04 Sep 2025
Submitted by Admin
24

Имрӯз, 04 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили навбатӣ маҷмуаи ашъори нави Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташкили маҳфили илмию адабии “Хирад” мақсад гузоштааст, ки барои донишмандону фарҳангиёни кишвар фурсат фароҳам намояд, то ба муносибатҳои гуногун дастовардҳои илмию адабии хешро пешкаши алоқамандон кунанд.

Таъкид гардид, ки дар ин кори нек суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сармашқу намуна дар фаъолияти рӯзмарраи мо аст, ки мефармояд: “Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад”.

Гуфта шуд, ки имрӯз мо дар осотонаи ҷашни пуршукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва тасмим бар он шуд, ки барои гиромидошти он, маҳфили ширу шакар омода гардад, то кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар баробари таҳқиқоти илмӣ, фаъолиятҳои адабӣ низ доранд, осору ашъори худро ба гӯши шунавандагони хеш бирасонанд. Ҳамин тавр, маҳфили имрӯзаи мо бар асоси ашъори ватандӯстонаи мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло ихтисос ёфтааст.

Зикр шуд, ки фаъолияти кории Беҳрӯзи Забеҳулло Саидхоҷа аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, то боргоҳи илму маърифати ҷумҳури, яъне Академияи милли илмҳои Тоҷикистон расидааст. Дар тули фаъолияти хабарнигории хеш Забеҳулло Беҳрӯз Саидхоҷа садҳо мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ мунташир кардааст. Аз соли 2006 ба баъд мақолаҳои гуногуни Забеҳулло дар рӯзномаву маҷаллоти кишварҳои ҳамзабон ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, Забеҳулло Беҳрӯз соли 2011 ба хотири таблиғи фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои навини кишвари соҳибистиқлоламон дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон бо Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз шудааст.

Дар идома мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло аз маҷмуааи ашъори худ шеърҳои ватандӯстона доир ба арзиши бузург доштани Ватан, Истиқлолият қироат намуда хотири иштирокдоронро шод гардонид. Инчунин, дар маҳфил ҳунармандони ватансарои кишвар Баҳодур Неъматов, Тобиши Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Амирҷон Рӯзиев, Фахриддини Малик шеърҳои ба оҳанг даровардаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро, ки мазмуни онҳоро ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ фарогир мебошад бо як эҳсоси баланди ватандӯстона сароида, хотири иштирокчиёни маҳфилро болида намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО