзила менависад: Баногаҳ рехт аз фарқи сарам сармо. Зи мағзи устухонам мебарояд нолаю фарёд.

Ҳангоми тавсифи портрети қаҳрамон натанҳо симои зоҳирии он, балки ҳолати равонии ӯ, сару либос ва амалу ҳаракти ӯ ба воситаи алоқаи занҷирӣ ё ҳамзамонӣ моҳирона ба тасвир кашида мешавад:

Навоҳо об мегардад,
Ба рӯйи саҳна мерезад,
Садо аз мавҷҳои реза мехезад.
Ба нармӣ қуи зебое
Ба рӯйи мавҷ обӣ шуд,
Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.
Гаҳе аз нармрафторӣ
Гули дар об мегардад.
Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.
Гаҳе аз ишқ меболад,
Гаҳе хомӯш менолад.
Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад! (Ойинаи беғубори ман,17)

Дар мавриди матни тасвирӣ будани шеъри “Нарав қуи сафеди ман” адабиётшинос Х.Шарифзода мегӯяд: “дар зоҳир зиёдтар тасвир аст, вале агар бештар таваҷҷуҳ шавад, он чи дар назари аввал тасвир менамояд, дар охири кор сайри изтироби ангехтаи ҳаяҷони гӯянда аз вазъи пеши назар мебошад. Вақте шоир мегӯяд, ки “Навоҳо об мегардад, Ба рӯи саҳна мерезад” ҳолати худи ӯст аз таъсири навоҳо ва зохири тасвир ва мисраъҳо низ ба ҳама тасвирнамоӣ, бозгӯи ҳолати руҳии шоир мебошанд ...” ва “тасвиргарӣ хондани он ҳақиқати бебаҳс аст” (10,79).

Давоми шеър матни ҳикоягӣ буда, шоир “сабабгори инфиолоти нафсонӣ ва нақли пурҳаяҷони худро мухотаб месозад” (Савти аҷам,80). Як хусусияти муҳим ва ҷолиби шеъри Муъмин Қаноат ин аст, ки шоир муназзам аз эҷоди матни тасвирӣ ба матни ҳикоягӣ мепардозад, ки намунаашро дар шеърҳои “Зилзила” ва “Марав қуи сафеди ман” дидем.

Шудам дар ин шаби сармо кабоби ӯ.
Зи дилбозии он дилбар,
Зи рақси қуи афсунгар
Ҳазорон чашмаҳо чун ҳавзи пуроб аст,-
Дар он ҷо ҳур мерақсад.
Ба дилҳо ҷӯр мерақсад.
Даруни дидаҳо чун нур мерақсад
.

Мақсади матни ҳикоягӣ нақл кардан ё хабар додан дар бораи ҳодисаҳои пайиҳам ба вуқӯъ омада дар фазо ва вақт аст, аз ин рӯ ба матн чунин савол гузошта мешавад: амал ё ҳолат минбаъд чӣ тавр сурат гирифт? Аввал чӣ воқеа рӯй дод ва баъд чӣ воқеа рӯй медиҳад? Чунончи дар матни зайл:

Восеи ҷавон дар рӯзҳои гурезагии худ дар кӯҳ бо Назир-мерган ном шикорчӣ шинос шуд. Ду-се рӯз дуяшон ҳамроҳ дар кӯҳҳо ба камони пилтагӣ шикор карда гаштанд, аммо шикорашон барор нагирифт. Рӯзи охирин Восеъ иттифоқо бо камони Назир нахчирро тир зада, сабук захмдор кард (С.Улуғзода).

Матни ҳикоягӣ бо алоқаи занҷирӣ (пайиҳамзамонӣ) сохта шуда, ҳодисаву воқеаҳо дар он паси ҳам воқеъ мегарданд. Масалан дар шеъри “Меҳри модар” занҷираи воқеаҳо чунин баён шудаанд:

Савти аввалро, ки бишнидам аз он,
Ҳаст танҳо дар навои булбулон.
Ҳарфи аввалро, ки бишнидам аз он,
Ҳаст ҳоло дар забони кӯдакон...
Як замон гаҳвора бар ман танг шуд,
По ниҳодам, пойгоҳам санг шуд.
Даст бурдам, монд дастам дар ҳаво,
Боз модар дошт як дасти маро... (Ойинаи беғубори ман,12)

Дар матни ҳикоягӣ хабар амали пайдарҳам иҷрошудаи як шахс ё шайъро ифода мекунад. Матнҳои ҳикоягӣ метавонанд матни тарҷумаи ҳолӣ, ҳикоят, матни хабаррасон, ҳисобот, роҳнамо ва ғ. бо услубҳои гуногуни нигориш бошанд.

Дар эҷоди шеъри “Қиссаи чархи фалак” нақши матни ҳикоягӣ беназир аст ва ҷумлаҳои байтҳо ба воситаи алоқаи занҷирӣ ба шакли муттасил омада, ҳодисаву воқеаҳо паси ҳам сурат гирифтаанд:

Буд марди содае дар як замон,
Дошт як хар аз ҳама моли ҷаҳон.
Аз қазо рӯзе ба маъвое расид,
Ки дарахте баҳри харбандӣ надид.
Ӯ харашро дар нишеби чарх баст,
Хоб омад, рафт андар хоби маст.
Беибо бардошт аз фарқаш баланд
В-аз фарозӣ ҷониби дарё фиканад.
Соҳиби хар чун саҳар аз хоб хест,
Дид бечора хараш дар ҷой нест. (Ойинаи беғубори ман,57).
Ё дар шеъри “Садди назар”:
Дар пушти тиреза менишастам рӯзе,
Бо дидаи чор.
Дидам ба хирому нози оламсӯзе
Меомад ёр,
Наззораи ман бол ба сӯяш бикшод,
Афтод ба дом.
Ҳушам зи сарам парида омад бари ӯ
Аз баҳри салом.

Матни шеърҳои “Меҳри модар”, “Дурри ноёб”, “Ману шабҳои бехобӣ”, “Созҳои Шероз”, “Ёд”, “Парандаҳои навбаҳор”, “Бигзарад”-и Муъмин Қаноат аз рӯйи тарзи баён ва банду басти ҷумлаҳо ҳикоягӣ аст.

Дигар аз навъи матн матни муҳокимавӣ аст ва бештар дар услуби илмӣ корбурд дорад. Мақсади матни муҳокимавӣ асоснок кардани тезис (пешниҳоди мавзуъ), фаҳмондани сабаби воқеъшавии зуҳурот ё ҳодиса ва моҳияти он мебошад, аз ин рӯ ба матн чунин саволҳо гузошта мешаванд: барои чӣ? сабаби ҳодиса чӣ аст? аз он чӣ бармеояд? натиҷа ва оқибати ҳодиса чӣ мешавад? Муҳокима аз ду қисм иборат аст: қисми аввал мустаҳкам кардан (тезис) аст, ки онро мебояд исбот кард ва дар қисми дуюм далел ва мисол оварда шуда, дар охир масъалаи баррасишуда натиҷагирӣ мешавад. Хусусиятҳои сарфиву наҳвии матни муҳокимавӣ инҳоанд: корбурди ҳоли сабаб ва шарт; истифодаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб ва шарт; корбурди калимаҳои бо маънои баҳодиҳӣ, тасдиқ ё рад кардани чизе, муқоиса, муқобилгузорӣ, умумӣ кардан ва асоснок кардани сар задани ин ё он амал ё ҳолат, масалан: ҳамин тавр, аз ин бармеояд..., бо сабаби, дар натиҷаи, ҷамъбаст, хулоса.

Дар шеъри “Дил мешавад”-и Муъмин Қаноат матни муҳокимавӣ ба воситаи ду ҷумлаи мураккаби тобеъ бо ҷузъи пайрави ҳоли шарт бо алоқаи занҷирӣ бисёр моҳирона ва аз ҷиҳати наҳвӣ дуруст эҷод шудааст:

Гар чароғон давра ороянд, қандил мешавад,
Маҷмаи эҳсос дар якҷоягӣ дил мешавад.
В-ар ба ҷое дасту дилҳои ҷавон якҷо шавад,
Чӯл боғу гӯшаи вайрона манзил мешавад. (Ойина беғубори ман, 41)

Дар шеърҳои “То куҷо ронанд одамро”, “Ниёиш”, “На ҳукм на ҳикмат” аввал масаъала (проблема) дарҷ гардида, бо далелҳо асоснок карда шуда, сипас муҳокимаву баррасӣ шуда, муаллиф андешаҳояшро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст мекунад:

Чунончи дар шеъри “То куҷо ронанд одамро?” дар байти аввал масъалагузорӣ – “Ҷанги зарротӣ шуда оғоз дар бозори зар, Хатти зар ё хатти озар меравад аз мағзи сар”, сипас баррасии “ҷанги зарротӣ” ва даҳшату зарари он баён мешавад:

Мекунад бе зарба бими ҷанг имонро хароб,
Тарҳи ҷангу сулҳбозӣ карда виҷдонро хароб
Ёфт Амрико чунон дар оташи зар обу тоб,
Мекашад аз зарпарастон зардрӯӣ офтоб...
Ин силоҳи маҳви оламро, агар хонӣ сипар,
Кас намебинам дар ин пушти сипар соҳибзафар...

Хулоса ва натиҷагирӣ:

Даст деҳ, инсони ҳамсайёра, ҳамгавҳораам,
Аз ҳавои нафс ту сарсону ман овораам.
Мо чу одам соҳиби нафсу ниҳолон дар самар,
То куҷо ронанд Одамро, куҷо, бори дигар?!

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шеъри Муъмин Қаноат бештар матни ҳикоягию тасвирӣ ва ба нудрат матни муҳокимавӣ омадааст. Воситаи алоқаи ҷузъҳои матни ҳикоягиро алоқаи занҷирӣ ва дар матни тасвирӣ алоқаи ҳамзамонӣ иҷро кардааст.Баъзан дар як шеър ду навъи матн- ҳикоягиву тасвирӣ ҳам мушоҳида мешавад, ки аз маҳорати баланди шоирӣ ва дониши хуби забондонии ӯ ва риояи асосҳои бунёдии наҳви забони тоҷикӣ аз ҷониби шоир дарак медиҳанд.

Шарифзода Фарангис директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ​

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО