12 Jun 2026
Submitted by Admin
20

Шоми 11 июни соли ҷорӣ дар доираи барномаи фарҳангии конференсия иштирокдорон дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Робиаи Балхӣ»-ро тамошо намуданд.

Намоишнома бар асоси асари нависанда ва драматурги тоҷик Абдусалом Атобоев таҳия гардидааст. Муаллиф соли 1973 намоишномаи «Суруди нотамом»-ро иборат аз ҳафт парда ба саҳна гузошта буд. Соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшиши ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров ин намоишнома пас аз даҳсолаҳо бори дигар рӯи саҳна оварда шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш намоишро бо таваҷҷуҳ ва мароқи зиёд тамошо намуданд. Ҳунармандон бо маҳорати волои касбӣ, истеъдоди баланди эҷодӣ ва ҳунари нотакрори саҳнавӣ тавонистанд рӯйдодҳои таърихӣ ва образҳои асарро хеле табиӣ ва таъсирбахш бозофарӣ намоянд. Иҷрои пурэҳсос, ҳаракатҳои мутаносиб, суханронии фасеҳ ва воридшавии комил ба нақшҳо боис гардид, ки ҳар як саҳна барои тамошобинон ҷолибу хотирмон бошад. Хусусан, таҷассуми симои Робиаи Балхӣ бо нозукиҳои равонӣ, эҳсоси баланди ишқу садоқат, матонат ва ҷасорати занонаи ӯ дар сатҳи хеле баланд иҷро гардида, дар қалби ҳозирин таассуроти амиқ ва фаромӯшнопазир ба ҷой гузошт. Намоишнома бо сатҳи баланди ҳунарӣ, ороиши ҷолиби саҳна ва иҷрои касбии ҳунармандон мавриди истиқболи гарму самимии иштирокдорон қарор гирифта, анҷомбахши шоистаи Конференсияи байналмилалии илмию назариявии «Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» гардид

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО