Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
26 Jan 2026
Submitted by Admin
99

Дар фарҳанги мардуми ориёӣ чаҳор ҷашни муҳим дида мешавад, ки ҳар яке аз онҳо ба яке аз чаҳор унсури об, оташ, бод ва хок муртабитанд. Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои зебои зимистонист, ки ба унсури оташ марбут аст. Ҳарчанд ин ҷашн ба далели омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар тӯли таърих фаромӯш шуда буд, аммо дар замони истиқлоли Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ҳимояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дубора эҳё шуд, ва ҳоло ҳамасола дар саросари Тоҷикистон бо расму оин ва шукӯҳи хоса ва бузург таҷлил мешавад. Ҷашни Сада аз назари устура, таърих, фарҳанг, илми табиатшиносӣ ва солшуморӣ ва кишоварзӣ хеле аҳаммият дорад. Аз назари устурашиносӣ ва таърихӣ, Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ҷашни Садаро ба Ҳушанг- шоҳи Пешдодиён нисбат додааст. Ва он чунин аст, ки Ҳушанг рӯзе бо ёрони худ ба сайругашт мепардозад ва ҳангоми он дар танаи кӯҳе мори сиёҳе мебинад ва санге бузурге бармедорад ва мехоҳад морро бикушад, аммо мор меҷаҳад ва фирор мекунад ва бо бархурди ин санг бо санги дигар ҷараққае аз оташ ба вуҷуд меояд. Бо дидани ин оташ ин рӯзро ҷашн мегиранд ва аз он замон Ҳушангро кошифи оташ меноманд:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Диле санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд кушта мор, валикен зи роз

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ривоятҳои дигаре низ ҳаст. Масалан, Унсурӣ ҷашни Садаро ба Фаридун ва Ҷамшед нисбат додааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Унсурӣ

Манучеҳрӣ низ ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат дода ва мефармояд:

Ин ойини Каюмарс в- Исфандёр бошад,

Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи нор бошад.

Манучеҳрӣ

Аз назари фарҳангӣ, илми табиатшиносӣ ва солшуморӣ ва кишоварзӣ, низ ҷашни Сада муҳим буда ва бозтоби арзишҳои фарҳангӣ ва кишоварзиро дар ин ҷашн аз қадим то кунун метавонем бубинем. Хуршед дар ҳақиқат дар тамоми ҷашнҳои миллии мо нақши калидӣ дорад. Гузаштагони мо аз тариқи хуршед ба солшуморӣ, дониши табиатшиносӣ ва кишоварзӣ пай бурда ва аз тариқи хуршед ҳафтаву моҳу сол ва замонро мушаххас мекардаанд. Гузаштагони мо фаҳмида буданд, ки хуршед ва нури он ба базру кишту кори онҳо иртиботи амиқ дорад ба ҳамин далел хуршед дар гузашта муқаддас будааст. Имрӯза низ аз хуршед инсони мудерн баҳраҳои фаровон мебарад ва барои инсони имрӯз низ хуршед аҳаммияти вежа дорад. Муҳим будани хуршед ва нури он боварҳову ҷашнҳои зиёдеро дар тули таърих ба вуҷуд овардааст, ки то имрӯз ин ҷашнҳо омехта бо устураву фолклор, ривоятҳои гуногун, одобу оини хос дар фарҳанги мо инъикос ёфтаанд. Бино бар ин, хуршед асоси ҷашни Садаро ташкил медиҳад. Ба ақидаи фолклоршиносон ҷашни сада чиҳилрӯзагии ҷашни хуршед аст, ки баъд аз таваллуд дар шаби Ялдо ва гузар аз сармоҳои сангин ва неруҳои аҳриманӣ наҷот ёфтааст ва баъд аз ҷашни Сада ҷашни Наврӯз аст, ки хуршед навҷавону баруманд мешавад ва метавонад дар киштукор ба кишоварзон ёрӣ расонад. Ба фармудаи устод Равшан Раҳмонӣ, фолклоршинос ва донишманди шинохташудаи тоҷик: « ...Асли шаби ялдо дар устураҳои бостон ба маънои зода шудани хуршед ва офтоб аст. Ду калима дорем, ки яке “меҳр” ва дигаре “хуршед” Меҳр илова бар маънои хуршед будан ба маънии ялдо ва Худо аст, яке аз худоҳои қадимтарин, ки дар давраи Аҳуромаздо, вақте ки Аҳуромаздо худойи ягона шуд, яке аз худоҳои асосӣ ва аслӣ ҳамин Меҳр буд, ки дар ҳамин шаб таваллуд шуд, ба ҳамин далел мардум дар ин шаб бедор мемонанд, то таваллуди офтобро пешвоз бигиранд ва аз хуршеди навзод ҳифозат кунанд, то ин ки неруҳои аҳриманӣ (наҳсӣ, бадӣ ва торикӣ) ба офтобе, ки навзод аст, натавонанд осеб бирасонанд. Ин расм реша ба ҳамин чиллаи офтоб ва ялдо дорад. Вақте ки офтоб чиҳилрӯза шуд, ҳама шодӣ мекунанд, чунки ин кӯдаки наҷотёфта дигар намемирад. Чиҳилрӯзагии хуршед баробар бо ҷашни Сада аст. Ба хотири чиҳилрӯза шудани офтоб тамоми деҳкадаҳо шаб то саҳар гулхан равшан мекунанд ва чиҳилрӯзагии хуршедро, ки неру ва қудрат гирифтаву наҷот ёфтаст, ҷашн мегиранд, зеро аз нигоҳи онҳо Аҳриман дигар хуршедро нест кардан наметавонад. Баъд аз он ҷашни Наврӯз меояд, ва он ҷашни навҷавонии хуршед аст. Хуршед қудратманд шуда, вақти кишту кор ва деҳқонӣ низ дар ин замон шуруъ мешавад. Ҳамаи ин ҷашнҳо ба хуршед иртибот доранд, зеро агар хуршед набошад, баракат аз рӯйи замин хоҳад рафт, ба ҳамин хотир чунин ҷашнҳо байни мардум роиҷанд…»

Ҳамон тавр, ки дидед ҷаши Сада абоъоди густарда дорад ва шомили устура, таъриху фарҳанг, боварҳову оиноҳо, илми табиатшиносӣ ва солшуморӣ ва кишоварзӣ мешавад. Бино бар ин баргузории ин ҷашн дар саросари Тоҷикистон ва мардумӣ кардани он метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро ҳамчун миллати дорои тамаддуну таърих, ки аз қадим олиму донишманд будаанд, муаррифӣ кунад. Барои мардумӣ шудани ин ҷашн чанд пешниҳодро зарурӣ медонам.

• Барои ҳар кадом аз ҷашнҳои миллӣ як намоди махсус бар асоси вижагии он дуруст шавад. Масалан, барои ҷашни Сада тибқи ривояти “Шоҳнома”- Фирдавсӣ метавон бо нимоди Ҳушанг, оташ, фирори морро бо рамз наққошӣ кард.

• Аз ин намод дар маҳсулоти ватанӣ бино бар вижагии он метавон истифода кард. Масалан ҷашни Тиргон ба унсури об муртабит аст ва онро метавон дар зарфҳо ва шишаҳое, ки ширкатҳои ватанӣ оби ошомиданӣ барои мардум таҳия мекунанд, истифода кард.

• Ин намодҳоро низ дар ҷилди дафтарҳои донишомӯзон ё васоили дарсии онҳо метавон истифода кард, то донишомӯзони мактаб аз кӯдакӣ бо ин ҷашнҳо ошно шаванд.

• Дар мактабҳо дарси махсус бо номии “Ҷашнҳои ниёгон” ба роҳ монда шавад.

Бо амалӣ кардани ин чанд пешниҳод метавон ҷашнҳои миллиро, ки ҳувият, таърих ва фарҳанги миллии мо ҳастанд, ба насли наврас интиқол дод, то онҳо низ дар оянда бидонанд ва дарк кунанд, ки миллати тоҷик дар тули таърих дорои таъриху тамаддуни бузург будааст.

Оймаҳмадов Рустам, ходими пешбари илмии шуъбаи фолклори

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО