06 Feb 2025
Submitted by Admin
117

Андешаҳои муҳаққиқ, мунаққид ва адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ дар бораи осори насрии адибони тоҷик

Сотим Улуғзода. Сотим Улуғзода аз адибони пешравест, ки дар адабиёти навини тоҷикӣ осори бисёри драмавӣ ва насрии таърихӣ таълиф кардааст, ки аслу нияти асосиашон ҳамоно дастури ибрати таърих ва дарси маънавӣ додан ба хонандагони худ будааст, то халқи худро бишнохта бошанд.

Бобоҷон Ғафуров. Метавон гуфт, ки бо тадқиқоти Бобоҷон Ғафуров дар афкори мардуми мо назари таърихӣ ба гузаштаву имрӯз ворид шуд ва ба ташаккул оғоз кард, аммо бо навиштаҳои устод Айнӣ, бахусус, «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» дар насри тоҷикӣ жанри таърихии сирф асос гузошта шуд.

Ҷалол Икромӣ. Ҷалол Икромӣ яке аз он нависандагонест, ки роҳи эҷодиашон муҳимтарин марҳила ва хусусиятҳои насри тоҷикиро ифода кардааст. Такомули маҳорати нависанда, то рафт амиқ рафтани назари ӯ ба зиндагӣ ба инкишофу такомули реализми адабиёти тоҷик мувофиқ меояд. Дар ҳар марҳилаи инкишофи адабиёти нави тоҷикӣ низ симои умумии насрро бе эҷодиёти Ҷалол Икромӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Фазлиддин Муҳаммадиев. Фазлиддин Муҳаммадиев шакл ва амали таҳкияи (ривояти) суннатиро, ки то ин замон дар насри воқеъгарои тоҷикӣ вуҷуд дошт, шикаст, онро аз ҳолати якнавохтии нақли ҳодисањо ва воқеанависии иҷтимоӣ раҳо карда, таҳрике дар сохтори тасвири равонковии (психологии) он дохил намуд. Пеш аз ҳама, вай ба сухани қаҳрамон дар тасвиру таҳкия имтиёзи бештаре дода, шаклҳои гуногун ва зовияи диди мухталифро ба кор гирифт.

Абдумалик Баҳорӣ. Абдумалик Баҳорӣ дар баробари дигар намудҳои фаъолияти адабӣ - шоирӣ, драмнависӣ, публитистика, ҳам дар байни хонандагон ва ҳам дар адабиёти тоҷик, ба фикри ман, ба туфайли асарҳои насриаш мақоми сазоворе дорад. Умуман, маълум мешавад, ки гуногунжанрӣ аз аввал хоси табиати эљодиёти Баҳорӣ будааст, зеро агар дар марњалаи аввали ба кори эҷодӣ иқдом гузоштанаш вай, асосан, ба таълифи шеър шуғл варзида бошад ҳам, машқи ҳикоя ва драмаҳои хурд низ мекардааст.

Абдулҳамид Самадов. Дар асарҳои Абдулҳамид Самадов одатан низоъ байни касони хуб ва хулқу хўи баддошта, одамони нек ва бадгуҳар, ҳалолкорону ғаммозон меравад. Нависанда ҳамеша қувваи нек, одамгарӣ ва ҳалолкориро талқин мекунад. Барои ӯ сарчашмаи ин хислатҳои нек зиндагии халқи меҳнаткаш аст. Инсони меҳнаткаш ҳамеша одами ҳалолкор мебошад, ростиву одамгарӣ ва меҳнаткашиву ҳалолкорӣ аз ҳам ҷудо нестанд.

Саттор Турсун. Саттор Турсун аз ибтидо то интиҳо дар заминаи зиндагиву маънавиёти муҳити бачагияш қомат афрохта, бо рангомезиҳои таърихи гузаштаву муосири миллаташ, омӯзиш аз адабиёти асили ҷаҳонӣ рангину ғанӣ гаштааст. Ба ин ҳама бояд афзоем, ки дарёфти тахассусии забони арабӣ, кор дар воситаҳои ахбори омма, нашрияҳои адабӣ, иштирок дар баҳсу талошҳои адабӣ ва меҳнату заҳмати эҷодкорӣ ба Саттор Турсун барои ҳастии худро ба сифати як нависандаи соҳибқареҳа тасдиқ намудан мусоидат кардаанд.

Урун Кӯҳзод. Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки Урун Кӯҳзод аз нависандагони пешрав ва интиқодгари ҷомеа, ҳамеша дар муқовимат бо доираҳои сиёсии замон қарор дошта, насри тоҷикиро дар қатори ҳамсолони бедорфикри худ аз ҳайси дарунмоя ва озодандешӣ ба зинаи нав боло бурдааст.

Ҷумъа Одина. Комёбии Ҷумъа Одина дар тасвири психологӣ ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Нависанда ба радду бадал, номувофиқати рӯҳия, ба ҷараёни андешаҳо эътибор дода, вале дар ҳар ҳолат боло гирифтани ҳисси солими инсониро махсус таъкид мекунад ва бо ин санъати инсоншиноси насри моро бой мегардонад. Бинобар ин, ҳар амали қаҳрамонҳо аз ҷиҳати психологӣ хеле мӯътамад тасвир шудаанд.

Баҳманёр. Баҳманёр бо ҳама тасвирҳои хаёлпардозона, шоирона, афсонавор ва ғайриоддӣ дар заминаи устувори воқеият қаламронӣ мекунад, масъала мегузорад ва хонандаро вориди андеша месозад, ки ин як навъ воқеънигории мӯъҷизаосо ё хаёлпардозона мебошад. Яъне, ин бозёфту ибтикороти ё дар шуури эстетикӣ, биниши бадеии мардуми тоҷик замина дорад, асоси миллиаш пурқувват мебошад, балки тавассути навиштаҳои ӯ тафаккури миллӣ дар адабиёти мо ба ҷараёни табиӣ, аслӣ ва таърихиаш ворид шуда…

Ҳакималии Назаралӣ. Ҳаҷви Ҳакималии Назаралӣ аз ҷиҳати шаклу жанр низ ҷолиби диққат буд; вай асоси ҷаввиёти худро бар «ҷаҳли мураккаб» - нодонии худро доноӣ ангоштан, беадолатии худро ба ҳақиқат бароварданҳо, яъне бар тазоду номувофиқатии пиндору арзиши воқеъии инсон ва кав дору марезҳои зиндагӣ бунёд гузоштааст. Шакли монологи ботинӣ, ё худ худифшоӣ, ки ба тариқи гуфтани рози дил ва «сӯҳбат» баён шудааст, ҳикояҳоро пуртаҳрик ва хонданбоб мекунад.

Photos: 
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО