13 Sep 2024
Submitted by Admin
463

Номшиносӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва арзишманд ба ҳисоб рафта, таҳлилу таҳқиқ ва рамзкушоии онҳо ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки ба вижагиҳои таърихи миллати худ ошноӣ пайдо кунад. Махсусан, омӯзиши маъноӣ ва сохтории номвожаҳои ҷуғрофии бунёдӣ, ки аз фарҳанги волову ботамаддуни мардуми ориёитабор, зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти онҳо маълумот медиҳанд, ки хеле муҳим аст.

Номвожаҳои ҷуғрофӣ дар раванди давраҳои тӯлонӣ ба баъзе тағйироту таҳаввулот дучор гардида бошанд ҳам, бештари онҳо дар шакли аслии худ маҳфуз монда, асолати бунёдии худро нигоҳ доштаанд. Бинобар ҳамин, ин навъи номҳои ҷуғрофӣ барои наслҳои имрӯзаву минбаъда дар хусусӣ забонҳои қадимаву миёнаи матрукамон, суннатҳои ҳунармандӣ ва пешаи гузаштагонамон, сарватҳои гаронбаҳои табиӣ сарзамини паҳноварамон маълумоти таърихӣ ва забонӣ медиҳанд.

Муссалам аст, ки номвожаҳои ҷуғрофӣ як қисмати ҷудонашавандаи таърихи ҳар халқу миллатанд. Аз ин сабаб онҳо вобаста ба раванди ташаккулёбии ҷомеа ба вуҷуд меоянд.

Яке аз хусусиятҳои номвожаҳои ҷуғрофӣ дар он таҷассум меёбад, ки онҳо ҷузъҳои устувор ва кам таҳаввулёфтаи забонҳои бостон ва миёнаро нигоҳ доштаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми сиёсати забони давлатии мо, ин эҳёи номҳои миллии тоҷикӣ ва ба танзим даровардани онҳо мебошад.

Ба танзим даровардани номҳои ҷуғрофии кишварамон аз ҷумла, номи деҳаҳои таърихӣ, шаҳру ноҳияҳо, бисёр масъалаи нозук буда, онҳо таърихи зиндаи забон ва миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, бояд номҳои асили тоҷикидошта ҳифз шаванд ва номи топонимҳое, ки бо сабабҳои гуногун ва маълум тағйир ёфтаанд, аз нав барқарор гарданд.

Номвожаҳои ҷуғрофӣ сарчашмаи боэътимод ва муҳимми таърихиву забонӣ мебошанд, зеро онҳо ба фарҳанги ҳар халқу миллат робитаи мустаҳкам доранд. Инчунин номвожаҳои ҷуғрофӣ дар худ нақлу ривоятҳои ҷолиберо роҷеъ ба мавзеъ, сабаби чунин ном гирифтан ва амсоли инҳоро нигоҳ доштаанд, ки ин яке аз хусусиятҳои таърихии онҳо ба ҳисоб мераванд. Пажуҳишҳо ва сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофӣ нишон медиҳанд, ки бархе аз топонимҳо, аз ҷиҳати ном, шакл таҳаввул ёфта ва ё аз байн рафтаанд ва ё бар асари табдили ҷою макон аз ҷониби халқу миллатҳои ғайр (бегона) номҳои дигар гирифтаанд.

Бинобар ин, номвожаҳои ҷуғрофие, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, бадеӣ сабт гардидаанд, дорои вижагиҳои маъноӣ ва сохтории махсус буда, ин хусусиятҳо ҳангоми таҳлил, таҳқиқ ва рамзкушоии онҳо ба таври мушаххас муайян мешавад.

Бо вуҷуди пажуҳишҳои гуногун ва зиёд номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон, ки яке аз қисматҳои муҳим ва боарзиши таъриху фарҳанг, хосатан забони миллии тоҷикон ба ҳисоб мераванд, то ба ҳол ба таври мукаммал мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд.

Чуноне маълум аст, дар номҳои ҷуғрофии кишварамон ба ҷуз аз номҳои бунёди тоҷикидошта, номҳои зиёди ҳифзгардида аз давраҳои бостон ва миёнаи забонҳои эронӣ, аз ҷумла суғдӣ, хоразмӣ, паҳлавӣ, бохтарӣ, сакоӣ ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасанд, ки насли имрӯза ба мафҳуми онҳо сарфаҳм намераванд. Инчунин бахше аз номҳои ҷуғрофӣ ба забонҳои шарқии эронии нави Тоҷикистон, дар мисоли забони яғнобӣ, ки яке аз гӯйишҳои забони суғдӣ мебошад ва гурӯҳи забонҳои помирӣ мутааллиқанд, аз ин рӯ, маҳз, маънои онҳоро тавассути ин забонҳо муайян кардан мумкин аст.

Ҳангоми таҳлил ва таҳқиқи чунин номвожаҳои ҷуғрофӣ на танҳо хусусиятҳои забонии онҳо, балки ҷанбаҳои этнографӣ (мардумшиносӣ), таърихӣ, ҷуғрофӣ, этнолингвистиашон низ муайян мегарданд. Бо ҳамин мақсад мо такя ба пажуҳишҳои то ба ҳол анҷомёфта, бархе аз топонимҳои болооби Зарафшон, аз ҷумла номи чанд деҳаи ноҳияи Айниро мавриди таҳқиқ қарор додем, ки аз ҷиҳати шакл ва маъно хеле ҷолибанд.

Забоншиносии тоҷик дар давоми беш аз сад сол хеле ташаккул ёфтааст, зеро дар ин муддат, махсусан дар замони Истиқлол аз ҳисоби пажуҳишҳои соҳаҳои гуногун таркиби луғавии он ғанӣ гардидааст. Омӯзиш ва баррасии масъалаҳои мухталифи забони тоҷикӣ, аз ҷумла таҳқиқи гӯйишҳо, ономастика (номшиносӣ), забонҳои помирӣ ва яғнобӣ дар давраи Истиқлол вижагиҳои бунёдиеро ба худ касб намуданд, ки сабаби асосии он таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатӣ гирифтани забон мебошад.

Омӯзиши сарчашмаҳои забоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дараҷаи таҳқиқи бахшҳои гуногуни забони адабии ҳозираи тоҷикӣ дар сатҳҳои мухталиф анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, бахшҳои дастурии забон (грамматика), калимасозии ҳиссаҳои нутқ, махсусан калимасозии исм ва сифат, ономастика то андозае ба таври муфассалтар мавриди пажуҳиш қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, баъзе паҳлуҳои онҳо таҷдиди назар мехоҳанд ва бархе масъалаҳо ниёз ба таҳқиқро доранд.

Ҳамин тавр, дар давраи Истиқлол ба забони давлатӣ соҳиб гардидани забони тоҷикӣ таҳлил ва баррасии масъалаҳои гуногуни бахшҳои он низ аҳаммияти махсусро ба худ касб намудааст. Инчунин баррасии осори адибони адабиёти классикӣ аз нуқтаи назари методологӣ ва дидгоҳи нав хеле муҳим мебошад. Аз осори адибон калимаҳои нодир ва номвожаҳои ҷуғрофиеро пайдо кардан мумкин аст, ки таҳқиқи онҳо мувофиқи матлаб хоҳанд буд.

Номшиносӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи ҳар халқу миллат буда, он баёнгари давраҳои гуногуни рушду густариши забон аст. Аз ин рӯ, таҳқиқи самтҳои мушаххаси он яке аз масъалаҳои муҳимми забоншиносӣ ба шумор мераванд, зеро номҳо, махсусан номвожаҳои ҷуғрофӣ дар бораи ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ маълумот медиҳанд.

Дар ин мақола танҳо чанд номвожаи ҷуғрофии ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз ҷумла Пете, Пинён, Пулларовт, Ғаберӯд, ки номҳои таърихии куҳани худро то имрӯз нигоҳ доштаанд, ба риштаи пажуҳиш дароварда мешаванд.

1.1. Pēte [Пете] яке аз номи деҳаҳо, ё маҳалли сукунат, ки мутааллиқ ба ноҳияи Айнӣ мебошад, аз тарафи рости дарёи Яғноб воқеъ гаштааст. Ин номвожаи ҷуғрофӣ аз ҷиҳати сохт сода буда, аз рӯйи баромад ба забони суғдӣ робита дорад. Номвожаи ҷуғрофии мавриди андеша дар матнҳои суғдӣ ба мушоҳида мерасад ва дар «Фарҳанги суғдӣ» низ тавзеҳ ёфтааст. Вожаи Pēte дар фарҳанги номбурда ба гунаи pyte [pēte] ба қайд гирифта шудааст, ки айнан ба шакли имрӯзаи номи деҳа сад дар сад мувофиқат мекунад, яъне ба тағйироте рӯ ба рӯ нашудааст.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар давраҳо ва замонҳои дуру дарози таърихӣ, бо вуҷуди аз байн рафтани забони суғдӣ дар бештари мавзеъҳои водии Зарафшон калимаҳои зиёде аз ҷумла, номҳои ҷуғрофӣ асолати бунёдии худро нигоҳ доштаанд. Чунин вижагӣ, махсусан ба номвожаҳои ҷуғрофии минтақаи Зарафшон алоқаи қавӣ дорад, ки аз ин вижагӣ деҳаҳои ноҳияи Айнӣ ҳам истисно нестанд. Бештари номҳои ҷуғрофии ин минтақа номҳои қадимаашонро ҳифз намудаанд, вале насли имрӯза ба маънои аслии онҳо сарфаҳм намераванд, чунки бо гузашти асрҳои зиёд мафҳуми онҳо оҳиста-оҳиста ба ёди фаромӯшӣ рафтааст. Сабаб шояд дар он бошад, ки маънои чунин номвожаҳоро наслҳои гузашта ба наслҳои ояндаву минбаъдаашон гӯшрас накарда бошанд.

Бо вуҷуди ин, то замони мо, хушбахтона яке аз гӯйишҳои забони суғдӣ дар дараи Яғноб боқӣ мондааст, ки бо шарофати он маънои бештари номвожаҳои ҷуғрофии ин минтақаро дарёфт кардан мумкин аст.

Вожаи pēte дар «Фарҳанги суғдӣ» ба маънои «гумшуда, нопайдо» ба таври дигар гӯем, ҷойи ноаён, нонамоён, ҷойи пинҳонӣ шарҳ дода шудааст: pēte ©<*pyty; Parth. аpēdag [Gharib, 1995, 8387].

Маънои дигари ин номвожа баландӣ ё дидбонгоҳ мебошад, ки дар «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» низ ба ҳамин маъно тавзеҳ ёфтааст [2019, 111].

Дар ҳақиқат ҳамин хусусиятҳои табиӣ ва ҷойгиршавӣ ба номи деҳа мувофиқат мекунад. Деҳа дар баландӣ ва ҷойи нонамоён ҷойгир шудааст.

1.2. Pinyon [Пинён]. Ин деҳа дар дараи Фон ҷойгир шуда, номи он аз ҷиҳати баромад, марбут ба забонҳои шарқӣ эронии давраи миёна мебошад, ки решаи яке аз ҷузъҳои он ба забони санскрит рафта мерасад. Аз нигоҳи сохт pinyon вожаи мураккаб буда, аз ду ҷузъи мустақилмаъно таркиббандӣ шудааст. Ин номвожаи ҷуғрофӣ шакли таҳаввулёфта аз pаnyon аст, вале имрӯз дар забони мардум ба гунаи pinyon маъруфият пайдо кардааст. Чуноне мебинем овози садоноки а ба овози садоноки i (и) табдил ёфтааст, яъне танҳо тафовути овозӣ (фонетикӣ) дар ҳиҷои аввал ба мушоҳида мерасад.

Ҷузъи аввали номвожаи ҷуғрофии мавриди назар pan дар матнҳои суғдӣ ба кор рафта, дар “Фарҳанги суғдӣ” чунин тавзеҳ ёфтааст: pn- [pan] ©˂ skt. pana ﭙﻭﻞ ﺳﮜﻪ [Gharib, 1995, 6874].

Ин калима дар забони яғнобӣ айнан дар ҳамин шакл маъмул мебошад, ки ба маънои зайл ба кор меравад: panak (pan асоси замони ҳозираи феъл; apan асоси замони гузаштаи феъл) ба маъноҳои 1. нонпар задан, парак задан; 2. хастан, халондан (дар мавриди чизҳои нӯгтез, ба монанди сӯзан, хор... ): Podotiš sinčinipi pan. -“Пойҳояшро бо сӯзан бихал” [Мирзозода, 2008, 147; 2008, 245-246].

Ҷузъи дуюм низ аз ҷиҳати баромад мутааллиқ ба забонҳои қадима ва миёнаи эронӣ буда, дар “Фарҳанги суғдӣ” ба таври зайл маънӣ шудааст, ки дар бештари матнҳои суғдӣ дар шакли имрӯза ба мушоҳида мерасад: ywn yōn ©˂ Av. yaona ﯥ ﺟﺍ ﯩﺮ ꜥ ﺟﺍ ꜥﻦ ﻤ [ҳамон ҷо, 11056].

Ҳамин тавр, дар маҷмуъ ин номвожаи ҷуғрофӣ, яъне Panyōn (шакли имрӯза Pinyon)-ро метавон чунин маънӣ кард: макони (ҷои) сикка, ҷои пулбарорӣ, макони сикка задани пул, сиккахона.

Маълум аст, дар забоншиносии тоҷик, аз ҷумла дар бобати омӯзиш ва таҳқиқи калимаву истилоҳоти соҳавӣ, бавижа рамзкушоии маводи номвожаҳои ҷуғрофии субстрати суғдии болооби Зарафшон паҳлуҳои ба таҳқиқ нарасида кам нестанд. Аз ин рӯ, чанд номвожаи ҷуғрофие, ки мо интихобан аз деҳаҳои ноҳияи Айнӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ ва рамзкушоӣ қарор додем, ба яке аз масъалаҳои муҳимму судманд барои аҳли таҳқиқ ва насли имрӯзаву минбаъда марбут аст, зеро онҳо дар пажуҳишҳои бархе аз мутахассисони минтақа, дар мисоли А. Л. Хромов, Б. Тӯраев танҳо номбар шудаанд.

1.3. Pullarowt [Пулларовт]. Номи деҳае мебошад, ки дар қисмати офтобрӯ, самти рости дарёи Яғноб дар бағали як дараи хурде ҷойгир шудааст. Pullarowt аз ҷиҳати сохт номвожаи мураккаби пайваст буда, аз ду бахш pulla ва rowt корбаст гардидааст. Ин номвожаи ҷуғрофӣ дар гуфтори мардуми Яғноб ба гунаи Pularowt талаффуз мешавад, яъне як овози ҳамсадои l (л) ихтисор мегардад. Аз ҷиҳати баромад ҳарду ҷузъ мутааллиқ ба забони яғнобӣ буда, метавон маънои онҳоро тавассути ин забон пайдо кард. Ҷузъи аввал pullá мебошад, ки дар забони яғнобӣ маънои “хурд”-ро дорад ва дар фарҳангҳои ба нашррасидаи яғнобӣ ба мафҳуми “кӯдак” омадааст: Meni i pulla tim nayaxšči. - Дар деҳа ягон кӯдак ҳам наменамояд (ба назар намерасад) [Мирзозода, 2008, 159-160; 2008, 270].

Вожаи pullá дар бахши луғатномаи китоби “Ягнобские тексты” низ ба қайд гирифта шуда, мураттибони он калимаи номбурдаро ба таври зайл тавзеҳ додаанд: pullá ребёнок, младенец; мальчик; младший, меньший, маленький, небольшой [Андреев, Пешерева, 1957, 307].

Мураттибони ин китоб номвожаи ҷуғрофии Pullarowt -ро низ дар шакли ибора Pulla rout оварда, вале ба маънои он ишора накардаанд [ҳамон ҷо, 309].

Бахши дуюми номвожаи мавриди андеша rowt мебошад, ки маънои “дара”-ро ифода мекунад. Дар маҷмуъ ин номвожаи ҷуғрофиро метавон “дараи хурд” маънӣ кард, ки ба мавзеи ҷойгиршавии он сад дар сад мувофиқат мекунад.

Ҳамин тавр, забони яғнобӣ яке аз забонҳои қадимае ба ҳисоб меравад, ки таркиби луғавии он аз унсурҳои гуногуни лексикии забонҳои бостон ва миёнаи эронӣ, бавижа суғдӣ маҳфуз мондаанд ва ба ин восита метавон ба бисёр масъалаҳои норавшан, хосатан рамзкушоии номвожаҳои ҷуғрофии болооби Зарафшон ва ноҳияи Варзоб маълумоти мушаххас пайдо кард.

Чун яке аз унсурҳои забони тоҷикӣ, ки аз номвожаҳои ҷуғрофии асил ва решаҳои ҳиндуэронӣ ё ҳиндуаврупоидошта иборатанд, маънои қисмате аз онҳоро бо шарофати забонҳои зинда, вале бехату алифбои шарқии эронии кишварамон, дар мисоли забони яғнобӣ ва гурӯҳи забонҳои помирӣ мешавад маънӣ кард.

1.4. Gabirud [Ғабирӯд] номвожаи ҷуғрофӣ ва номи деҳае дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд. Ин номвожаи ҷуғрофӣ аз рӯйи сохт исми мураккаб буда, аз ду ҷузъ: gabi (ғабӣ) rud (рӯд) корбаст гардидааст. Gabirud ва ҷузъҳои он таърихи хеле куҳан доранд. Ҷузъи дуюм rud бо вуҷуди бунёди қадима доштан, асолати бунёдии худро то ба имрӯз дар забони тоҷикӣ нигоҳ доштааст. Вожаи rud дар натиҷаи таҳаввул ва ташаккули давраҳои гуногун ва дару дарози таърихӣ бо баъзе тағйироти овозӣ аз як забон ба забонҳои дигар талаққӣ ёфтааст.

Сарчашмаи асосии ин калима ба забони форсии бостон рафта мерасад. Вожаи rud дар забони форсии бостон ба гунаи rautah ба кор мерафтааст. Пас аз байн рафтани забони форсии бостон дар забони дар забонҳои эронии миёна, аз ҷумла дар забони суғдӣ баъзе овозҳои он ихтисор гардида, дар шакли rōt ба мерос мондааст. Чуноне ба назар мерасад, дар забони суғдӣ вожаи rautah хеле сода ва осон талаффуз шудааст. Аз ин калима овози садоноки “а” аз ҳиҷои аввал ва ҳиҷои дуюм ва овози ҳамсадои “h” (ҳ) аз охири он ҳазф шудаанд.

Дар давраи нави ташаккули забон, пас аз байн рафтани забонҳои эронии миён, аз ҷумла забони суғдӣ овози ҳамсадои “t” (т) ба овози ҳамсадои “d” (д) бадал шуда, ба гунаи rūd (рӯд) даромад, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ дар ҳамин шакл ба маънои “рӯд, дарё” маъмул аст.

Вожаи мавриди андеша дар матнҳои суғдӣ истифодаи зиёд дошта, дар “Фарҳанги суғдӣ” чунин маънӣ шудааст: rwt [rōt]/ (rwwt) ©˂ OP rautah рӯд, рӯдхона ﺮﻭﺪ ⸲ ﻧﻪ ﺮﻭﺪﺨﺍ [Gharib, 1995, 8600].

Мураттиби “Фарҳанги форсӣ” вожаи rud- ро мутааллиқ ба забони паҳлавӣ дониста, онро чунин ташреҳ додааст:

ꜥ ﺸﻭﯩ ﻔﺗﻪﻯ ﮔ ﺠﺎﺮﻯ ﺍﺬ ﺍﺏ ﻯ ﺘﻭﺪﻩ ﺒﻪ . [rud] ﭘﻫ ﺮﻭﺪ

ﮐﻪ ﯩﺮﻳﮎ ﺍﺏ ﺮﻭﻯ ﺳﻄﺤﻰ ﺟﻪ ﻄﻭﺮ ﻄﺒﻌﻰ ﺟﺮﻳﺎﻦ ﯩﺎﺸﺘﻪ ﺒﺎﺸﯩ ﻭﻧﻳﺯﺒﻪ ﺍﺒﻬﺎﻯ ﺠﺎﺮﻯ ﯩﺮ ﺍﺏ ﺮﻭﻫﺎﻰ ﺮﻭﺒﺎﺯ ﻳﺎ ﺤﺳﺮﻳﻭ ﻭ ﻔﻭﺮﺍﻦ ﺍﺏ ﺍﺬ ﯩﻬﻧﻪﻫﺎ ﮔﻔﺗﻪﻯ ﺷﻭﻭﯩ ﻭﮔﺎﻫﻰ ﺒﺮﺍﻰ ﺘﻭﯩﻩ ﺍﺏ ﺠﺎﺮﻯ ﺬﻳﺮ ﺬﻣﻳﻧﻰ ﺒﻪ ﮐﺎﺮ ﻣﻰﺮﻭﯩ ⸵ ﺮﻭﯩﺒﺎﺮ ⸵ ﺮﻭﯩﺨﺎﻧﻪ ﺸﻳﯩﻩ [ ﻣﻫﺸﻳﺮ ﻣﺸﻳﺮﻯ ꜥ ١٣٧١֝ ٥٢٠]

Ҷузъи аввал gabi (ғабӣ) имрӯз дар шакли алоҳида ба кор намеравад ва ба маънои он сарфаҳм намераванд.

Вожаи gabi суғдии куҳан буда, бо сабаби аз байн рафтани забони суғдӣ ин калима ҳам ба ёди фаромӯшӣ рафтааст. Ин вожа маънои “канор, паҳлу, лаби”-ро дорад, ки дар маҷмуъ номвожаи ҷуғрофии gabirud шакли дигари он gaberud (ғабирӯд, ғаберӯд) маънои “канори рӯд, паҳлуи рӯд, лаби рӯд”-ро ифода менамояд. Ин номвожаи ҷуғрофӣ дар фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ” чунин маънӣ шудааст: Ғабирӯд (Канори рӯд)-[gaberūd] Gaberūd - аз ғабӣ паҳлу, канор+рӯд, канори рӯд [2019, 50].

1.5. Šowveta [Шаввета]. Деҳае дар Яғноб, ки аз ҷониби чапи дарёи он ҷойгир шудааст. Аз рӯйи сохт ин номвожаи ҷуғрофӣ мураккаб буда, аз се ҷузъ таркиб, ёфтааст, ки ду бахши мустақилмаънои он аз ҷиҳати баромад мансуб ба забони яғнобӣ мебошанд.

Номвожаи ҷуғрофии мавриди андеша ду зинаи калимасозиро сипарӣ намуда, пас ба чунин шакл даромадааст. Дар зинаи аввал ба вожаи šow, ки маънои “сиёҳ”-ро ифода мекунад, vet ҳамроҳ гардида, дар натиҷа ибораи šow vet ба вуҷуд омадааст. Ҷузъи дуюм vet номи дарахтчаи бутташакл аст, ки бисёр калон ва ғафс намешавад. Аз химчаҳои (навдаҳои ) тари он сабад мебофанд. Агар ин ибораро таҳтулафзӣ (калима ба калима) баргардон кунем, сиёҳбед мешавад, яъне “беди сиёҳ”.

Дар зинаи дуюм ба ибораи šow vet пасванди калимасози-а пайваст шуда, аз сифат ва исм вожаи мураккаби šowveta сохтааст, яъне тавассути ин пасванд аз лексемаҳои šow ва vet ба вуҷуд омадааст, ки дар маҷмуъ маънои он, “ҷои сиёҳбез, сиёҳбедзор” мешавад. Дар асл ҳамин тавр, аст, дар гирду атрофи ин деҳа чунин навъи дарахтчаҳо хеле зиёд аст, ки мавзеи ҷойгиршавии ин деҳа мувофиқат мекунад.

Хулоса, аз таҳлил ва таҳқиқи чанд номвожаи ҷуғрофии ин мақола метавон бюа таври умум ба чунин натиҷа расид:

1. Таҳқиқи чунин номвожаҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар соҳаи номшиносӣ ба ҳисоб меравад, зеро бештари ин навъи номҳо таърихи қадима дошта, асолати бунёдии худро то имрӯз дар ин минтақа ҳифз кардаанд.

2. Аз чанд номвожаи ҷуғрофии мавриди таҳқиқ ба мушоҳида мерасад, ки дар топоним ва микротопонимҳои болооби Зарафшон субстратҳои суғдӣ нигоҳ дошта шудаанд, онҳо ба таври мушаххас аз гузаштаи дури ин забон талаққӣ мешавад.

3. Номвожаҳои ҷуғрофии таҳқиқшуда аз ҷиҳати фарогирии унсурҳои гуногуни луғавӣ хеле диққатҷалбкунанда буда, бештари онҳо на танҳо барои забони тоҷикӣ, балки барои таърихи омӯзиши фарҳанги миллии мардумони эронитабор, махсусан решашиносии номҳо аҳаммияти махсуси илмӣ дорад.

4. Ҳангоми таҳлили номвожаҳои ҷуғрофӣ муайян гардид, ки мафҳуми аксари онҳоро метавон тавассути забони яғнобӣ маънӣ кард.

Сайфиддин Мирзоев мудири шуъбаи забони тоҷикии ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО