Error message

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
09 May 2026
Submitted by Admin
26

Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз фоҷиабортарин ва ҳамзамон сарнавиштсозтарин рӯйдодҳои асри XX ба шумор меравад. Ин ҷанг на танҳо муқовимати низомӣ, балки озмоиши бузурги ахлоқӣ, сиёсӣ ва инсонии халқҳо буд. Барои халқи тоҷик низ он марҳилаи пур аз фидокорӣ, талафот ва қаҳрамонӣ гардид. Рӯзи Ғалаба имрӯз ҳамчун рамзи пирӯзии адолат бар зулм, ваҳдат бар парокандагӣ ва ҳаёт бар марг дар хотираи таърихии миллатҳо ҷойгоҳи вижа дорад.

Тибқи маълумоти таърихӣ, зиёда аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба сафи Армияи Шӯравӣ сафарбар гардидаанд. Аз ин шумора тақрибан 92 ҳазор нафар дар майдонҳои ҷанг ҷони худро аз даст додаанд. Ин рақамҳо танҳо омор нестанд, балки таҷассуми сарнавишти ҳазорон хонавода ва дарди муштараки як миллатанд. Сарбозони тоҷик дар муҳорибаҳои муҳими ҷанг, аз ҷумла дар Сталинград, Курск ва Берлин, ширкат намуда, намунаи олии шуҷоат ва устувориро нишон доданд. Даҳҳо нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва ҳазорон тани дигар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.

Ақибгоҳ — ҷабҳаи дуюми пирӯзӣ

Дар баробари фронт, ақибгоҳ низ нақши ҳалкунанда дошт. Занон, наврасон ва пиронсолон дар шароити ниҳоят душвори иқтисодӣ истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқро нигоҳ медоштанд. Тоҷикистон ҳамчун минтақаи муҳими аграрӣ фронтро бо пахта, ғалла ва дигар маводи зарурии ғизоӣ таъмин менамуд. Ин ҳамбастагӣ ва эҳсоси масъулияти умумӣ нишон медиҳад, ки пирӯзӣ танҳо натиҷаи ҷасорати сарбозон набуд, балки маҳсули ирода ва заҳмати тамоми ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

Рэн — яке аз куҳантарин деҳаҳои ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, яке аз маконҳои таърихии ноҳияи Ишкошим ба шумор меравад, ки дар соҳили рӯди Панҷ ва дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир ҷойгир шудааст. Ин деҳа аз қадимулайём ҳамчун маркази фарҳангӣ, маънавӣ шинохта шуда, бо табиати нотакрор, суннатҳои мардумӣ ва шахсиятҳои донишманду ватандӯсташ маъруф мебошад.

Мавқеи ҷуғрофии Рэн дар масири таърих боис гардидааст, ки ин деҳа дар тӯли асрҳо ҳамчун яке аз маҳалҳои муҳимми фарҳангӣ ва иртиботии минтақа нақш дошта бошад. Сокинони он асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, ҳамзамон дар ҳифз ва интиқоли анъанаҳои фарҳангии Бадахшон саҳми назаррас гузоштаанд.

Рэн на танҳо бо табиати зебо ва муҳити кӯҳистонии худ, балки бо фарзандони донишманд, омӯзгорон, шоирон ва шахсиятҳои ватандӯсташ низ маъруф аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ сокинони ин деҳа, мисли дигар мардуми Тоҷикистон, барои ҳифзи Ватан ба сафи Армияи Шӯравӣ пайвастанд ва дар майдонҳои набард намунаи шуҷоат ва садоқат нишон доданд.

Дар радифи ҳамин фарзандони фидокор, ки бо ҳам хешу пайванд аз як деҳа буданд, деҳаи Рэн бо эҳтироми вижа ёдоварӣ мешавад, ки сарнавишти онҳо имрӯз бахше аз хотираи таърихии деҳа ва миллатро ташкил медиҳад.

Дар баробари таҳлили умумии ҷанг, омӯзиши сарнавишти шахсиятҳои алоҳида барои дарки амиқи таърихи иҷтимоӣ ва инсонӣ аҳамияти махсус дорад.

Яке аз намунаҳои барҷастаи саҳми маҳаллӣ дар ҷанг — деҳаи Рэн, ноҳияи Ишкошим вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад. Аз ин деҳа шаш нафар дар ҷанг иштирок намудаанд:

Ғозибеков Бодурбек (1920–1944)

Ғуломасаинов Дарвешалӣ (1915–1943)

Қадамов Мамадҷон (1915–1943)

Мамадёров Боракалӣ (1915–1943)

Раҳматов Шариф (1910–1970)

Чаҳонгиров Толибшоҳ (1916–1944)

Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҷанг ба сатҳи деҳот таъсири мустақим дошта, тамоми наслҳоро фаро гирифта буд.

Яке аз чунин шахсиятҳо Ғозибеков Бодурбек мебошад.

Сарнавишти як фарзанди бедаракгумшуда

Ғозибеков Бодурбек соли 1920 дар деҳаи Рэн, ноҳияи Ишкошим вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ гирифта, баъдан курси омӯзгориро хатм намудааст ва то соли 1943 ҳамчун омӯзгор фаъолият кардааст. Соли 1943 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват гардида, хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии 77673 «щз» дар Закавказия анҷом додааст.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ӯ то охири ҷанг бо оила ва наздиконаш робитаи номавӣ доштааст. Аммо баъд аз соли 1945 сарнавишти ӯ номаълум боқӣ монда, дар рӯйхати сарбозони бедаракгумшуда сабт гардидааст. Ин сарнавишт намунае аз тақдири ҳазорон ҷавони тоҷик аст, ки аз ҷанг барнагаштанд ва номашон дар миёни хотираҳо, номаҳо ва интизории абадии модарону пайвандон зинда монд.

Номаи таърихӣ ҳамчун санади зиндаи замон

аз Ғозибеков Бодурбек - танҳо як нома боқӣ мондааст, ки 13 сентябри соли 1944 ба дӯсташ Андалибзода Азим, сокини деҳаи Яхшволи ноҳияи Ишкошим, ирсол гардидааст. Ин нома бо забони самимӣ ва пурэҳсос навишта шуда, дар он сарбоз аз зиндагии ҳаррӯза, хизмат дар сафи артиш ва орзуи бозгашт ба Ватан ёд мекунад.

Ин нома на танҳо як санади шахсӣ, балки манбаи муҳимми таърихӣ барои омӯзиши ҳолати равонӣ ва иҷтимоии сарбозони тоҷик дар солҳои ҷанг мебошад. Аз миёни ҷумлаҳои содаи он эҳсоси дурӣ аз Ватан, умеди бозгашт ва муҳаббат ба диёр возеҳ эҳсос мегардад.

Аз нигоҳи таърихнигорӣ, омӯзиши чунин сарнавиштҳо барои барқарорсозии хотираи коллективӣ ва такмили дарки таърихи иҷтимоии ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Ҷанг на танҳо талафоти ҷисмонӣ, балки талафоти хотираи шахсӣ ва оилавиро низ ба бор овардааст.

Хулоса,

Рӯзи Ғалаба танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи пирӯзии арзишҳои инсонӣ бар ваҳшоният ва таҷассумгари қудрати руҳи инсон мебошад. Саҳми халқи тоҷик дар ин пирӯзӣ бузург ва фаромӯшнопазир аст.

Сарнавишти Ғозибеков Бодурбек ҳамчун намунаи як сарбози бедаракгумшуда хотиррасон мекунад, ки таърих аз маҷмӯи сарнавиштҳои инсонӣ иборат аст. Ҳифзи хотираи онҳо, гиромидошти номашон ва омӯзиши осори боқимондаи зиндагии онҳо вазифаи ахлоқӣ, илмӣ ва миллӣ мебошад.

Латифзода Собир Зарифӣ.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО