21 May 2026
Submitted by Admin
24

Таърихи миллати куҳанбунёд ва фарҳангофари тоҷикро бо тамоми шебу фарозаш корномаи қаҳрамонон баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан, озодӣ, истиқлол ва ваҳдату муттаҳидӣ фаро мегирад. Маҳз корномаи беназири фарзандони фарзонаи миллат боис шудааст, ки аҷдоди мо дар марҳалаҳои мухталифи тақдирсозу мураккаб ҳастии хешро ҳифз намуда, имкони дар дарозои таърих бақо монадан ба вуҷуд омадааст. Миллате, ки аз озодӣ ва истиқлолаш ҳифз намекунад ва баҳри ба даст овардани он талоше намеварзад, пойдору пойбарҷо бақо намемонад. Садҳо халқиятҳо дар тули таърих аз боиси хомушӣ ва эътирофи ҳукумати аҷнабиён ҳастии хешро аз даст додаанд, ки барои ҳамагӣ мо ошкору рӯшан аст. Яъне дар рӯёрӯи аҷнабиён хомӯшӣ ихтиёр кардану аз ҳаққи хеш дифоъ накардан хушбахтона хоси миллати мо набудааст. Дар марҳалаҳои сарнавиштсоз модари тоҷик ба ин миллат қаҳрамононеро ҳадя намудааст, ки бо корномаашон тавонистаанд, аз ҳақу ҳуқуқи хеш дифоъ намоянд, мардумро ба самти муайян раҳнамо созанд ва ҳамчун чеҳраи мондагор исми хешро дар таърихи башарӣ сабт кунанд. Миллате, ки ба корномаи фарзандони бо нангу номуси хеш арҷ мегузорад, умраш пойбарҷо асту ватанаш дар амну субот.

Имрӯз миллати тоҷик хушбахт аст, ки соҳиби воқеӣ, яъне сарваре дорад, ки аз моликияти таърихӣ ва ҳақу ҳуқуқаш ба таври шоиста дифоъ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои пуршебу фарози ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ ба ҳайси соҳиби миллати Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Рудакиву Мавлоно ва Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур баромад намуда, аз тамоми арзишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии миллат ҳифз намуда, арҷгузор ба корномаи чеҳраҳои мондагори тоҷикон мебошад.

Ташаббусҳо ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахусти ба арсаи сиёсат ворид шудан то имрӯз бо маром ва ба таври шоиста идома дорад. Иқдоми навбатии Сарвари давлат дар хусуси овардани хоки мазори се чеҳраи мондагори ибтидои асри ХХ – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад, ки дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон нақши хосса гузоштаанд, гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Қаҳрамонон аст. Ба қавле ранҷу заҳмат ва талошу ҷонисориҳои қаҳрамонро қаҳрамон медонад. Васлгари таърихи миллат ва пайвандгари тамоми арзишҳои миллӣ аз истиқлол сар карда то ваҳдату фарҳанг ва тамаддун қаҳрамонон мебошанд. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар давраи бисёр ҳасос, марҳалае, ки мавқеъгирӣ хеле мураккаб ва номуайян буд, барои ҳақу ҳуқуқи миллати тоҷик талош намуданд. Замоне буд, ки муайян кардани мақом дар ҷомеа паёмадҳои норӯшане дошт, яъне аз як ҷониб тарафдорони низоми собиқа ва аз ҷониби дигар низоми нав, ки ҳадафи дар тамоми самт татбиқ намудани ислоҳотро дошт. Ҳатто дар раванди ислоҳот инқилоби фарҳангӣ (мафкуравӣ) пеш гирифта шуд, ки ҳадаф сирф ба вуҷуд овардани мафкураи сотсиалистӣ буд.

Бояд ёдовар шуд, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ашхосе буданд, ки раванди таҳаввулоти сиёсию ҷамъиятиро бо чашми сар дида, онро ҳамаҷониба дарк намуда буданд. Ин чеҳраҳои мондагори миллат шоҳиди се инқилоб ва як марҳалаи бузурги гузариши таърихӣ ба шумор мерафтанд. Маҳз дарки равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ин шахсиятҳо ва дигар ҳамсафони онҳоро водор намуд, ки барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон аз ҷони хеш гузаранд. Замоне талошҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ шуруъ карданд, ки сухан дар боби тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкили давлатҳои миллӣ дар ҳудуди таърихии тоҷикон мерафт. Душманони миллат ҳеҷ хостори амалӣ шудани ормонҳои ин шахсиятҳои ҷонсупурда набуданд, балки бо ҳар роҳ талош меварзиданд, ки аҳдофи неки онҳо амалӣ нашавад. Новобаста аз ташаккул ва фаъол гардидани ғояҳои зиддитоҷикӣ ба ин абармардони миллат муяссар шуд, ки барои ташкили давлати миллӣ, яъне субъети сиёсии бо номи Тоҷикистон муваффақ шаванд. Маҳз талоши се тан аз чеҳраҳои мондагори миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Садриддин Айнӣ сабаб шуд, ки бори нахуст бо номи тоҷик давлате ба унвони Тоҷикистон дар харитаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон пайдо шавад. Маҳз талошу заҳматҳои онҳо сабаб шуд, ки ҳувияти миллии тоҷикон ташаккул ёбад. Омӯзиши кору пайкори ин абармардҳо гувоҳи он аст, ки дар саргаҳи ҳувияти миллии тоҷикон дар чунин марҳалаи бисёр ҳассос ва тақдирсоз маҳз онҳо қарор доштанд. Аввалин шуда дарк намуданд, ки давлатдорӣ барои миллати тоҷик зарур ва муҳим аст.

Баъд аз ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин се чеҳраи барҷастаи миллат дар ташаккули аркони давлатӣ ва амалӣ гардидани барномаҳои ислоҳотӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту фарҳанг нақши муассир гузоштанд. Яъне ба таври самаранок ва ба манфиати миллат амалӣ намудани сиёсати шуравӣ аз ҷониби онҳо боис шуд, ки дар муддати 4 сол бисёр мушкилотҳо ҳаллу фасл шаванд. Маҳз суръати баланди талоши Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад ва дигар ҳамсафонашон сабаб шуд, ки нигоҳи ҳокимияти марказии вақт нисбат ба сарнавишти тоҷикон мусбӣ тағйир ёбад. Ниҳоятан дар қабули аввалин Конститутсияи мамлакат нақши ин шахсиятҳо басо муҳим ва назаррас буд. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар татбиқи чор аҳдофи стратегии мамлакат, махсусан тақсимоти миллӣ – марзӣ, саноаткунонӣ, муттаҳид намудани хоҷагиҳои деҳот ва инқилоби фарҳангӣ дар Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд. Маҳз бо ибтикори ин абармардони арсаи сиёсат ва фарҳанг сотсиализм дар Тоҷикистон ғалаба карда, заминаи таҳкими низоми шуравӣ гузошта шуд.

Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фаъолияти фидокоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ва ҳамсафонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд. Дар он солҳои душвор барои дар шаҳри Душанбе ҷойгир сохтани муассисаҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Танҳо бо талошу заҳматҳои халқи меҳнатқарини тоҷик ва фарзандони фидокору фарзонаи миллат пойтахти навини Тоҷикистон шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала обод гардид».

Ҷонисориҳо ва фидокриҳои ин чеҳраҳои мондагори миллат дар замони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қардрдонӣ шудаистодааст. Ташаббуси навбатии Сарвари давлат дар масири рушди давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳувият ва худшиносии миллӣ аҳамияти махсус дорад. Бо ин арҷгузорӣ собит шуд, ки Ватан ҳаргиз ҷонисориҳо ва фидокориҳои фарзандони асил ва фарзонаи хешро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад ва ба онҳо ҳамнавост. Насли имрӯзи миллат пай бурд, ки ягона заҳмате, ки қадру манзалаташ гум намешавад, хидмати фидокорона ба миллату давлат ва меҳани азиз аст. Ин ташаббус дар бедории миллӣ ва зиракии сиёсии наслҳои наврас ва ҷавони кишвар баҳри хидмати шоиста намудан ба Ватан мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи ҷасорат ва ҷавонмардию аз худ гузаштанҳо баҳри манфиатҳои миллӣ ба камол мерасонад. Ормони Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур табдил додани Тоҷикистон ба як давлати рушднамуда ва баланд бардоштани сатҳи зидандагӣ ва некуаҳволии миллати тоҷик, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ буд, ки имрӯз ин ҳама аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Бо талошу заҳматҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон миллати тоҷик соҳибдавлату соҳибэҳтиром гардида, имрӯз ҳамчун ҷониби ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

Изҳори сипос ва сари таъзим фуруд овардани Пешвои миллати тоҷик, муаррифгари тамаддун ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хоки мазори се тан аз чеҳраҳои мондагори миллат рамзи эҳтиром ба миллат ва фарзандони фидоии он аст. Имрӯз мо тоҷикон аз он шарафмандем, ки Пешвои қадршиносу соҳибэҳтироме дорем, ки бо ҳусни тадбир ва хираду дурандешӣ дар ҳама сатҳ миллати тоҷикро муаррифӣ ва манфиаташро ҳифз менамояд. Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон соҳиби воқеӣ ва муаррифгари ин миллати куҳанбунёд аст, ки бори дигар ин ташаббуси беназираш имрӯз исбот сохт. Ҳамин аст ватандорӣ, Пешво доштан, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ, ки ҳамагӣ насиби миллати хушбахти тоҷик аст. Ин амали ҷасурона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат ҳар як шаҳрванди шоистаро водор кард, ки ашки шодӣ резад, чун ҷонфидоёну тоҷикони асил баъди 89 сол ба хоки Ватан васл шуданд.

Ин иқдоми Пешвои миллат барои миллати шарафманди тоҷик мубораку фархунда аст. Бо тамоми расму русуми миллӣ ва динӣ ба хоки Ватан супурдани Қаҳрамонони миллат аз амали инсондӯтонаи Сарвари давлат мебошад. Акнун насли миллат бо ифтихору шарафмандӣ аз оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур зиёрат карда, ҳар лаҳза дарк менамоянд, ки хидмат ба Ватан ҳеҷ фаромӯш нахоҳад шуд. Ин амале буд, ки ҳамагӣ ҷомеаро дар руҳияи фидокорӣ баҳри Ватан ва арзишҳои давлатдорӣ сафарбар намуда, истиқлолу ваҳдати миллатро таҳким мебахшад. Зарур аст, ки наслҳои наврас ва ҷавонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба Мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон ва хидмати шоиставу сазовор намудан барои миллату Ватан тарбия ва ба камол расонем. Ҷасорати миллиро дар ботини ҳар як насл ташаккул ва рушд бахшем, то умри миллат ва давлатдории мо боз ҳам дарозу пойбарҷо бошад.

Хушвахтзода Қобилҷон, академик, президенти АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО