21 Jul 2026
Submitted by Admin
29

Вақте суҳбат аз нақши адабиёт дар таҳкими истиқлоли давлатӣ меравад, табъан дар зеҳни мо ин савол пайдо мегардад, ки аслан адабиёт бо истиқлол чӣ иртиботе дорад ва он барои тақвияти истиқлол чӣ хидмате метавонад анҷом диҳад? Чун адабиёт шохае аз фарҳанг аст ва истиқлол як мафҳуми сиёсию ҳуқуқӣ. Яъне, ин ду мафҳуми муттазод чигуна метавонанд коркарди муштарак дошта бошанд?

Ин рӯзҳо дар забони васоити ахбори омма, коршиносону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун мавҳуми наве таҳти унвони “ҳувияти миллӣ” бисёр роиҷ гардидааст. Аз тамоми минбарҳо истилоҳи мазкур баланд садо медиҳад. Барои посух додан ба саволҳои болоӣ моро зарур аст, ки ибтидо мафҳуми ҳувияти миллиро таъриф ва шарҳ диҳем, он гоҳ дар партави дарки ин мафҳум аст, ки робитаи адабиёт бо истиқлоли давлатӣ ошкор хоҳад шуд.

Шеъри тоҷикии форсӣ дар тули таърих муҳимтарин абзори ҳувиятсоз ба шумор рафта, дар такмили анвои гуногуни ҳувият (нажодӣ, динӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ) таъсиргузор будааст. Гарчанде ба ин ваҷҳи созандаи шеър таваҷҷуҳи камтар зоҳир шудааст, аммо ҳар муҳаққиқе, ки ба он рӯ биёварад, нақши барҷастаи шеърро дар раванди ҳувиятсозӣ дар оинаи таърихи дурудароз мушоҳида хоҳад кард. Ҳувият на танҳо як ҳолати дарунӣ, балки роҳи баёни худ тавассути матн аст, ки огоҳии фард аз худашро сабт мекунад.

Таҳлили осори бадеӣ метавонад дар дарки хусусиятҳои хоси миллӣ, яъне, психология ва эстетикаи миллӣ саҳми арзанда гузорад. Ба ибораи дигар, тамоми комплекси адабиёт, аз ҷумла адабиёти бадеӣ, ки қисми таркибии он мебошад, таҷассуми тасвири миллии ҷаҳон аст. Рӯ овардан ба таҳлили осори бадеӣ ҷиҳати омӯзиши вижагиҳои хоси миллӣ ва зуҳуроти ҳувияти миллӣ падидаи нав набуда, бахусус дар партави рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони муосир муҳим ба назар мерасад. Масъалаи ҳувияти миллӣ дар назарияи адабиёт дар ҳоли ҳозир мавзуи асосӣ ба ҳисоб меравад. Мавзуи мазкур дар адабиёти даҳаи охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ифодаи ҷолиб, равшан ва дастраси худро пайдо кардааст. Бархурди ҷаҳонбинии намояндагони фарҳангҳои гуногун аксар вақт ба синкретизм (омезиши унсурҳои ба ҳам зид, тарзи тафаккур ё дидгоҳҳои ноҳамгун ва ағлаб носозгор дар як кулли воҳид) оварда мерасонад, ки он вобаста ба муҳити зист нодида гирифта мешавад ва ё баръакс, равшан ифода меёбад.

Ба қавли назарияпардозони соҳа, ҳувият як омили собит набуда, балки унсури тағйирёбанда ва пайваста дар ҳоли такмил аст. Инсонҳо метавонанд бо ҳувияти мухталиф зиндагӣ кунанд. Ҳувият дар маҷмуъ шаклҳои гуногун дорад: қабилаӣ, тоифаӣ, нажодӣ, динӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва ғ...Андешамандони ҳувиятшинос бо аксарияти оро ҳувияти миллиро баландтарин ва олитарин навъи ҳувият эътироф кардаанд.

Масъалаи иртиботи адабиёт бо ҳувияти миллӣ ҳамеша дар маркази диққати муҳаққиқон аст, зеро адабиёт яке аз рукнҳои ташаккулу тақвияти ҳувияти миллӣ буда, ба воситаи забон, бознамоии арзишҳои муштарак ва таъриху боварҳо, эҳсоси ҳамбастагӣ ва ифтихори миллӣ эҷод мекунад. Забон омили пайвандиҳандаи миллат ба ҳисоб меравад ва ҳувияти миллӣ бо забон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳувияти миллӣ бар асоси забони миллӣ шакл мегирад, зеро мутобиқи таҳқиқоти навини забоншиносӣ системаи шинохт, огоҳӣ ва идроки инсонӣ аз сохтори забон ҷудо нест. Аз ҷумла, Бенямин Ли Уорф (1897-1941) забоншиноси амрикоӣ аввалин касе буд, ки иртиботи миёни забон ва тафаккурро ба таври ҷиддӣ ва таҷрибӣ баррасӣ кардааст. Адабиёт бо интиқоли мероси фарҳангӣ ба наслҳои баъдӣ, бо таҳоҷуми фарҳангӣ муқобила карда, марзҳои ҳувиятиро муҳофизат намуда, ривоятҳои таърихиро барои ҳифзи якпорчагии ҷомеа муаррифӣ ва таблиғ менамояд. Адабиёт аз тариқи ривоят кардани достонҳо, устураҳо ва қаҳрамонони миллӣ, тасвир ва тасаввури муштараке дар зеҳни “мо” дар баробари “дигарон” эҷод намуда, барои тақвияти эҳсоси ҳамбастагии миллӣ кумак мекунад. Чунончи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар тули асрҳо ҳамин нақшро барои мардумони ориётабор, аз ҷумла тоҷикон, иҷро карда, таъриху арзишҳои миллии моро аз газанди фаромӯшӣ эмин нигоҳ доштааст.

Яъне, ҳувият масъалаест, ки ба саволи “кистӣ” ва “чистӣ” ҷавоб дода, монандӣ ва фарқияти як инсон аз инсони дигар ё як миллат аз миллати дигарро ошкор мекунад. Арасту файласуфи Юнони қадим гуфта буд: “Инсон як мавҷуди иҷтимоист”. Аз ин рӯ, ҳамин вижагии фитрӣ инсонро ниёзманди ҳамкорӣ барои рафъи ниёзҳо, омӯзиш ва такомули руҳӣ мекунад. Ба қавли андешамандон иҷтимоӣ ҳастии инсон як интихоб нест, балки як зарурати ҳаётист.

Қобили зиккр аст, кки баъд аз суқути давлати Сомониён масъалаи ҳувияти муииллӣ дар адабиёт ончунон инъикос пайдо накард, чунончӣ ин мавзуи муҳим дар шеъри Рӯдакию ҳамасрони ӯ ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба таври возеҳ баён гардидааст. Ба ибораи дигар, масъалаи ҳувияти миллӣ баъд аз суқути давлати Сомониён аз адабиёти форсии тоҷикӣ тақрибан ҳазф гардид.

Танҳо баъд аз вуқуи Инқилоб ва зарурати таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ Садриддин Айнӣ бо дарки аҳаммияти масъалаи мазкур мавзуи ҳувияти миллиро дар тамоми анвои осораш ба таври фаровон ба кор мегирад. Аз ин манзар, метавон шеъри “Овози тоҷик”-и ӯро сароғози ҳувияти нави халқи тоҷик дар адабиёт қабул кард, зеро барои аввалин бор вожаи “тоҷик” бо мафҳуми нави худ дар шеъри Айнӣ инъикос пайдо кардааст:

Ба парда то ба чандин рози тоҷик

Биё, биншин, шунав овози тоҷик.

Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ

Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.

Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда

Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.

Яқин донӣ, ки анҷомаш бахайр аст,

Ба ёд орӣ агар оғози тоҷик.

Аз ин марҳала ба баъд Садриддин Айнӣ бо як ҳувияти комилан ҷадид, равшану мукаммал вориди адабиёт гардида, дар тамоми осораш аз ҳувияти миллии хеш ҳимоят кардааст. Устод Айнӣ дар ашъори худ ба сароҳат зикр кардааст, ки ин ҳувияти ҷадид маҳз бо баракати инқилоб барои тоҷик муаяссар гардидааст:

Як гулистонест, инро инқилоб обод кард,

Инқилоб инро зи чанголи ситам озод кард,

Инқилоб инро ба дасти оҳанин бунёд кард,

Инқилоб инро ба як мазмуни нав эҷод кард.

Ин фармудаи устод Айнӣ аҳаммияти таърихӣ дорад, на ҷанбаи тавсифӣ. Ӯ ба воқеияте ишора кардааст, ки дар тули ҳазорон сол ба боди фаромӯшӣ рафта буд:

Ҷомаи нав надида буд тани мо,

Бӯриё буд палосу маскани мо.

Хонамон танг, гӯри бедар буд,

Санг болину хок бистар буд.

Нағмаи ранҷ буд таронаи мо,

Қиссаи марг буд фасонаи мо.

Нолаву оҳи мо надошт асар,

Шоми торики мо надошт саҳар.

Садриддин Айнӣ бар ин бовар буд, ки пас аз фурупошии давлати Сомониён тоҷикҳо истиқлоли миллии хешро низ аз даст дода, дар асрҳои баъдӣ ном ва таъриху тамаддунашон ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки бар асари ҷабри таърих як халқи соҳибтамаддун бо мурури замон аз ёдҳо фаромӯш гардида, номаш ҷуз дар луғатномаҳо боқӣ намемонад:

Рафта-рафта ба қарнҳои ахир

Шуд тамоман сиёҳбахту асир.

Монд бе шаъну илму истиқлол,

Ҳар ҳуқуқе ки дошт, шуд помол.

Кас набудӣ ба ҳеч айёме,

Ҷуз китоби луғат зи мо номе.

Акнун дар осори Айнӣ истилоҳи “Тоҷик” ҳамчун халқи аз назари забон ва фарҳангу тамаддун фарқкунанда бо дигар халқиятҳо ба таври густурда истифода мешавад. Аз ин ба баъд, дар шеъри Айнӣ дигар унсурҳои ҳувиятсоз, ба монанди сарзамин, ҷуғрофиё, тоҷику Тоҷикистон, номи кӯҳу дарёҳо, қаҳрамонони миллӣ ва ҷашну маросимҳо бе тарсу ҳарос таблиғ мешаванд:

Инқилоб омаду дигаргун кард,

Мурдагонро зи гӯр берун кард,

Яъне, ин халқро, ки беҷон буд,

Руҳ доду ба як миён ғун кард.

Яъне, ба эътирофи устод Садриддин Айнӣ ҳувияти нави тоҷик маҳз дар асри ХХ дар қолаби “халқи мустақил” дубора шакл гирифтааст.

Назарияпардозони ҳувият бар ин бовар ҳастанд, ки ҳувият аз тариқи ниҳодсозӣ ташаккул меёбад ва устод Айнӣ низ таъсиси Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттифоқи Советӣ аз муҳимтарин авомили шаклгирии ҳувияти нави тоҷикон донистааст:

Мо кунун соҳиби ватан шудаем,

Соҳиби бахти хештан шудаем.

Бо Ватан мо шудем ҷону бадан,

Ватан аз мо бузургу мо зи Ватан.

Ҳар кас онро азиз медорад,

Дар раҳаш ҷони хеш биспорад.

Ба ҳамин тартиб, муайян гардид, ки Садриддин Айнӣ дар эҳё ва ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар ибтидои асри ХХ нақши асосӣ бозидааст. Ӯ бо осори ватандӯстона, нигориши асарҳои таърихӣ ва мубориза барои ҳифзи асолати забон ва тарғиби фарҳанги ниёгон барои эҳёи ҳувияти нави иҷтимоӣ талош кардааст. Устод Бозор Собир маҳз бо ишора ба ҳамин ҷанбаи осор ва фаъолияти устод Айнӣ хидматҳои мондагори ӯро ин гуна ситоиш кардааст:

Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,

Чун китоби куҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.

Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,

Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.

Беҳрӯзи Забеҳулло, н.и.ф., мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО