09 Apr 2026
Submitted by Admin
32

Конференсия илмӣ дар шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА АМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами фарҳангнигорӣ» идома ёфт, ки дар он ходимони илмии шуъбаи мазкур вобаста ба масоили фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти соҳавӣ, маърузаҳои худро пешниҳод намуданд. Доир ба мавзуи конференсия маводҳои пурмуҳтавое баён гардиданд ва оид ба аҳаммияти фарҳангҳои классикӣ дар таҳияи фарҳангҳои муосир низ донишмандон изҳори назар намуданд, аз ҷумла:

Назарзода С. д.и.ф., узви вобастаи АМИТ: «Оид ба вазъияти забоншиносии точик», Ҳасан Султон Баротзода – д.и.ф., узви вобастаи АМИТ: «Номаи асолат ва ҳувияти миллӣ»; Холназарова З. – н.и.ф., ходими пешбари илмӣ: «Нақши ҳиссачаи “на” дар шаклгирии ҷумлаҳои инкорӣ дар забони тоҷикӣ»; Аҳмадзода Рахшанда - н.и.ф., ходими калони илмӣ: «Истилоҳоти ирфонӣ дар «Илоҳинома»-и Аттор (дар мисоли Робиаи Балхӣ ва Робиаи Адвия)»; Каримов С. – ходими илмӣ ходими пешбари илмӣ: «Бозтоби вожаи «гап» дар фарҳангҳои класскию муосири тоҷику форс»; Давлатзода Фирдавс - ходими илмӣ: «Пажуҳиши этнолингвистии ҷойномҳои минтақаи Муъминобод»; Турсунова Зуҳра – ходими илмӣ: «Таърихи ташаккул ва рушди истилохоти пизишкӣ дар забони точикӣ»; Мирбобоева П. – ходими хурди илмӣ: «Таъсири забонҳои аврупоӣ дар ташаккули истилоҳоти забони адабии муосири тоҷик».

Дар қисми музокираву муҳокима ходимони илмӣ андешаҳои худро дар бораи маърузаҳо иброз дошта, сипас пешниҳодҳои муносиб ироа карданд:

1. Мақолаҳои пешниҳодшуда дар як маҷмуа ҷамъоварӣ гарданд;

2. Мақолаҳои устод Айнӣ бештар мавриди баррасӣ қарор гиранд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО