Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
24 Jun 2026
Submitted by Admin
7

Имрӯз, 24 июн дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик” баргузори гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки фаъолияти илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии Ҷӯрабек Назрӣ саҳифаи муҳимме аз таърихи рушди илму фарҳанги муосири тоҷик ба шумор меравад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки ҳаёт ва фаъолияти доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи равшани ҳамгироии илм, фарҳанг ва ҳунар буда, дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад.

Таъкид гардид, ки Ҷӯрабек Назрӣ аз ҷумлаи он, шахсиятҳое мебошад, ки тавонист дар як вақт ҳамчун донишманд, муҳаққиқ, роҳбар ва ташкилотчии илм, овозхон ва арбоби фарҳангӣ шуҳрат пайдо кунад. Ӯ тамоми умри худро ба омӯзиш ва тарғиби мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик бахшидааст.

Гуфта шуд, ки Ҷӯрабек Назрӣ баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмии худро оғоз намуда, соли 1974 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Мактабии Шерозӣ ва достони Лайливу Маҷнуни ӯ” ва соли 1996 рисолаии докториашро дар мавзуи “Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик” ҳимоя карда. Ӯ ба ҳайси муҳаққиқ ва роҳбари муассисаҳои илмии фаъолият намуда, чандин сол сарварии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, баъдан Маркази меросии хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Қайд гардид, ки самтҳои асосии пажӯҳишҳои илмии ӯ таърихи адабиёти форсу тоҷик, шарқшиносӣ, матншиносӣ, нусхашиносӣ, маъхазшиносӣ ва робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқҳои минтақа буданд. Ба шарофати таҳқиқоти амиқи ӯ бисёр осори арзишманди адабӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифта, ба ҷомеаи илмӣ муаррифӣ шуданд.

Зикр гардид, ки яке аз хизматҳои бузурги Ҷӯрабек Назрӣ таҳқиқ ва эҳёи мероси хаттии тоҷикон мебошад. Ӯ дар омӯзиши осори классикии адабиёти тоҷику форс саҳми арзанда гузошта, бо таҳқиқоти худ саҳифаҳои муҳимми таърихи адабиётро равшан намудааст. Аз ҷумла, рисолаи илмии ӯ оид ба Мактабии Шерозӣ, таҳқиқи осори «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сулаймоннома» ва дигар асарҳои адабӣ дар миёни муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ эътирофи баланд пайдо кардааст. Асари фундаменталии ӯ «Нома номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», ки аз муҳимтарин таҳқиқот дар ин самт ба шумор меравад, дар Тоҷикистон ва Эрон ба нашр расидааст.

Иброз гардид, ки Ҷӯрабек Назрӣ муаллифи зиёда аз 150 китоб, рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба масъалаҳои муҳимми адабиётшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бахшида шудаанд. Фаъолияти Ҷӯрабек Назрӣ танҳо ба илм маҳдуд набуд. Ӯ яке аз овозхонҳои маъруфи солҳои 70-80-уми асри гузашта ба ҳисоб мерафт. Бо сабки хоси овозхонӣ ва ҳунари баланд тавонист муҳаббати ҳазорон нафар мухлисонро ба даст оварад.

Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлат Сафар дар суханронии хеш зикр дошт, ки фаъолияти пурмаҳсул ва чандҷанбаи Ҷӯрабек Назрӣ ҳамчун шахсияти маъруфи илму фарҳанги кишвар дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа, рушди адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Таъкид гардид, ки осори илмӣ ва адабии Ҷӯрабек Назрӣ бо муҳтавои амиқи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ барои насли имрӯз ва оянда ҳамчун мактаби омӯзишу ибрат хизмат хоҳад кард. Ҳамзамон, мавсуф баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро барои гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангиву илмӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Инчунин, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим таъкид дошт, ки шахсияти илмиву эҷодии Ҷӯрабек Назрӣ дар муҳити адабӣ ва фарҳангии кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, ӯ аз зумраи зиёиёне маҳсуб меёбад, ки тамоми фаъолияти худро ба хизмат дар роҳи рушди адабиёти миллӣ, ҳифзу тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ бахшидааст. Зикр намуд, ки осори илмӣ ва пажӯҳишҳои арзишманди Ҷӯрабек Назрӣ дар самти омӯзиши адабиёти тоҷик ва шинохти амиқтари мероси фарҳангии миллат аҳаммияти бузурги назариявию амалӣ дошта, барои муҳаққиқон ва аҳли адаб ҳамчун сарчашмаи боэътимоди илмӣ хизмат мекунанд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Лутфия Абдулхолиқзода дар баромади худ иброз намуд, ки фаъолияти пурсамари илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Ҷӯрабек Назрӣ ҳамчун намунаи хизмат ба илму маърифат ва фарҳанги миллӣ арзиши баланд дорад. Қайд гардид, ки Ҷӯрабек Назрӣ дар тӯли фаъолияти худ бо таҳқиқоти арзишманд, осори мондагор ва ташаббусҳои фарҳангӣ дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи маънавии миллат саҳми назаррас гузоштааст. Осори ӯ имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқон, донишҷӯён ва ҳаводорони адабиёту фарҳанг мавриди омӯзиш қарор дошта, нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва дастрас намудани ин мероси гаронбаҳо барои ҷомеаи илмӣ ва фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Дар идома олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмиву эҷодӣ, хизматҳои шоиста ва саҳми назарраси Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илму фарҳанги тоҷик маърӯзаҳо ироа карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ бо иштироки ҳунармандон чорабинии рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО