22 Jul 2026
Submitted by Admin
30

22 июли соли 2026 дар толори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳизб, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026, тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои нимсолаи дуюми соли 2026, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома - раванди татбиқи қарори Маҷлиси Кумитаи Марказӣ аз 17 июли соли 2025, №1 “Оид ба вусъат бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ҳизбиро мавриди таҳлил қарор дод.

Мавсуф таъкид дошт, ки Кумитаи иҷроияи марказӣ ва тамоми сохторҳои маҳаллии ҳизб дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказӣ 17 июли соли 2025 баён дошта буданд, фаъолияти хешро вусъат бахшида, бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла робитаро бо мардум тақвият бахшиданд. Дар ин бахш кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пайваста мулоқоту вохуриҳо доир намуда, баҳри иҷрои масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа талош менамоянд. ҲХДТ ҳамеша талош менамояд, ки масъулияти шаҳрвандиро тақвият бахшида, мардумро дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷалб намояд. Ба ибораи Пешвои миллат «Ҳар як фарди љомеа эњсос намояд, ки ў низ иштирокчии давлатдорї аст ва дар раванди давлатсозиву давлатдорї ва ватансозиву ватандорї масъулият дорад». Ин таъкиди Пешвои миллат дар таваҷҷуҳи ҳамаи мо ҳизбиён қарор дорад. Фаъолияти мо дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳо роҳбари хирадсолори ҳизб, иҷрои натиҷабахши барномаҳои ҳизбӣ руз аз тавсеа ёфта, фарогири ҳарчи бештари қишрҳои ҷомеа гардида истодааст. Дар ин бахш дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори бахши идеологӣ, маориф, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, танзими ҷашну маросим фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар деҳот ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври доимӣ ва фарогир амалӣ намуда истодаем. Аз ҷумла давоми нимсолаи сипаригардида ҳизби мо ва сохторњои маҳаллии он фаъолияти худро дар самти пешгирӣ аз шомилшавии мардум, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти тақвият бахшиданд.

Аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Хушвахтзода Қобилҷон вобаста ба вусъат бахшидани фаъолияти ҲХДТ дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» баромад намуда, таъкид доштанд, ки ташабуси ҷаҳонии Пешвои миллат барои кулли мардуми сайёра арзиш ва аҳамият дорад. Зеро сулҳ на фақат як мафҳуми хос барои улуми ҷомеашиносӣ, балки ормонест, ки барои ҳар як сокини сайёра азизу муқаддас аст. Сулҳ заминаи шукуфоию пешрафт дар муқобили нестиву вайронкориҳост.

Сипас, муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода вобаста ба масъалаҳои баррасишуда суханронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои босифати нақшаҳои тасдиқшуда, татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ, ташкили доду гирифти иттилоот ва ҳуҷҷатгузорӣ дар шакли электронӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар фарҷоми маҷлис аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷрои босамари онҳо ба сохторҳои ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО