22 Dec 2025
Submitted by Admin
65

Шаби ялдо ҳарчанд дар Тоҷикистон ба ин ном байни мардум шинохташуда нест, аммо миёни фарҳангиён ва таҳсилкрдагони тоҷик як номи ошност. Шаби ялдо, ки дар Тоҷикистон ба шаби чилла маъруф аст, яке аз ҷашнҳои куҳан ва бостонӣ аст, ки реша дар фарҳанги мардумони ориёинажод дорад. Ин ҷашн дар Эрон ва Афғонистон бо расму русуми хос баргузор мешавад ва байни мардуми ин ду сарзамин аз ҷойгоҳе вежаои бархурдор аст. Аммо дар Тоҷикистон, мутаассифона, солҳост, ки фаромӯш шудааст, ҳарчанд то кунун дар миёни бархе хонаводаҳои шаҳру деҳоти дурдасти Тоҷикистон ё шаҳрҳои таърихии Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Тирмез роиҷ аст вале на ба шакле, ки дар миёни аҳолии Эрон ва Афғонистони имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Шаби чилла, охирин шаби тирамоҳ ва оғози фасли замистон, тӯлонитарин шаб ва кӯтоҳтарин рӯз аст. Ваҷҳи тасмияи шаби чилла, чиҳил шаби замистони сард аст, ки дар Тоҷикистон ба он чиллаи калон мегӯянд ва баъд аз он чиллаи хурд меояд, ки аз назари сардӣ сабуктар аз чиллаи калон аст. Адади чиҳил дар фарҳанги тоҷикон дорои асрор ва рамзҳои зиёдест ва бо ин адад бисёре аз маросиму одоб ва русуми тоҷикону ҷойҳои ҷуғрофии кишвар номгузорӣ шудаанд. Монанди чиҳилдухтарон, чиҳилёсин, чилланишинӣ, чиҳилгурезон, ки ҳар кадом аз ин номҳо марбут ба макону яке аз оини хос аст ва пайдоиши онҳо бо фалсафаи зиндагӣ, таҷриба ва фарҳанги мардум омехтааст. Шаби ялдо низ тибқи боварҳои қадим бар мегардад ба таваллуди хуршед дар ин шаб. Вожаи ялдо, ки решаи он дар луғатномаи Деҳхудо сурёнӣ зикр шудааст ба маънии “милод”-и арабӣ, яъне зоиш, таваллуд омадааст.

Абурайҳони Берунӣ аз ин шаб бо номи милоди акбар ва милоди хуршед ёд кардааст. Донишмандон ва таърихнигорон пешинаи ҷашни ялдоро 5000 сол пеш аз милоди Масеҳ медонанд. Дар шаби ялдо хонаводаҳо даври ҳам ҷамъ мешванд ва бо оростани чароғ ва шамъ то субҳ бедор мемонанд. Дар ин шаб афроди миёнсоли хонавода барои ҳозирин, ба хусус хурдсолон, қиссаҳои зебо ва қадимӣ мехонанд. Ҷавонтарҳо ба шеърхонӣ мепардозанд ва аз шеъри Ҳофиз ба умеди некиқболӣ ва хушбахтӣ фол мегиранд ва бархе низ шоҳномахонӣ мекунанд. Дар ин шаб суфрае ороста ва дар он тарбуз, анор, меваи хушк, донагӣ, ширинӣ ва меваҳои гуногун чида мешавад. Ҳар кадом аз ин меваҳо ҷанбаи намодӣ дошта, баёнгари рамзу розеанд, ки ба бовар ва эътиқоди мардумон иртибот доранд. Мисли тарбуз ва анор, ки ба хотири ранги сурхи онҳо, намояндаи хуршед ҳастанд. Дигар меваҳо ва шириниҳо намоди баракат ва афзоиши хушиҳо ва некиҳо дар зиндагии мардум ба ҳисоб меоянд. Дар Тоҷикистон ва Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Тирмез ин расми бозмондаи бостонӣ дар бархе хонаводаҳои асили тоҷикӣ ҳанӯз ҳам роиҷ аст.

Профессор Равшан Раҳмонӣ, фолклоршиноси шохиси тоҷик, дар гуфтугуе, ки бо эшон доштам, дар робита бо ин ҷашн чунин изҳори назар карданд «…Мардуми куҳансол, ба хусус мӯйсафедони 78 - 80 сола ёдашон аст, ки дар ин айём шабзиндадорӣ мекрдаанд ва далели бедор мондани онҳо дафъи наҳсу бадӣ ва чизҳои аҳриманӣ аз хуршед будааст. Ҳанӯз ҳам дар баъзе деҳкадаҳои дурдаст байни мӯйсафедон ин суннатҳо кам-кам дида мешаванд ва дар қадим ин суннат вуҷуд дошт, ки то субҳ шамъ ва чароғ дармегиронданд ё оташ равшан мекарданд, чунки мутобиқи боварҳои куҳан ҳамон чизҳои аҳриманӣ аз чароғ ва равшанӣ метарсанд. Ба ҳамин хотир дар ин шаби дарозтарин, ҳарчанд, ки дар худамон ялдо истифода намешавад, вале ҳамин шаб мардум бедор мемонданд. Дар ин шаб меваҳои хушк, себ ва тарбузи сурх мегузоштанд. Асли шаби ялдо дар устураҳои бостон ба маънои зода шудани хуршед ва офтоб аст. Ду калима дорем, ки яке меҳр ва дигаре хуршед; Меҳр илова бар маънои хуршед будан ба маънии ялдо ва Худо аст, яке аз худоҳои қадимитарин, ки дар давраи Аҳуромаздо вақте, ки Аҳуромаздо худойи ягона шуд, яке аз худоҳои асосӣ ва аслӣ ҳамин Меҳр буд, ки дар ҳамин шаб таваллуд шуд, ба ҳамин далел мардум дар ин шаб бедор мемонанд, то таваллуди офтобро пешвоз бигиранд ва аз хуршеди навзод ҳифозат кунанд, то инки, нируҳои аҳриманӣ (наҳсӣ, бадӣ ва торикӣ) ба офтобе, ки навзод аст, натавонанд осеб бирасонанд. Мардум дар замони пеш, ҳар шаб то чиҳил рӯзагии офтоб чароғ, оташ, гулхан равшан мекарданд ва даври ин рӯшноӣ шеъргӯӣ, қиссагӯӣ ва рақсу бозӣ ва шукргузорӣ мекрданд, то ин ки торикӣ, наҳсӣ, бадӣ ва дигар нируҳои аҳриманиро биронанд, то ки ба офтоб халал нарасонанд, то хуршед наҷот ёбад. Баъд аз он ки офтоб чиҳил рӯза шуд, дигар нураш комил хоҳад шуд, ин монанди ҳамон чиллагурезон аст ва дар хонаводаҳои тоҷик ин расм ҳанӯз роиҷ аст.

Расми «чиллагурезон» чунин аст, ки дар фарҳанги тоҷикон баъд аз таваллуд ва зоимони кӯдак, модар тифлро чиҳил рӯз дур аз чашми ағёр ва бегонагон нигоҳ медорад ва ҳеҷ ҷое намебарад. Баъд аз чиҳил рӯз, ки тифл рушд мекунад, модар метавонад тифлро ба ҳама нишон диҳад ё ҳарҷое, ки хост бибрад. Ин расм реша ба ҳамин чиллаи офтоб ва ялдо дорад. Вақте, ки офтоб чиҳил рӯза шуд, ҳама шодӣ мекунанд, чунки ин кӯдаки наҷотёфта дигар намемирад. Чиҳил рӯзагии хуршед баробар бо Ҷашни Сада аст. Ба хотири чиҳилрӯза шудани офтоб тамоми деҳкадаҳо шаб то саҳар гулхан равшан мекунанд ва чиҳилрӯзагии хуршедро, ки неру ва қудрат гирифтаву наҷот ёфтаст, ҷашн мегиранд, зеро аз нигоҳи онҳо Аҳриман дигар хуршедро нест карда наметавонад. Баъд аз он Ҷашни Наврӯз меояд, ва он ҷашни навҷавонии хуршед аст. Хуршед қудратманд шуда вақти кишту кор ва деҳқонӣ низ дар ин замон шуруъ мешавад. Ҳамаи ин ҷашнҳо ба хуршед иртибот доранд, зеро агар хуршед набошад, баракат аз рӯйи замин хоҳад рафт ба ҳамин хотир чунин ҷашнҳо байни мардум роиҷанд…»

Мардумшинос ва фолклоршиноси дигари тоҷик, Дилшод Раҳимӣ, бо суҳбте, ки бо эшон дар робита бо шаби ялдо доштам, чунин изҳори назар карданд: «Шаби ялдоро дар ҳақиқат то ба имрӯз танҳо баъзе аз фарҳангиён ва аҳли илм медонанд. Ин ҷашн дар сарчашмаҳои адабӣ ба маънои шаби дароз омадааст, ки баробар бо 21 ва 22 декабр мебошад, яъне поёни моҳи озар ва оғози моҳи дай. Аз маросими ялдо ё шаби ялдо дар 200 ва 300 соли охир касе бо ин ном ёд накардааст. Ман ҳамчун муҳаққиқи мардумшинос, сарчашмаҳои зиёди таърихӣ, мардумшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷиконро хондаам, дар ҳеҷ куҷо дар байни мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ба хусус шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, ҷашне бо номи ялдо дида ва таҷлил намешавад, аммо бо номи каме дигар шаби чилла маъмул ва роиҷ будааст. Мо дар қадим тақвими чиллашуморӣ доштем, ки то ба имрӯз муҳаққиқон намунаҳояшро нашр кардаанд. Шаби аввали чиллаи калон ин айнан ҳамон шаби ялдо аст. Яъне агар ба устураҳо баргардем ин шаб зодрӯзи эзади Митро ё Меҳр аст. Дар шаби чилла мардуми садаҳои 19 ва 20, ки дарозтарин шаб буд, шабзиндадорӣ мекрданд, ба тоат ва ибодат машғул мешуданд, оёти Қуръон ва китобҳо мехонданд ва ғазалиёти Ҳофиз ва Бедил ва Саъдӣ мехонданд… Ман аз як мӯйсафеди солхӯрдаи шаҳри Ҳисор шунида будам, ки дар шаби чилла хӯрдани тарбуз савоб аст. Вақте ман пурсидам Ҳоҷибобо барои чӣ ин савоб аст? Мутаассифона ӯ шарҳ дода наметавонист ва танҳо мегуфт, ки савоб будани онро инсонҳои қадимӣ мегуфтанд. Мо сафарҳои илмӣ ва мардум шиносӣ мегузаронем, сафарҳои майдонӣ, ки аз наздик бо мардум дар робита бо расм ва ойин ва ҳама русум суҳбат мекунем аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз вақте бо куҳансолон суҳбат мекардем, чунин маълумот гирифтем, ки дар гузашта шаби чилла, онҳо аз хамир, ҳар гуна кулча, ба монанди пайкарчаҳо ва шаклакҳое ба монанди ситора, тупча, офтоб, моҳ, гул ва бархе ҳайвонот…мепухтанд ва дар гӯшаи хона меовехтанд. Ин як навъи анъана ва ҷашни қадимӣ аст ва арчаи соли навие, ки дар он ҳар гуна бозичаҳо меовезанд ва аслан суннати ҳамин соли нави мелодӣ аз ҷашни ялдо баромадааст. Зодрӯзи хуршед ё Меҳрро баъдтар ба зодрӯзи ҳазрати Масеҳ мутобиқат додаанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки оростани арча ва коҷ дар ҷаҳон рамз ва намоди Меҳр ва хуршед аст. Намоди ҷовдонии эзади Меҳр аст ва дар ҳамон кулчаҳои пухташуда бо шаклҳои гуногун орзуҳои худашонро баён мекрданд ва сипас овезон мекарданд. Агар боз қадимитар равем шояд чунин аъмоли дар шаби чилла решҳҳои эътиқодӣ доранд дар боварҳои дини бостонӣ ба монанди зиндаангорӣ, аминисм ва ашёъпарастӣ ва… Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ду се соли мешавад, ки фарҳангиён ва таҳсилкардагон шабнишинии шаби ялдо ташкил мекунанд ва соли гузашта дар радиои фарҳанг шаби ялдо бо шабнишинии фарҳангиён ва пахши мустақими он ҷашн гирифта шуд…»

Анзурат Маликзод адабиётшинос, ки аҳли Самарқанд аст, дар суҳбате, ки бо эшон дар мавриди шаби ялдо дар Самарқанд, Бухоро ва Фарғона доштам, аз шаби ялдо чунин ёд мекунад: «Дар Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Тирмиз истилоҳе бо номи шаби ялдо вуҷуд надорад, аммо шаби чилла шаби дарозтарини сол дар ин шаҳрҳо бо одоби хос ва русуми махсус баргузор мешавад. Яке аз расм ва суннате, ки дар ин шаб байни хонаводаҳои асил ва бумии ин шаҳрҳо роиҷ аст, оташ равшан кардан бо кунда ва чӯби бузург ва ҳезум дар рӯйи барф дар муҳавватаи хонаҳост. Он қадар оташ равшан мекунанд, то сафедии барф сиёҳ шавад. То нисфи шаб гирд ва даври ин оташ рақс мекунанд ва суруд мехонанд ва дасти ҳамдигарро мегиранд, ҳамчун ба шакл дойраи хуршед дар атрофи оташ мечраханд ва иҷоза намедиҳанд дастҳояшон аз ҳам ҷудо шаванд, то дойрае, ки ба хуршед монанд аст, хароб шавад. Чунин коре дар даври оташ нишонаи иттиҳод ва пирӯзӣ дар муқобили торикӣ ва сиёҳист. Ва низ дар ин шаб аз бархе меваҳое, ки ранги сурх доранд, мисли анор, себи сурх ва меваҳои хушк дар гирди ин оташ истифода мекунанд. Ҳамчунин дар ин шаб меваи биҳӣ байни ҳамдигар тақсим мекунанд ва ин корро ба хотири зардӣ ва ҳамранг будани меваи биҳӣ бо зардии офтоб анҷом медиҳанд. Ва тифлони хурд низ атрофи ин оташ бо анвои бозиҳо машғул мешаванд. Ва баъд аз нисфи шаб баъд аз гузарондани ин маросим ба хонаҳо бар мегарданд ва дар он ҷо то субҳ шуруъ ба қисса ва афсонахонӣ мекунанд.Ба гуфтаи Анзурат Маликзод, оташ рамзи рӯшноӣ ва таваллуди хуршед аст ва ҳамчунин шакли дойрамонанди он рамз кураи замин ва худи хуршед аст. Эшон тасреҳ мекунад, ки акнун ҷашни чилла байни мардуми Самарқанд ва Бухоро хеле камранг шудааст.»

Лозим ба ёдоварист, ки охири ҳар сол тақрибан ҳамзамон, дар охири моҳи декабр аз се ҷашни муҳими «ялдо», «ҳунуко» ва «крисмас» дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, ки ҳар се ҷашн ба маънои пирӯзии нур ва рӯшноӣ бар торикист.

Рустами Аҷамӣ, доктори фалсафа (PhD), ходими пешбари шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО