Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
15 Apr 2026
Submitted by Admin
31

Анзурати Маликзод дар таърихи бахши суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз беҳтарин хатмкардагони ин даргоҳи илму маърифат ба ҳисоб меравад. Ҳангоми таҳсилаш дар донишгоҳ дар солҳои 1992-1997 ӯ бо кӯшишу ғайрати худ дар омӯзиши илм намунаи ибрати ҳамсабақонаш буд. Хеле ташнаи илм буд, ҳис мекардам, ки хусусан дарсҳои бандаро бодиққат гӯш мекард ва навишта мегирифт.

Вақте дар поёни таҳсил, мутобиқи қоидаи маъмул дар факулта, барои навиштани рисолаҳои хатмӣ зарурати интихоби мавзӯъ пеш омад, ман барои пажӯҳиши илмияш мавзӯе аз ғазалиёти Ҳофиз тавсия кардам. Одатан бо мақсади санҷидани сатҳи дониш ва дараҷаи идроки илмияшон ба беҳтарин донишҷӯён омӯзиши ғазалиёти Ҳофизро тавсия мекардам. Ба Анзурат низ ҳамин гуна мавзӯъ пешниҳод шуд. Вай ба кор пардохта, рисоларо мустақилона ба охир расонид. Ҳини хондани рисолаи дипломияш ба ягон нуктаи он эрод пайдо нашуд, ҳатто як калимаашро ниёзманди таҳрир надидам. Кораш пухта буд. Шеърҳои Ҳофизро дуруст фаҳмида ва тадқиқу таҳлил карда буд. Ин аз он гувоҳӣ медод, ки ӯ чун мутахассис ба тадқиқи масъалаҳои адабиёти классикӣ омода аст. Хеле хушҳол шудаму ба ӯ гуфтам, ки “ҷои ту дар Институти Рӯдакӣ аст. Ин тавсия ба ӯ хеле писанд афтод. Ба Душанбе рафт, ҳамин ки нияташро ба директори Институти Рӯдакӣ А. Маниёзов изҳор намудааст, эшон ӯро ҳамоно ба хотири шогирди ин ҷониб буданаш якбора ба аспирантура қабул намуда, аз ӯ дархост кардаанд, ки аз ин ҷониб тавсиянома биёрад.

Анзурат дар аспирантура рисолаи номзадияшро таҳти роҳбарии олими машҳури адабиётшинос Расул Ҳодизода ба поён расонидааст. Ман яқин медонистам, ки тадқиқоташро ба таври бояду шояд ба анҷом расонидааст. Мавзӯи рисолаи номзадиаш доир ба Дақиқӣ буд. Дертар дар як масъалаи бисёр муҳимми фирдавсишиносӣ мақолаи ӯро бо унвони “Фирдавсӣ ва Дақиқӣ”, ки муаллиф барои қазоват дар дастраси ман қарор дод, хондам.

Соҳиби мақола ба ҳалли масъалаи ниҳоят ҷиддии фирдавсишиносӣ – муносибати ба аҳли тадқиқ маълуми муаллифи “Шоҳнома”-и безавол ба “Шоҳнома”-и нотамоми Дақиқӣ ҳиммат гумоштааст. Барои исботи он ки мисли Фирдавсӣ як доҳии назм наметавонист нисбат ба аввалин назмкунандаи “Шоҳнома” чунин назари норавои беэътиноёнае дошта бошад, он қадар далелҳои ақлонию мантиқиро аз худ пеш овардааст, ки ҳеч кадоме аз онҳоро қабул накардан мумкин нест. Дар мақола иқтидори баланди пажӯҳишгарӣ, сатҳи баланди тафаккури таҳлилӣ, мантиқи бисёр қавӣ ва назари мӯшикофонаи муҳаққиқ дар гузоришу таҳлили далелу бурҳонҳо намоён аст. Дар ин мақолаи тадқиқотӣ олими соҳиби тафаккури таҳлилиро дидам, ки ба ҳал кардани мушкилтарин масъалаҳо, кушодани сарбастатарин муаммоҳои таърихи адабиёти мумтози мо қодир аст. Шод шудам аз он ки шогирди донишгоҳии ман ба ҳамин пояи баланди илмӣ расидааст. Сарафрозам аз ин ки шогирди беҳтаринам ҳоло дар сафи пеши олимбонувон истода, мардонавор роҳи пурмашаққати илмро тай мекунад. Бовар дорам, ки ӯ бо ин сабру тоқати мардонае, ки дорад, ба муродаш мерасад. Гирудори фаъолияти илмию пажӯҳишгарии Анзурати мо гувоҳи равшани ин ҳақиқат аст, ки истеъдоди илмӣ фақат ба мардон дода нашудааст, машғулӣ ба кори фикрии илмӣ танҳо махсус ва имтиёзи ҷинси тавоно нест. Ва ба ҷинси латифи зан низ даст медиҳад.

Табрик туро, ки сабзу навмелодӣ,

Фархундабашоративу фаррухзодӣ.

Сад соли дигар Худо ба мо бахшад, кош

Имкони хуҷастаи муборакбодӣ.

Садрӣ Саъдиев, профессор

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО