Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
13 Apr 2026
Submitted by Admin
30

Дар ҷомеаи кунунии тоҷик ақидае вуҷуд дорад, ки забони тоҷикиро бояд аз рӯи осори Садриддин Айнӣ омӯхт. Ва ин нуқтаи назар асоси воқеӣ дорад, зеро забони устоди бузурги калом сода, аз ҳар гуна дабдабаву зебу зинати шукӯҳманди шарқӣ орӣ мебошад. Осори Садриддин Айнӣ хонандаро на танҳо бо баёни равон, забони фаҳмо ва тасвири возеҳ, балки бо сабку услуби хос - кинояи зариферо, ки тавассути хомаи ӯ имкониятҳои гуногунро аз мазҳака то фоҷиа муяссар мегардонад, ҷалб месозад.

Кинояи С. Айнӣ дар матни бадеӣ вазифаи махсусеро иҷро мекунад, ки ин натанҳо тазоҳури хоссаи каломи бадеист, балки мавқеи фалсафӣ ва хусусияиҳои диди ҳаётии нависандаро инъикос мекунад.

Мо дар мақолаи худ ба таърифи киноя аз ҷониби Суқрот (Суқрот кинояро ҳам радифи таҳқиқи асили фалсафӣ мешуморид) такя карда, қасди дарк кардани гуногунии зуҳуроти кинояро дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ дорем. Аҳамияти ин кор бо ниёзмандӣ ба дарки моҳияти киноя ҳамчун хориқаи бисёрҷанба марбут аст, ки фалсафаи мавқеи зиндагии бунёдгузори адабиёти нави тоҷик С. Айниро тавсиф мекунад, ки тарбиятгари як зумра адибони муваффақ буд ва бо романҳои аввалини худ дар адабиёти тоҷик дар тамоми дунё машҳур шуд.

Эҷодиёти Садриддин Айнӣ олами ташаддуди ботинӣ, мулоҳизаҳо ва ҳассосияти андеша аст. Махсусияти осори ӯ дар инъикоси ҳаёти динамикӣ, алоқаи зиёд ба ҳолатҳои буҳронии на танҳо кулли ҷомеа, балки шахсони алоҳида низ ифода меёбад. Кинояи Айнӣ пур аз афкори фалсафиест, он ҳатто имрӯз ҳам – дар асри XXI ба мо қарин аст. Кинояи устод ҷомеаро даъват мекунад, ки ақлу ахлоқро бо олами маънавӣ, виҷдону хирад бипайванданд. Ин падида (киноя – М. Ҷ.) барои ӯ дар мубориза бо бадкирдориҳои инсонӣ ва бадахлоқиҳои ҷомеа чун силоҳи қудратманд хизмат кардааст ва яке аз асарҳои беҳтарини кинояомези ӯ «Ёддоштҳо» мебошад, ки бо ҳисси амиқи рӯҳи инсонӣ ва бо нафрати зиёд аз риёкорӣ ва мунофиқӣ навишта шудааст.

«Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст, вале ин тарҷумаҳо нопурра будаанд. Тарҷумаи комили «Ёддоштҳо» ба забони русӣ аз ҷониби А. Розенфелд соли 1960 анҷом ёфта, ба табъ расидааст, ки дар он гуфта мешавад: «Ёддоштҳо» дар адабиёти муосири тоҷик муҳимтарин асари дорои аҳамият аст, ки давраҳои таърихии ҳаёти иҷтимоӣ ва адабии Бухороро аз охири солҳои 80-уми қарни Х1Х то солҳои аввали қарни ХХ (с.1904) дар бар мегирад» («Ёддоштҳо”, 2009).

Дар «Замимаи» китоби ба забони русӣ чопшуда, дар мақолаи «Садриддин Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» А. Розенфелд навиштааст: «Манзари таърихии «Ёддоштҳо» вазъи худи Бухоро ва деҳаҳои гирду атрофи он ба шумор мераванд. (…). Дар «Ёддоштҳо» муаллиф образҳои одамони кайҳо дар қайди ҳаёт набуда, воқеаҳои он солҳо, тасвири ҳаёти деҳоту шаҳрро дар ҳудуди ду аср зинда гардонидааст. Ӯ тартиботи зиштеро, ки дар хонигарии Бухоро роиҷ буданд, ба хонанда нақл мекунад (…)» (“Воспоминания» 1960, С. 939-940). И. С. Брагинский оид ба масъалаи барои худи Айнӣ то чӣ андоза муҳим будани ин асар мегӯяд: «Дар соли 1952 дар яке аз сафарҳоям ба Сталинобод ба ман муяссар шуд, ки бо кадом коре ба Нашриёти давлатии Тоҷикистон равам. Аз роҳрави даҳлези дароз ҷониби утоқи кории директор равон шудам. Дарро боз намудам, то ворид шавам ва манзараеро дидам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунам.

Айнӣ пушт ба ҷониби ман меистод. Ба ғайр аз ӯ дар утоқи корӣ каси дигаре набуд. Айнӣ пойҳояшро оҳиста ба замин кӯфта, ангуштонашро болои сараш, он тавре ки ҳангоми рақс мекунанд, қарс-қарс кунонида, бо оҳанге замзама мекард: «Навиштам! Навиштам!». Ӯ на боз кардани дарро аз ҷониби ман пайхас кард, на пӯшиданамро фаҳмид. Вақте, баъди гузашти чанд сония, ӯ бо ҳаяҷону хушҳол ба даҳлез баромад, ман салом додаму аҳволпурсӣ кардам. Бо чеҳраи дурахшон, бо садои пурҳаяҷон саломамро посух дод.

- Ана, ба ман муяссар шуд, ки боз як ҷилди дигари «Ёддоштҳо»-ро нависам, ман онро ба рӯи мизи директор гузоштам. Муяссар шуд, муяссар шуд!

Ман фаҳмидам, ки мавзӯъ чист. Айнӣ таълифи «Ёддоштҳо»-ро вазифаи муҳими ҳаёти худ мешуморид. Ӯ бисёр метарсид, ки беморӣ садди роҳи хотима додани ин асараш мегардад. Инак, ин кор ба ӯ муяссар гардид. Дар чеҳраи ӯ, ҳатто ба куҳансолиаш нигоҳ накарда, суруру шодии воқеии маъсумона, поку беолоиш ҳувайдо буд» («Исследования по таджикской культуре”. 1977).

Ба таҳлили «Ёддоштҳо» пардохта, қайд карданиям, ки объекти асосии кинояи ӯро намояндагони табақаи махсуси «хоҷагон» (дар матни асар ин истилоҳ баъзан дар шакли «хӯҷа» низ омадааст) ташкил медиҳанд. Ишораи мазкур собит месозад, ки кинояи нависанда бо талмеҳи тарҷумаиҳолиаш робитаи зич дорад, зеро, тавре ки дар китоб омадааст, баромади худи нависанда низ ба хоҷагон тааллуқ дорад.

Нависанда хулқу атвор, муносибат нисбат ба ҳаёт, рафтор, хусусиятҳои шахсият, такаббур ва дигар кирдорҳои хоҷагонро мавриди киноя қарор медиҳад. Вале дар оғози китоби аввал «Дар саҳро» муносибати худ нисбат ба хоҷагонро Айнӣ ба таври кинояомез тасвир накардааст – ӯ табақаи ифтихории «хоҷа»-ро ба миллат нисбат додааст: «Бошандагони ин деҳа аз ҷиҳати ирқ ба номи тоҷикон, арабон, урганҷиён ва хоҷагон - асосан ба чор ҷамоа тақсим ёфта, хоҷагон бо номи миракониҳо, сайидатоиҳо - чор қабиларо ташкил медоданд.

Аҳолии аслӣ қадимии ин деҳа тоҷикон ва хоҷфгони соктарегӣ буда, (...)» (С. 5).

Баробарсозии мазкур («тоҷикҳо ва хоҷагон») гувоҳи он аст, ки ҳангоми таълифи «Ёддоштҳо», дар мафкураи аз ниёгон айёми тифлӣ гирифтаи худи С. Айнӣ мавқеи «хоҷа» маҳкам ҷой гирифта буд. Бояд қайд кард, ки таърихан хоҷаро танҳо аз рӯи принсипи генеалогӣ (насаб, шаҷара) бояд муайян кард, на аз рӯи принсипи миллӣ. Ин ҷузъи ночиз қодир аст бесёр паҳлуҳои муносибати устодро нисбат ба ҳаёт равшан намояд. Ин ақидаи моро худи нависанда низ метавонад таъйид созад: «Падару бобоҳои ман аз ҷумлаи хоҷагони соктарегии ин деҳа буданд» (С. 6). Оид ба таърихи табақаи рӯҳониён, аз ҷумла хоҷагон, аз ҷониби донишмандони Осиёи Марказӣ тадқиқоти зиёде ба табъ расидааст, ки кори С. Н. Абашин яке аз онҳост. Ба ақидаи ӯ, «аз асри XVIII то оғози асри XX тамоми авлоди авлиёи мусулмонро хоҷагон номида ва ин истилоҳро гоҳ-гоҳ ҳамчун унвони авлоди халифаҳои аввал, ба истиснои сайидон, истифода мекарданд» (“Суфизм в Средней Азии: точка зрения этнографа”, 2001, С. 135). Ба андешаи муҳаққиқ, минбаъд дар Осиёи Марказӣ ин гурӯҳ чун мардуми дорои «ҳувияти махсуси «авлоди қудсиён» тағйир ёфт ва ҷузъи ҳаёти иҷтимоиву сиёсии муосир гардид» (“Суфизм в Средней Азии: точка зрения этнографа”, 2001, С. 543-544). Х. Карамишева қайд кардааст, ки то инқилоб вазъи иҷтимоии хоҷагону сайидон якранг набуд: «баъзеи онҳо меҳнаткаши одӣ буда, аз имтиёзҳои воқеӣ бархурдор набуданд, гарчанде худро асилзода шуморида, духтаронашонро танҳо ба хоҷагон медоданд; баъзеи дигари онҳо ба рӯҳониёни олӣ тааллуқ дошта, аз вақфҳои меросӣ даромадҳои ҳангуфте мегирифтанд ва дорои моликияти калон буданд. Худи хоҷагон ба гурӯҳҳо тақсим мешуданд, ки номҳои бештари онҳо аз унвон ё номҳои мустаори саравлоди ривоятӣ гирифта шуда буданд» («Очерки этнической истории южных районов Таджикистана и Узбекистана», 1976, С. 150].

Тавсифи кинояомези рафтори хоҷагон дар ҳикояи С. Айнӣ «Тӯйравии хоҷагони мираконӣ» комилан бо рӯҳияи танзомези нависанда фаро гирифта шудааст, ки чи тавр «Хоҷагон бо як ҳашамати амирмонанд аз шаҳри Самарқанд баромада ба деҳаи Даҳбед ба тӯйхона рафтаанд» ва дар он ҷо аз сабаби ғурури аҳмақонаи худ “бо нозу истиғно” ба таом даст нарасонда, бо «ҳамон ҳашамати амирӣ ба шаҳр баргаштанд» (С. 106).

Ин қисса, тавре ки худи муаллиф тасдиқ мекунад, бофтаи падараш буда, дар кӯдакӣ он қадар ба маънои он сарфаҳм нарафта будааст, вале бо гузаштани солҳои зиёд «таҷрибаи шахсӣ нишон дод <…>, ки бофтаи падар ба воқеият наздик буда, комилан ба рафтори хоҷагон мувофиқат мекунад» (С. 107). Вале на ҳама вақт кинояи С. Айнӣ манфӣ аст, он бо тавоноии муаллиф дар баён, ки бидуни нигариши манфӣ тавсиф шудааст, тафовут дорад, гӯё ба хонанда фурсати арзёбӣ кардани ҳодисаҳои дар матн рухдодаро медода бошад, яъне муносибати тамасхуромез ва гоҳ таҳқиромезу танзомез нисбат ба салобатфурӯшии (кибру ғурури) хоҷагон тавассути нависанда бидуни истифодаи мутазод (антифразис) баён шудааст.

Дараҷаи олии киноя – писханд (таъна)-ро Айнӣ нисбат ба рафтори хоҷагон дар ин тӯй бо тасвири персонажҳо баён кардааст: «Аз хоҷагон онҳое, ки аспу одам доштаанд, зуд тайёр шудаанд, аммо касони бе аспу одам хеле ташвиш кашидаанд - барои худ ду аспи кироӣ ва як одами кироӣ ёфтаанд, ба як асп худ савор шуда, ба аспи дигар он одами кироиро бо унвони хизматгори палтарсавори худ савор кардаанд» С. 106).

Маҳорати С. Айнӣ ҳамчун киноя дар шаржи (намунаи зишти) он зоҳир мешавад: «Охир баъд аз «гиред-гиред»- и бисёре, калонтарини хоҷагони меҳмон, ки дар пешгоҳ нишаста будааст, аз кисааш қаламтарошро бароварда аз рӯи табақ як дона биринҷ гирифта, вайро бо кордча ду тақсим намуда, нимаашро ба даҳон андохта, нимаи дигарашро ба рӯи дастархон гузоштааст» (С. 158).

«Қаламтарошро» и «як дона биринҷ» дар ин порча шаржи аёнӣ буда, «ду тақсим намуда» бошад, шаржи сужавии кирдорҳои бемаънии хоҷагон аст, ки муносибати онҳоро ба ҳаёт ошкор менамояд. Дар ин маврид киноя аз ҷониби муаллиф чун шакли танқиди фарҳанг истифода шудааст – дар давраи тоинқилобӣ хоҷа будан боиси ифтихор ва судманд буд, зеро гурӯҳи муайяни хоҷагон мақоми баланди молӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ доштанд. Вале дар ин тасвири кинояомез на танҳо танқид ё тамасхурро дидан мумкин аст. Бо ин тасвир нависанда гӯё дар бораи баъзе хусусиятҳои намояндагони ин табақа, фалсафаи онҳо ба мо маълумот медиҳад, ки дар таҳлили насри Айнӣ ба инобат гирифтан хеле муҳим аст.

Қобили зикр аст, ки киноя дар эҷодиёти С. Айнӣ маводи кам омӯхташуда аст.

Барои мисол, дар ҳикояи «Парвардигорхӯҷа» С. Айнӣ бо роҳҳои алоҳида яке аз хусусиятҳои намояндагони ин табақаро нишон медиҳад, ки дар он киноя низ воситаи асосии услубӣ буд.

Дар ҳикояи «Хонадории шоир» кинояи ғамангезе омадааст (С. 354), ки дар он нависанда ба таври густурда аз имконоти маҷозии киноя, инчунин аз хусусиятҳои ҳаҷвии он пайваста бо дигар усулҳои маҷозӣ истифода бурдааст, ки ба ҳикоя тобиши танзомез ва пуррагии эҳсосотӣ додааст. Барои ин кор дар ҳикоя аз тазод истифода шудааст – шоире бо номи Мулло Вафо, ки Айнӣ дар ҳуҷраи Мулло Рӯзӣ бо ӯ ошно шудааст «Ман дар ҳуҷраи Мулло Рӯзӣ бо Мулло Вафо ном шоири Ваҳшитахаллус шинос шудам. Ӯ одами тахминан чилупанҷсола, баландқомат, қоқбадани сафедчеҳраи рангканда буда, риши мошубиринҷшудааш тор-тор аз ҳам ҷудошуда меисто» (С. 354).

Киноя дар эҷодиёти С. Айнӣ вазифаҳои мураккабро иҷро мекунад, гарчанде ба поэтикаи осор, сохтору системаи образҳои онҳо зарурати бо сензура сарукор доштан муҳри муайяне гузошта бошад ҳам, нависанда ба тарзи моҳиронае барои баёни афкори худ аз равишҳои хоссае истифода кардааст.

Нависанда қасдан равиши пайдарҳамии ҳодисаҳоро қатъ карда, дар мисоли шоир Мулло Вафо «Ӯ ором нишаста наметавонист: ҳамеша гоҳ китфи худ, гоҳ бозуҳои худ, гоҳ сари сина ва миёни худ ва гоҳо зонуҳои худро ҷудогона-ҷудогона ҷунбонда меистод. Ӯ кам гап мезад ва пеш аз гап сар карданаш дастонашро як ҷунбонда ва мижгонҳояшро афшонда, ба ҳамсӯҳбати худ ваҳшиёна нигоҳ мекард» (С. 354) ба ҳикоя тобиши махсуси кинояомез дода, аз усули ҳангоматалабӣ истифода мекунад: «Лақаби ӯ «безан» буд, ки ин диққати маро бисёр ҷалб мекард. Чунки дар байни муллоҳо безанон бисёр буданд, бо ҳамаи ин чаро ин лақаб ба ӯ махсус шудааст? Сабаби инро аз худи вай пурсидан мумкин набуд. Зеро агар калимаи «зан» ё «безан»- ро дар пеши ӯ гӯянд, дарҳол шӯрида ва дашномҳои қабеҳ дода, ҳамаи аъзоҳояшро якбора ҷунбонда хеста мерафт» (С. 354).

Барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи хонанда С. Айнӣ баъди шаш сархат оид ба ашъори «бемаънии» Мулло Вафо, илова мекунад, ки: “шеърҳояш бисёр, лекин ғамангез, хеле паст ва иборат аз такрори бемуввафақияти мазмунҳои обшустаи марисияномаҳо” буданд (С. 354). Баъдан достони ишқи нокоми Мулло-Вафо бо кинояи хосса ривоят мешавад, ки дар тасвири образи шоири бадбахт тамасхури пинҳонӣ вуҷуд дорад ва он зери ҷиддияти берунӣ ниҳон шудааст: «Мулло Вафо аз шеърҳои шоирони гузашта бештарин шеърҳои ошиқонаро хонда, аз мавзӯъ ва мазмуни он шеърҳо барои худ ва дар хаёли худ як дилбари зебоҷамоли вафодори дилоромро ёрии оянда ва маъшуқаи хаёлии худ қарор дода монда буд” (С. 354).

Дар баробари ин, дар истифодаи сифат ҳангоми тасвири маъшуқаи хаёлии Мулло Вафо, ки бояд «сарв барин баландболо, шамшод барин зебо ва санавбар барин раъно хоҳад шуд» (С. 358) мебуд, нависанда дидаю дониста ва ё бо сабки тамасхури кинояомез тасвири муқобили онро эҷод мекунад, гӯё қаблан «оинаи каҷнамо» месозад, ки он ба бозтоби мафҳуми мухолиф, ки аз тағйири якбораи мусбат ба манфӣ иборат аст, мусоидат мекунад, масалан: «Ҳамин ка чашмаш ба рӯи ӯ афтид, қариб буд ки ғуссамарг шавад: рӯи пур аз доғи нағзак ва монанди рӯи мурда бенур, бинии пссти паҷақи пучуқмонанд, чашмоне монанди чашмони аз шишаи тира сохташуда беҳаракат ва бемижгон ба назараш намоён шуданд» (С. 361).

Ҳамчунин, таъсири услубии киноя бо истифода аз муқоисаҳо дар заминаи маънои мутазод дар тавсифи як маъшуқаи хаёлӣ тақвият меёбад: «расоқомат, сафкдбадан, брикмиён, ғунчадаҳон, ранги рӯяш ба сафед моил, чашмонаш сиёҳи обдори пуришваву ноз, мижгонҳояш дарози нӯгхамида, абрӯвонаш сиёҳи тӯсии нӯгтез, гӯшҳояш лолаи нав шукуфта барин тару тоза... буд ва ҳоказо» (С. 356).

Дар ҳикояи мазкур киноя танҳо бо соҳаи услуб маҳдуд намешавад, вазифаҳои он гуногун буда, ба низоми ақидатӣ-бадеии ёддоштнависӣ таъсири муҳим дорад. Ҳангоми таҳлили кинояи Садриддин Айнӣ равшан мегардад, ки на танҳо калима, ибора ва ҳатто ҷумла тамоми тобишҳои маъноии кинояомези забони ӯро мерасонанд, балки ҷанбаҳои фарҳангӣ, шароитӣ ва равоние, ки истифода кардааст, имкон медиҳанд, ки маънои кинояи муаллифро то ҳадди имкон саҳеҳ ва пайгирона боз мекунад. Барои дарки дурусти маънои кинояомез ба нависанда донишҳои воқеияти ҳаёт, махсусан таърих ва фарҳанги мардуми Бухоро, кумак мекунанд. Дар мавриди набудани манфигароӣ дар кинояи Айнӣ манзури мо ин аст, ки танзи нависанда ба вазъият дар бештари мавридҳо кинояи ғамангез аст.

Қалимаи «хоҷа» бо ироаи Айнӣ чанд зуҳурот дорад. Барои мисол, баъзан ин калима ангезаи низоъ ба миён меорад. Ин дар ёддоштҳои ӯ оид ба ободонӣ ва рушди деҳаи Соктаре зоҳир мешавад, ки чунин аст: «Бештарини заминҳои милки ин деҳа аз миракониҳо дар дасти ду хонавода буд, ки онҳоро қозибачаҳо ва мутаваллиҳо мегуфтанд» (С. 5).

Ҷилваи дигари калимаи «хоҷа» - нақши мояи ҳувият ва қудсият аст, ки дар ҳикоя тасвир шудааст: «Хоҷагон, хусусан хоҷагони мираконӣ ва ғиждувонӣ, ба дуохонӣ ҳам мағулӣ мекардандмардум беморон ва девонагонро аз атроф ба хонаҳои онҳо меоварданд ва онҳоро ба сари беморони барҷомондаи худ бурда мехононданд ва бо ҳамин восита ба он беморон «шифо» меҷустанд» (С. 5).

Калимаи «шифо» дар ин порча, бо мақсади истеҳзо нисбат ба такаббури «хоҷа» аз ҷониби муаллиф дар дохили нохунак гирифта шуда, ифодаи киноя аст.

Оид ба мавқеи соҳибимтиёзии намояндагони ин табақаи муқаддас, ки бо доштани манбаи даромади иловагии доимӣ, ба фикри масъалаҳои некуаҳволии моддии худ ниёз надоштанд, сатрҳои зерин иттилоъ медиҳанд: «Идораи рӯҳонии ин деҳа ба дасти мутаввалиҳо буд, ки онҳо аз ҷумлаи серзаминони хоҷагони мираконӣ буданд» (С.6).

Таърифи минбаъда аҷиб ба назар мерасад: «ва идораи мулкӣғмаъмурӣ дар дасти тоҷикон буд» (С. 6). Бо вуҷуди ин, нависанда бори дигар таваҷҷуҳи хонандаро ба воқеияти ҳаёти шахсии хеш, яъне ба табақаи боло – хоҷагон тааллуқ доштани худ ҷалб мекунад. Бо ин С. Айнӣ ба таври мустақим ё ғайримустақим авлавияти табақаи хоси ворисони сулолаи «устухони сафед»-ро ташхис медиҳад.

«Ёддоштҳо» ҳамчунин аз ин ҷиҳат арзишманд аст, ки дар мавриди дар қаламрави Осиёи Марказии муосир ҳузури амлоки махсуси авлоди Пайғамбар (ва дигар шахсиятҳои мусулмоне, ки дорои мақоми авлиё ҳастанд), иттилооти фаровон дорад. Ин маълумоти иловагии матн оид ба аломатҳои махсуси тафовути беруна дар номҳои табақаи «ҳоҷиён» - «устухони сафед» тасдиқи худро ёфтааст. Яке аз усулҳои ҷудокунии дигарон аз авлоди «хоҷагон» - «устухони сафед» истифода бурдани тахаллусҳои махсус буд, ба ҷои ном ё номи дараҷаи хешовандӣ, ё унвон ва ё лақабҳо истифода мешуданд. Асоси унвонҳо аз истилоҳҳо таркиб ёфта буданд: хоҷа, саид: «Назар ба нақли падарам – Сайид Муродхоҷа, падари ӯ – Сайид Умархоҷа» (С. 4). Мушкили ин расмият аз он иборат буд, ки як шахс метавонист чанд ё ҳатто ҳамаи унвонҳои номбаршударо дошта бошад. Ӯ метавонист ҳам «хоҷа» ва дар навбати худ ҳам «сайид бошад, яъне аз авлоди Пайғамбар, айнан ҳамон тавре ки мо дар номхои аҷдоди худи Садриддин Айнӣ мебинем -«Сайид Муродхоҷа, Сайид Умархоҷа».

Моҳиятан ин иттилоъ барои фаҳмидани тафаккури муаллифи «Ёддоштҳо» бисёр муҳим аст ва набояд нодида гирифт, ки одамони табақаи «устухони сафед» дар назари одамони одӣ дорои табиати муқаддас буданд ва ба таъқиботи баъди инқилоб нигоҳ накарда, қоидаҳои наве, ки ҳукумати ҷадид муқаррар карда буд, риоя намуда, наслҳои ин табақа тавонистанд мавқеи аслии худро дар муҳити ашрофи нав нигоҳ доранд.

Ва наметавон инкор кард, ки маҳз хоҷагони собиқ (гарчанде хоҷагон собиқ нахоҳанд буд – ишораи мо) қавонини навгардонии замони ҷадидро фаъолона қабул карданд. Ҳамин тариқ, тағйироти тадриҷии меъёрҳои ҳаётии намояндагони ин табақа ба амал омад ва аз ҷамоатҳои хурди маҳаллӣ, ки ҳар кадом тарзи махсуси ҳаёти сарбастаи худро пеш мебурд, ба фазои ягонаи иҷтимоии дорои меъёрҳои зиндагии умумӣ табдил ёфтанд, яъне он мавқеи иҷтимоие, ки дар гузашта табақаи «устухонҳои сафед» ишғол мекард, тадриҷан аз байн рафт, вале дар ин масъала бояд дарк кард (дар ин бора бисёр лаҳзаҳое аз «Ёддоштҳо»-ро метавон далел овард, барои мисол, ҳамон таърифи «тоҷикон ва хоҷагон»), ки сифати иҷтимоӣ-психологиро, ки дар табақаи «устухонҳои сафед» дар тӯли қарнҳо ташаккул ёфта буд, ба куллӣ тағйир додан, гузашта аз он бебозгашт «мусодира» кардан имконнопазир аст. Ҳангоми омӯзиши зиндагиномаи нависанда, дидгоҳҳои зебоишиносӣ ва ҷаҳонбинии ӯ на танҳо ҷиҳатҳои табиӣ, балки генетикӣ ва ҳасбиҳолии ӯро низ ба назар гирифтан муҳим аст. Ва дар ин амр онтологияи замони кӯдакӣ, ки дар «Ёддоштҳо» мавҷуд аст, метавонад раванди ташаккули як тифл – Садриддинро ба як шахсияти калонсол ошкор намояд.

Ҷанбаҳои онтологии давраи кӯдакии С. Айнӣ дар китоб тавассути робитаҳо ва муносибатҳои имконпазире, ки дар воқеияти муҳит метавонистанд зуҳур бикунанд, ифода ёфта, бад-ин васила дар назди мо як ҷузъи маъниофари шахсияти ояндаи нависанда ошкор мешавад. Дар ин замина айёми тифлии муаллифи китоб ба ҳайси вуҷуди хосе дида мешавад, ки барои муҳтавои шахсияти ӯ дар оянда ҳамчун тимсол хизмат мекунад. Бинобар ин, кӯдакӣ дар «Ёддоштҳо» дигар мафҳуми абстрактӣ набуда, балки ба воқеияти объетивӣ табдил меёбад. Чунин таҳқиқот имкон медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоӣ-фалсафӣ, проблемаҳои ташаккули ҷаҳонбинии шахсияти нависанда мавриди таҳкиқ қарор дода шавад. Айёми кӯдакӣ ва оила, ирсият ва омӯзиш дар образи С. Айнӣ ҷузъиёти асосӣ маҳсуб мешаванд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба тарбия ва ташаккули нависандаи оянда падари ӯ машғул буд, ки ба ҷаҳонбинии писараш таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Вазифаи дигари кинояи С. Айнӣ ба масъалаҳои эндогамия (одати зан гирифтан танҳо аз гурӯҳи иҷтимоии худ) дар оилаҳои хоҷагон равона шудааст. Чунин меъёр (он имрӯз ҳам вуҷуд дорад – М. Ҷ.) ҳамеша яке аз хусусиятҳои муҳими мавқеи имтиёзноки табақаи «хоҷа» ва «сайид»-ҳо аст, ки мувофиқи он марди мутааллиқ ба табақаи муқаддас бояд бо як ҳамсар издивоҷ кунад, беҳтараш аз табақаи «устухони сафед», агар духтаре аз табақаи хоҷа ё сайидҳо ба шахсе аз одамони одӣ (авом, фуқаро) ба шавҳар барояд, он гоҳ чунин меҳисобиданд, ки никоҳи онҳо ба бадбахтӣ ва ноомадҳо дучор хоҳад шуд. Дар «Ёддоштҳо» ин иттилоъ бо навиштаҷоти зерин собит мегардад: «Бобоям чун ин фикрашро ба аҳли дехаи Маҳаллаи Боло маълум мекунад, дарҳол арӯс меёбанд ва яке аз духтарони Ҳамроҳхонро, ки фарзанди сеюми ӯ буда, Зеварой ном доштааст, барои падарам муносиб дидаанд» (С.

Кӣ будани Ҳамроҳхонро, мо аллакай медонем, ки «барои ӯ (бобои нависанда – М.Ҷ.) дар аввали кор меҳмонхонаи Ҳамроҳхон номеро, ки ҳавлиаш дар ҳамсоягии масҷид будааст, бошишгоҳ қарор додаанд» (С. Ҳангоми муайянсозии мақоми иҷтимоии ин ё он намояндагони «устухони сафед» доимо «…ҳам табори падарӣ ва ҳам насаби модарӣ ба назар гирифта мешуд…» («Потомки Ходжа Ахрора», 1985, С. 159-160).

На ҳамеша тарзи ҳаёт ва ахлоқи намояндагони табақаи хоҷагон ҳадафи кинояи нависанда қарор мегирифт, дар бештари мавридҳо ӯ ҷиҳатҳои паҳлуҳои мусбати ҳаёти онҳоро низ нишон додааст, барои мисол, мо мефаҳмем, ки намояндагони табақаи «хоҷагон» ва «сайидҳо» аз мардуми одӣ бо сатҳи баланди саводнокӣ ва талоши беандозаашон барои маълумот гирифтан фарқ мекарданд. Аз лиҳози вазъи маънавӣ, дараҷаи маълумотнокии онҳо нисбат ба дигар қишрҳои аҳолӣ баландтар буд. Зарурати дарки ҳақиқат ва маърифатнокии мардуми одиро ин табақа чун вазифа ва ҳатто рисолати худ баррасӣ мекарданд:

«Назар ба нақли падарам – Сайид Муродхоҷа, падари ӯ – Сайид Умархоҷа одами хату саводнок буда, аз ҳунарҳои дастӣ дуконбофӣ ва дурудгарро хуб медонистааст. Хусусан дар дурудгарӣ шӯҳраташ дуруст будааст» (С. 7); «Вақте ки падарам ин қисми саргузашти худро ҳикоя мекард, мегуфт:

– Ман барои хондан ишқу ҳаваси бисёр доштам, бинобар ин намехостам, ки хонадор шуда аз хондан бозмонам» (С. ва бинобар ин ҷои тааҷҷуб нест, ки «Баъди барқарории ҳокимияти шӯроҳо дар Осиёи Марказӣ …маҳз «устухони сафед» асоси дастгоҳи давлатӣ ва ҳизбӣ, пояи кадрҳои маҳаллии илмӣ қарор гирифта мағзи зиёиёни эҷодкори миллиро ташкил медоданд ...» (Бушков, В. Микульский, Д. Этнокультурные особенности таджикского народа и их влияние на современную общественно-политическую жизнь, 1996, С. 30).

Айнӣ кинояро чун сабки таҳкия истифода мебарад. Маҳорати санӣаткории нависанда аз он иборат аст, ки кинояи ӯ на танҳо дар тасвири персонажҳо, балки дар шеваи иншои матн низзоҳир мешавад. Барои мисол, Айнӣ оид ба ҳаракати иҷтимоӣ, яъне намояндагони табақаи «устухони сафед» нақл мекунад, ки онҳо ба осонӣ аз маҳалли зисташон берун мешуданд, аз як шаҳр ба шаҳри дигар ва ҳатто ба деҳот мекӯчиданд. Ин ҷиҳати ҳаёти ворисони қудсиёнро ӯ кинояомез хусусияти фаъолияти эшонзодагон мешуморад, барои мисол: «Аҳолии деҳа, <…> ба ӯ рӯ оварда аз номи ҷамоат аз вай талаб кардаанд, ки имоматии масҷид(е)ро,<…> қабул намояд, шояд ба «шарофати ӯ» дар деҳаи онхо хам одамони саводнок пайдо шаванд, чунки имоми собиқашон худ бесавод буда <…> «Ба бобоям ин таклиф маъқул афтодааст»; «Бобоям ба ҳамин мулоҳизаҳо ин таклифро хуш қабул кардааст, барои ӯ дар аввали кор меҳмонхонаи Ҳамроҳхон номеро, ки ҳавлиаш дар ҳамсоягии масҷид будааст, бошишгоҳ қарор додаанд» (С.

Инчунин озодии имтиёзноки хоҷагон, ки барои вайрон кардани меъёрҳои аз ҷониби умум қабулшуда иҷозат доштанд, низ ба таври кинояомез тасвир шудааст ва бинобар ин, на танҳо ба онҳо татбиқи ҳар навъи ҷазоҳо, балки таҳқир карданашон низ мамнуъ буд. Ҳоким ҳақ надошт бесабаб ва бидуни ризоияти дигар хоҷагон авлоди Пайғамбарро ба қатл расонад: «Хоҷагон ё сайидзодагон… дар ҳама ҳолатҳо аз ҳукми қатл ва аз ҷазои ҷисмонӣ истисно буданд...» (Бушков, В. Микульский, Д. Этнокультурные особенности таджикского народа и их влияние на современную общественно-политическую жизнь, 1996, С. 126), яъне онҳо барои гуфтор ва кирдорашон ҷавобгар набуданд ва метавонистанд “ҳар кореро бикунанд ва ҳар суханеро бигӯянд, ки барои ин амал аз тарафи одами одӣ, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешуд. Бо чунин муносибат ҳама гуна ҳамоқати авлоди муқаддас “чун ошуфтагии динӣ қабул мешуд, ҳам ба мастигариву ҳам ба фисқу фасоди онҳо...бо иззату икром менигаристанд. Бар асоси чунин эътибор хоҷагони ҷавон дар кӯчаҳо сарсарӣ мегарданд, сагҳоро мезананд, зери чодари занҳо назар мекунан, ва касе ҷуръат намекунад, ки пеши роҳи онҳоро гирад...”; ҳар кореро, ки онҳо анҷом надиҳанд, сокинони Осиёи Марказӣ “онҳоро дурусткор меҳисобанд, тавре ки пайравони мазҳаби католикӣ саррӯҳониашонро чунин мешуморанд...» (Валиханов, Ч.Ч. “О состоянии Алтышара, или Шести восточных городов китайской провинции Нан-лу (Малой Бухарин), в 1858-1859 годах”, 1987, С.191), масалан, дар ҳикояи “Қарори “махкама” ва сангсор шудани аробакаш” (С. 513) омадааст, ки чи гуна аробакаши одӣ панҷ муллои ҳавобаландро, ки ҳаққи хизматро мувофиқи шартнома пардохт кардан нахостанд ,аз фойтун берун партофтаст: «Баъзеҳо ин ҳама суханҳоро кӯтоҳ карда, “як аробакаш “сабби набӣ” кардааст, муллоён ӯро сангсор мекардаанд” ғ мегуфтанд” Маънии “сабби набӣ” ба оммаи аҳолии Бухоро маълум буд... “ба маънои дашном додан ва безорӣ ҷустан аз Худо ва Расул” кор фармуда мешуд”; “Дар рӯзи сеюм овоза паҳн шуд, ки “қозикалон аробакашро ба ҳабс гирифта, бо ривояти уламо ба амир ариза навиштааст ва мунтазири фармони олӣ будааст» (С. 504).

Кинояи Айнӣ маънои фарҳангиву таърихӣ дорад. Масалан, дар ҳикояи «Наҷибуттарафайн» (С. 427) нависанда Абдуллохоҷаро масхара мекунад, ки аллакай давраи таҳсилро дар мадраса хатм карда, мударрис таъйин шудааст ва бо қомати аз андоза зиёдаш то ҳадде дар байни одамон ҷудо шуда меистод, ки дар Бухоро ба монанди ӯ одами қоматбаландро ёфтан мушкил буд.

Маҳорати С. Айнӣ дар ин зоҳир мешавад, ки ҳамаи персонажҳои ҳикояи мазкур на танҳо хандаовар, балки фоҷиавӣ низ ҳастанд ва ин ба воқеъгароии тасвири онҳо меафзояд, масалан, ҳангоми тавсифи такаббури қаҳрамони асосии ҳикоя, ки «қади дарози ӯ бо шиками калони ба пеш овезон шудаистодааш ба сафедоре монанд буд, ки ба танаи вай як хуми калонро баста монда бошанд. Риши зардчатобаш (...) ҳамин тавр менамуд, ки он риш аз бозе ки бар рӯи манаҳи ӯ рӯидааст, на рӯи қайчиро дидааст ва на рӯи шонаро (...)»; «аз чашмони ӯ кам-кам об мерафт, ки он обҳо ба рӯи сафеди бенураш шорида фуромада, баъд аз хушкидан шӯра зада меистоданд. (...) Тарафдорони ӯ мегуфтанд, ки «азбаски фикри ӯ ҳамеша ба маъниҳои олӣ банд аст, афшонда пок кардани биниаш ба хотираш намерасад» ва «Вақте ки дар кӯчаҳо мегашт ба касе нигоҳ намекард ва бо касе (ҳарчанд шиносои деринам бошад) салом-алек наменамуд» (С. 427) дар масҷиди мадраса дар намозҳои ҷамоат бо падараш дар сафи пеш меистодааст, дар вақти шурӯъ кардан ба намоз аз падари худ як ваҷаб пештар мерафтааст. Тақрири ин пурсиш ба гӯши бузургвории Абдуллохоҷа бисёр мефоридааст; қади ӯ аз будаш зиёдтар ба тарафи боло ёзида, лунааш аз боди хандаи мағрурона медамидааст: «-Шумо савҳ накардаед, ки ман дар ҳақиқат дар сафи намоз аз падар пештар истодам (ӯ ҳеҷ гош падари худро бо унвони эҳтиромй - монанди қиблагоҳӣ ном намебурд. Аммо касе дар пеши ӯ падари ӯро бо унвони эҳтироми ёд накунад, дар ғазаб мешуд. Чунки аз тарафи як одами дигар таҳқир ёфтани падарашро бинобар ин ки худаш як ҷузъи падараш мебошад, таҳқири худ мешумурд). Ин кори ман мувофиқи шариат ва одат аст. Чунки илми ман аз илми падарам аст, ки дар ин ҳеҷ шакку шубҳа нест. Дар насаб ҳам аз падар бартар мебошам, Зеро ки падарам, аз як тараф, танҳо аз тарафи падараш сайид ва асилзода бошад, ман ҳам аз тарафи падар сайид мебошам, ҳам аз тарафи модар» (С. 425).

Ҳавобаландии Абдулло-хоҷаро киноя зада, нависанда ҳамзамон ҳам неку ҳам бадро нишон дода, дар назди ҷомеа мушкилтарин суолҳои фалсафиро мегузорад ва аз саҳифаҳои аввал бо сабки хоси нигориши худ шавқи хонандаро бармеангезад. Муаллиф бо зарофат ва эҳсоси хосе худпарастии инсонро масхара карда, онро чунон моҳирона тасвир мекунад, ки дар як замон Абдулло-хоҷаи бадбахт ҳам хандаовар ва ҳам аламовар менамояд. Чунончи, ба ӯ доимо ҳамон як саволро медоданд, гарчанде хуб медонистанд, ки сомониён ба авлоди пайғамбар – саййидҳо ҳеҷ муносибате надоранд – ва баромади онҳо аз тоҷикони Балх аст, на аз арабҳо, вале ҳеҷ гоҳ ба ӯ ин маълумотро намегуфтанд. Онҳо намехостанд ҳфнгоми истироҳати шомгоҳон, қабл аз намози хуфтан, ки суҳбатҳои муллоҳо зери тоқи даромад махсусан гарм мешуд, аз лаззати ҳазлу шӯхӣ дар бораи ӯ худро маҳрум созанд.

Дар хотима қайд кардан мумкин аст, ки Садриддин Айнӣ кинояро ҳамчун василаи услубӣ истифода бурдааст, ки инъикоскунандаи муносибати ӯ ба кӯҳна, нав ва оянда аст. Кинояи Айнӣ аз нуқтаи назари ҳам эҳсосӣ ва ҳам мавзӯи тасвир комилан гуногуншакл аст.

Ҳамин тариқ, фарзияи дар аввали мақола пешниҳодшуда тасдиқ шуд: киноя дар матни «Ёддоштҳо» дорои хусусияти фалсафиест, ки дар пуччию музахрафии муносибатҳои иҷтимоӣ асос ёфтааст. Нависанда ақидаҳои субъективиро баён мекунад, ки маънои таҳтонй доранд.

Муаллифи мақола кинояро дар насри С. Айнӣ на танҳо ҳамчун услуби ҳунарӣ, балки асли тафаккур, фалсафа ва ҳастӣ низ медонад. Ин ақида барои тасдиқи андешае замина фароҳам меоранд, ки киноя дар «Ёддоштҳо» мавқеи диду ҷаҳоншиносии муаллифи асарро комилан ошкор месозад.

Мурувватиён Ҷамила, д.и.ф., сарходими шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО