Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
27 Jan 2026
Submitted by Admin
25

Ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе воқеан иқдоми муҳим ва шоистаи таҳсин арзёбӣ мешавад.

Қаблан дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, Пешвои миллат, чун анъана, ба масъалаҳои марбут ба гиромидошти арзишҳои миллию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” тадбирҳои амалӣ андешанд. Ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳо дар роҳи таҳкими ҳувияти миллист, ки дар Паём манзур гардиданд.

Ба баёни дигар, таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ”, “Маркази байналмилалии Наврӯз” ва бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ се ҳалқаи заррини як занҷири ҳувиятофари миллӣ маҳсуб мешаванд, ки дирӯзи пурифтихори моро ба имрӯзи нусратёр ва фардои шуҳратбори он пайванд медиҳанд.

Воқеан, дар баробари бунёди “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз”, дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ арҷ гузоштан ва фурӯзон доштани чароғи ёди ниёгони номовару пуршарафи мост, ки метавон гуфт нахустин тоҷдорони додгустари рӯйи Замин буданд ва Фирдавсӣ бештар аз ҳазор сол пеш дар “Шоҳнома” ин ҳақиқатро возеҳан таъйид фармуда, аз паҳнои Хуросони Бузург садои ифтихор баланд карда буд:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр.

Рӯзгори Истиқлол ва давлатдории миллӣ имкони мусоид фароҳам овард, ки дубора ба асли худ баргардем. Ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ гузорем. Ба сифати меросбари воқеӣ давлатдории нави миллии худро бар пояи таъриху фарҳанги куҳан бунёд намоем.

Мо дар рӯзгори фараҳбахши давлатдории миллӣ бояд воқеан аз гузаштаву гузаштагони худ ифтихор намоем, ҳамеша ба ёди ниёгони некноми худ бошем, бо кору амали шоиста вориси арзандаи аҷдод буданамонро ба исбот расонем ва ба василаи бунёди ин маҷмаа руҳи бузургони миллатамонро пос дорем ва шод гардонем.

Мақсад аз чунин ташаббус бунёди оромгоҳи рамзии бузургони тоҷику форс – шоҳону амирон, пешвоёни мазҳабӣ, донишмандон, суханварон, аҳли санъат ва ҳунар, қаҳрамонони миллӣ аз даврони бостон то даврони муосир мебошад. Ҳадафи бунёди оромгоҳи рамзии бузургону фарзонагони миллат ҳифзи ҳувияти миллӣ, асолати фарҳангӣ, мероси гузаштагон ва зинда нигаҳ доштани ному корномаи бузургони миллат мебошад ва ба ин васила шароиту имконот барои сокинони мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон, сайёҳону ҷаҳонгардон баҳри шиносоӣ бо фарзонагони миллат аз давраи бостон то имрӯз фароҳам оварда мешавад.

Ташаббуси раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ посухгӯйи масъалаҳоест, ки барои давлат ва миллат муҳим мебошад. Аввалан, зарурати таърихӣ ва сиёсии ин иқдом дар он аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) хатари аз байн рафтани ҳувиятҳои миллӣ ва зери таъсири фарҳангҳои бегона мондани ҷавонон зиёд ба назар мерасад, ки пешгирӣ аз ин ҳодисаҳои номатлуб маҳз бо эҳёи хотира ва тафаккури миллӣ боз дошта мешавад. Дигар ин ки муқовимат бо “нигилизми таърихӣ” (ҷаҳонбиниест, ки арзишҳои маъмулӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, идеалҳо ё маънои мавҷудияти инсонро инкор мекунад – ҳеҷангорӣ) ва навъе пешгирӣ аз беэътиноии насли нав нисбат ба гузаштаи худ мебошад. Инчунин ин иқдом дар озод шудан аз нигоҳи маҳдуди таърихнигории замони мустамликадорӣ ва ташаккули дидгоҳи мустақили миллӣ мусоидат мекунад. Дар заминаҳои ҳуқуқӣ Маҷмаа бар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳое, ки ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангиро вазифаи ҳар як шаҳрванд меҳисобанд ва дигар санадҳо оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ асос меёбад ва фаъолият хоҳад кард. Ҳамчунин дар Паёми Президенти кишвар дастурҳо оид ба омӯзиши амиқи таъриху корномаи бузургони халқи тоҷик ва худшиносии миллӣ таъкид шудааст. Асоси аз ҳама муҳим барои амалӣ сохтани ин иқдом омили иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки эҳёи хотираи таърихӣ заминаи воқеӣ ва асосии ватандӯстӣ мебошад. Эҳсоси садоқат ба Ватан, бидуни шинохти гузаштаи пуршарафи хеш ташаккул намеёбад. Тарбияи насли матину диловар танҳо бо шинохти корномаҳои ниёгони пуршарафе чун Куруши Кабир, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ба роҳ монда мешавад. Дар ин маврид таърихи мо ҳамчун омили муттаҳидкунандаи тамоми сокинони кишвар, новобаста аз маҳал ва забон хоҳад гардид.

Саҳми бузургони илму адаби тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ беандоза бузург аст. Тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бумӣ ва қадимтарини Осиёи Марказӣ дар ташаккули илм, фалсафа, адабиёт ва санъати ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Донишмандони тоҷик дар асрҳои миёна (асрҳои IX-XII) пояҳои илми муосирро гузоштанд.

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммад Форобӣ (873–950) яке аз бузургтарин мутафаккирони тоҷик аст, ки бо лақаби «Муаллими сонӣ» (Устоди дувум) дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст. Ӯ пас аз Арасту дувумин шахсе буд, ки илми мантиқ ва фалсафаро ба низом даровард. Форобӣ аввалин касе буд, ки фалсафаи Юнони қадимро бо ҷаҳонбинии шарқӣ ва исломӣ пайваст. Ӯ осори Арастуро шарҳ дод ва онро барои мардуми Шарқ қобили фаҳм гардонид. Ибни Сино худаш иқрор шуда буд, ки мантиқи Арастуро маҳз пас аз хондани шарҳҳои Форобӣ дарк кардааст. Ӯ бовар дошт, ки ақл ва ваҳй бо ҳам мухолифат надоранд. Ӯ илмҳоро ба тартиб даровард ва таснифоти онҳоро (математика, тиб, илоҳиёт ва ғайра) таҳия кард. Форобӣ на танҳо файласуф, балки риёзидон ва мусиқишиноси бузург низ буд. Ӯ дар навохтани созҳои гуногун маҳорати бениҳоят баланд дошта, китоби “Мусиқии кабир”-и ӯ то имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии назарияи мусиқии Шарқ ба шумор меравад. Форобӣ дар бораи физика (хосияти вакуум), тиб ва равоншиносӣ низ таҳқиқоти арзишманд анҷом додааст.

Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино (машҳур ба Авитсенна) зиёда аз 600 сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби дарсии асосӣ истифода мешуд. Ӯро “Пайғамбари табибон” меномиданд.

Муҳаммад Хоразмӣ – асосгузори илми алҷабр ва алгоритм буда, истилоҳи “алгоритм” маҳз аз шакли лотинии номи ӯ (Algoritmi) гирифта шудааст.

Абурайҳони Берунӣ (машҳур ба Устозураис) файласуф, табиатшинос, риёзидон ва мунаҷҷим яке аз аввалинҳо шуда фарзияи гирд будани замин ва ҳаракати онро дар атрофи офтоб пешниҳод кард ва мавҷудияти қитъаи Амрикоро садсолаҳо пеш аз Колумб пешгӯйӣ намуда буд.

Насируддини Тӯсӣ (машҳур ба Муаллими севум ва Устодулбашар) дар илмҳои мантиқ, фалсафа, физика, риёзӣ, назариёти мадинаи фозила ва шарҳи асарҳои Арасту таълифоти бунёдӣ ва интиқодӣ дорад. Хусусан таълимоти ӯ ҳам дар “Ахлоқи Носирӣ” ва ҳам дар “Ахлоқи Муҳташамӣ” дар масъалаи низоми давлатдорӣ бисёр муҳим мебошад, ки имрӯз низ метавонад ба башарият хизмат расонад. Ӯ дар канори шаҳри Мароға китобхонаи бузурге бунёд кард, ки 40 000 нусха китоб дошт.

​ Адабиёти классикии тоҷику форс бо ғояҳои инсондӯстӣ ва сулҳхоҳӣ ҷаҳонро тасхир кардааст. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – Одамушшуаро ва асосгузори адабиёти классикӣ назми форсиро ба қуллаҳои баланд бардошт.

Абдулқосим Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома» на танҳо забони тоҷикиро ҳифз кард, балки яке аз бузургтарин ҳамосаҳои (эпос) ҷаҳониро ба башарият ҳадя намуд.

Асарҳои Ҷалолиддини Балхӣ, хусусан «Маснавии маънавӣ», дар саросари ҷаҳон (аз ҷумла ИМА ва Аврупо) чун серхонандатарин китоб пазируфта шудааст. Ғояҳои ӯ дар бораи ишқу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ марзи дину миллатҳоро шикастаанд.

«Гулистон» ва «Бӯстон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ китоби дарси ахлоқ ва одамгарӣ барои тамоми наслҳост. Мисраъҳои ӯ «Бани одам аъзои як пайкаранд\\ Ки дар офариниш зи як гавҳаранд» имрӯз дар сардари бинои СММ сабт шудаанд.

​ Тоҷикон дар рушди санъати меъморӣ (офарандагони беҳтарин қасру кохҳо, мадрасаву обидаҳои ҷаҳоние чун Арки Бухоро, Чор манори Бухоро, Регистони Самарқанд, мақбараҳои Сомониён, Гӯри Мир, Тоҷмаҳал, мадрасаҳои Мири Араб, Шердор, Тиллокорӣ, Низомияи Бағдод...), хаттотӣ (осори тасвирии Беҳзод, нигоргариҳои мактаби Бухоро, Самарқанд, Ҳирот ва давраи Бобуриҳои Ҳинд) ва мусиқӣ (Сӣ лаҳни Борбад, Шашмақом, Фалак) саҳми босазо гузоштаанд.

Шаҳрҳои қадимии Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Нишопур, Хатлон, Хуҷанд ва Панҷакент марказҳои бузурги тамаддун буданд, ки корвонҳои Шоҳроҳи Абрешимро бо илму фарҳанг таъмин мекарданд. Дар умум, нуфузи бузургони мо дар он аст, ки онҳо илму адабро на барои як миллат, балки барои тамоми инсоният офаридаанд. Онҳо пуле буданд, миёни тамаддуни Шарқу Ғарб, ки арзишҳои умумибашариро тарғиб мекарданд.

Эҳёи хотираи таърихӣ мавқеи кишварро дар ҷаҳон таҳким бахшида, аҳаммияти стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ пайдо мекунад ва муаррифи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадим дар ЮНЕСКО ва дигар созмонҳо метавонад бошад. Табдил ёфтани чунин мавзеъҳои таърихӣ ба марказҳои фарҳангиву ҷаҳонгардӣ омили рушди сайёҳӣ дар кишвар мегардад.

Аз он ҷой, ки ҳадафи асосии Маҷмаа ташаккули худшиносии миллӣ тавассути омӯзиши амиқи таърих, эҳтироми шахсиятҳои барҷаста ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дар ин замина муттаҳидсозии ҷомеа бо эҷоди эҳсоси ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллати тоҷик мебошад, бардошти муассир ва дарси ибрат гирифтан аз корномаи шахсиятҳо ва қаҳрамониҳои гузаштагони соҳибноми ориёӣ дар ин маврид барои таблиғу ташвиқи ҳамватанон ва боздидкунандагони ин Маҷмаа дар қадами аввал тавассути ошноии онҳо аз корномаи адабиву илмии номоварон хеле судманд ва муфид мебошад.

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ) дар шаҳри Душанбе – пойтахти мамлакат низ бо ҳамин ҳадаф бунёд гардида, ба маркази дарсу ибрати насли ҷавон ва муаррифии ифтихороти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ табдил хоҳад шуд. Илова бар ин ёдгории мазкур бояд макони сайёҳии маҳбуб ва маркази ҷазби гардишгарони хориҷӣ бошад.

Тоҷикҳо аз қадимтарин сокинони бумии Осиёи Марказӣ буда, дар равнақи илм, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд. Бунёди Маҷмаа макони муаррифии шахсиятҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба хидмату ҷонфишонии онҳо ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, дар он корномаи шахсиятҳои бузурги миллӣ ҷовидона мешаванд.

Барои ҳар шахсият нимпайкара (ё муҷассама хурд) ва дар сутуни зери он ному насаб, санаи таваллуду вафот, катиба аз осори шахсият оварда шуда, дар лавҳи мармарин ё сангӣ осори ӯ ба тоҷикӣ, хатти форсӣ ва англисӣ ҳакоккӣ шавад. Катибаҳои даврони бостонӣ бо хатҳои хоси ҳамон давра ҳакоккӣ шаванд, чунончи катибаҳои Куруш ё Дорошоҳ бо хатти мехӣ. Сохтани макети мақбараи бузургони дар дигар кишварҳо мавҷудбуда, ба монанди мақбараи шоҳони Сомонӣ, бурҷи Хайём, Ҳофизу Саъдӣ...

Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва дар зимн таҳкими ҳувияти миллӣ – қадаме устувор дар роҳи ҳифзи мероси фарҳангии тоҷикон ва гиромидошти корномаи бузургони миллат аст. Дар маҷмааи мазкур ному хотираи шахсиятҳои баруманди сиёсӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки саҳми шоиста дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштаанд, ҷовидона хоҳад шуд.

Маҷмаа рамзи пайванди маънавии афроди миллат, шинохту муаррифии онҳо ба ҷомеаи башарӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди онҳо ба миллату давлат ба шумор меравад. Гуфтаи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳамин иқдоми фарҳангсолоронаи раиси шаҳри Душанбе – Рустами Эмомалӣ айни муддаост:

Куҷо он бузургони бо тоҷу тахт?
Куҷо он саворони пирӯзбахт?
Куҷо он хирадманд гундоварон?
Куҷо он сарафрозу ҷангӣ сарон?
Куҷо он гузида ниёкони мо?
Куҷо он далерону покони мо?
Ҳама хок доранд болину хишт,
Хунук он ки ҷуз тухми некӣ накишт!
Ҳамон покзода ниёкони мо,
Гузида, сарафрозу покони мо.
Бирафтанду моро супурданд ҷой,
Намонад кас андар сипанҷӣ сарой.
Фаровон бикӯшидам андар ҷаҳон,
Чӣ дар ошкору чӣ андар ниҳон,
Ки то ройи Яздон ба ҷой оварам,
Хирадро бад-ин раҳнамой оварам.
Чу аз ман гирифт ин сухан равшанӣ,
Зи бад баста шуд роҳи оҳарманӣ,
Ки Яздони пирӯзгар ёри мост,
Ҷавонмардию мардумӣ кори мост!

Ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ –

Шарифзода Фарангис - Муҳаммадиев Шамсиддин - Беҳрӯзи Забеҳулло

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО