26 Nov 2024
Submitted by Admin
5

26 ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои соҳавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› баргузор гардид.

Дар суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30-юми майи соли 2024 таъкид намуданд, ки “Дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд” ва дар ин росто Пешвои миллат иброз доштанд, ки тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи давлати мо мебошад.

Гуфта шуд, ки омода намудани кадрҳои илмӣ пайваста дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дошта, диққати асосӣ минбаъд низ ба ин самт равона карда мешавад. Аз ин рӯ, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани кадрҳои баланди илмӣ дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ бо мақсади рушду нумуи соҳаи илм ва маориф қабул гардид. Ҳамчунин, як қатор чорабиниҳое сурат гирифт, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати омодакунии кадрҳои сатҳи баланди илмӣ равона карда шудаанд.

Барномаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №264 тасдиқ гардидааст, ки аз иқдомҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди илми ва ватанӣ ва муаррифии илми ҷамҳури дар сатҳи байналмимилалӣ ба шумор меравад. Барномаи мазкур аз 7 боб ва 36 банд иборат буда, ба Барнома нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 замима гардидааст, ки аз 16 банд иборат мебошад. Аз 16 банди нақшаи чорабиниҳо 12 банд ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар иҷрои 2 банди он Академияи миллии илмҳо масъули бевосита мебошад. Барномаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 бо мақсади тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ мутобиқ ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилотӣ, баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, бо таваҷҷуҳ ба омодасозии кадрҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Мақсади асосии Барнома аз он иборат аст, ки маҷмӯи тадбиру чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ таҳия ва иҷро карда шаванд, то ки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бо миқдори зарурии мутахассисон, дар навбати аввал аз рӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ, таъмин карда шаванд. Нерӯи илмие ба вуҷуд оварда шавад, ки қобилияти дар сатҳи талаботи муосир ҳал намудани муҳимтарин масъалаҳои рушди илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дошта бошад. Барои ноил гардидан ба ҳадаф ва мақсадҳои Барнома тамомои сохторҳои вобастагардида бояд ҷидду ҷаҳд намоянд, то ба ҳадафҳои ниҳоӣ расида бошанд.

Все реакции:

11

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО